АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ МИНТАҚАВИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

290

12 сентябри соли 2023 дар факултети муносибатҳои байналхалқӣДМТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Аҳамияти ташаббусҳои минтақавии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ” доир гардид.

Мақсади баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии “Аҳамияти ташаббусҳои минтақавии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ” инъикоси хусусияти равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, хислати сиёсати минтақавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Дар кори конференсияи донишмандон ва коршиносони факултет, ДМТ, Анҷумони сиёсатшиносони Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсияи ҳайати устодони ҷавон, докторанту магистрантон ва донишҷӯёни факултет ба таври фаъолона иштирок намуданд.

Маърӯзачиёни асосии конференсия С.Х. Ҷаъфаров- н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, Баротзода Файзулло- Раиси комиссия оид ба одоби вакилони ММ МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров – н.и.ф., Раиси Анҷумони сиёсатшиносони Тоҷикистон, Х.Д. Самиев – н.и.т., дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, А.Н. Шарипов- н.и.т., дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, Ф.М. Розиқов – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, М.А. Олимов – д.и.т., профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, А.М. Мамадазимов- н.и.с., дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷӣ буданд.

Дар раванди конференсияи асосан самтҳои минтақавии сиёсати хориҷии Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ташаббусҳои сарвари давлат ҷиҳати рушди ҳамҷаворӣ ва таъмини манфиатбории мутақобилаи давлатҳо таҳлил гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дастовард ва дурнамои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Арабии халиҷ, Заминаҳои сиёсати хориҷии Пешвои миллат дар солҳои аввали истиқлол, нақши Пешвои миллат дар устуворсозии рукунҳои давлатдории миллӣ, самти минтақавии сиёсати хориҷии Пешвои миллат, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар замони истиқлолият, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Хусусияти хоси ташаккул ва тақвияти “Сиёсати шарқиёнаи” Пешвои миллат баррасӣ гардиданд.