Натиҷагири аз муаррифии «Дастурамали методӣ оид ба гузаронидани ташхиси диншиносӣ ва экспертизаи комплексии судии равоншиносӣ ва забоншиносӣ дар Тоҷикистон»

699

25 декабри соли 2021 муаррифии «Дастурамали методӣ оид ба гузаронидани ташхиси диншиносӣ ва экспертизаи комплексии судии равоншиносӣ ва забоншиносӣ дар Тоҷикистон» дар Маркази коршиносиву таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффақият баргузор гардид.

Шарикони чорабинӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Таҳлил» буданд. Барои ташкил ва баргузор намудани чорабинии мазкур Намояндагии корпоратсияи ғайридавлатии “Ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак” (Search for Common Ground) мусоидат намуд.

Дар чорабинии мазкур дар баробари намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёну магистрони ихтисоси сиёсати берунӣ ва дипломатия, муносибатҳои байналхалқӣ ва аъзоёни фаъоли Клуби дипломатҳои ҷавон ширкат намуданд.

Бо сухани ифтитоҳи Мавлонов Абдураҳмон сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кенешбек Сайназаров директори барномаҳои Осиёимарказии Корпоратсияи байналмилалии ғайритиҷоратии “Ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак” (SFCG), Самиев Холаҳмад декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва директори ТҶ «Таҳлил» дар назди иштирокчиён баромад намуданд.

Доир ба рӯнамоии Дастурамали мазкур Юнусзода Бахтиёр, мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Аҳамияти дастурамали методӣ барои пешбурди ташхиси диншиносӣ”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шосаидзода Шаҳбоз дар мавзӯи “Экспертизаи комплексии судии психологӣ-лингвистӣ”, Азизӣ Рустам, номазади илмҳои фалсафа, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба “Методология ва равиши гузаронидани ташхиси диншиносӣ” ва Юсуфзода Акмал, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Аҳамияти ташхис дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Дар қисмати музокиравӣ оид ба таҳрир ва такмили Дастурамал фикру андешаҳо ва тавсияву пешниҳодҳо иброз гардиданд. Таклиф гардид, ки баъди ворид намудани таклифу пешниҳодҳо Дастурамали мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва татбиқи амалии он пешниҳод гардад.