Низоъҳои сарҳадӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ

381

                                          

Санаи 30 октябри соли 2021 дар асоси нақша чорабиниҳои кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи гирди маҳфили ҶИД “Минтақашинос” дар мавзӯи «Низоъҳои сарҳадӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ», бахшида ба “Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ибтидои маҳфил мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ н.и.т, дотсент Розиқов Ф.М, баромад намуда оид ба фаъолияти илмии кафедра суханронӣ намуда ба раванди маҳфил барор орзӯ намуд. Сипас, ахбороти роҳбари маҳфил, н.и.т, Шарипов С.С., оид ба пурсамарии фаъолияти маҳфил, инчунин фаъолияти маҳфил дар моҳҳои оянда шунида шуд. Ӯ иброз намуд, ки донишҷӯён бояд дар самти омодагӣ оид ба мавзуъҳои муайяншуда дар асоси нақшаи маҳфил фаъол бошанд. Иштироки фаъоли онҳо дар маҳфил ба боло рафтани маҳорату малакаи касбӣ ва суханварии шогирдон мусоидат менамояд.

Дар рафти маҳфил д.и.т., профессори кафедраи  минтақашиносии хориҷӣ Олимов М.А., оид ба мушкилоти сарҳадии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мушкилоти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баромад намуда, бо далелҳои мустаҳкам таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

Дар рафти маҳфил, инчунин устодон, н.и.с., дотсент Мамадазимов А. М., ассистент Ёров Ш.Н, магистрҳо, донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм ва 4-ум иштирок намуда, дар натиҷа оид ба масъалаҳои мухталифи мушкилоти сарҳадӣ бо устодон саволу ҷавоб намуданд.

Таъкид гардид, ки чунин мизҳои гирд ба таври мунтазам доир мегарданд, ва дар оянда низ ба беҳтар намудани сатҳу сифати гузаронидани онҳо талошҳо ба харҷ дода мешавад.