Дастоварди илмӣ

467

Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №7, (фармоиши № 270/ди. аз 04.10.2021) ба Шарипов Сайҳомид Сафармадович ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих дода шуд.

Бояд таъкид намуд, ки Шарипов Сайҳомид Сафармадович, санаи 16 апрели соли 2021 зери роҳбарии н.и.т, дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Амриддин Нуриддинвич рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Хусусиятҳои хоси рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ибтидои асри XXI (солҳои 2001-2016)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.15 – Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) дифоъ намуд.

Аҳли устодон ва кормандони факултет Шарипов Сайҳомид Сафаровичро барои ноил шудан ба дараҷаи илмӣ (номзади илмҳои таърих) табрик намуда дар фаъолияти илмии минбаъдааш муваффақиятҳо таманно доранд.