Вохӯрии судманд бо кормандони Шуъбаи тарбияи донишгоҳ

403

Оре, маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро созанда бошанд. (Эмомалӣ Раҳмон)

Санаи 13-10-2021 дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ вохурии кормандони шуъбаи  тарбияи донишгоҳ, мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ, раиси шӯрои сарпарастони донишгоҳ Ашуров И.Ҷ ва мутахассиси шуъбаи тарбия Хоҷаев Д. бо устодон ва  кормандони факултети муносибатҳои байналхалқӣ  баргузор гардид. Бояд қайд намуд ки ин вохурӣ дар  асоси нақша чорабиниҳои шуъбаи тарбияи Донишгоҳ бо кармандону устодони донишгоҳ баргузор гардид. Сароғоз декани факултет муҳтарам Самиев Х.Д ҳозиринро шодбош намуда, қайд намуданд,  ки  коллективи устодони факултет дар бораи тарбияи ҷавонон бетараф набуда ҳамаи онҳо дар ин самт масъулияти баланд дошта, дар ин раванд саҳмгузоран. Дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ   26-гуруҳи академӣ мавҷуд аст ки  ҳамаи онҳо бо сарпарастон таъмин буда соатҳои тарбиявӣ дар вақти муайянгардида аз ҷониби сарпарастон бо як масъулияти баланд гузаронида мешавад. Ҳамчунон қайд гардид ки барои он ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем, сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас амали намоем.  

Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Саидов Ҳ баромад намуда чунин қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштаанд, ки роҳу усули самараноки амалӣ намудани онҳо дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №94 аз 3 – юми марти соли 2006 дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардуми давлатҳои дунё вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад, ҷавон солимфикр ба воя мерасад, агар ҷавон дар муҳити сузанда ба воя расад, пас аз ӯ умеди созандагӣ намудан душвор аст.

Раиси шӯрои сарпарастони донишгоҳ Ашуров И.Ҷ  дар суханронии хеш қайд намуданд, ки аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад, ки бо Афғонистон, Хитой, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад аст. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда намояд. Махсусан дар шароити кунунии вазъи минтақавӣ бо назардошти масъалаи Афғонистон ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз ҳарвақта дида бештар дарк кунанд. Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлолият ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама, боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист ба ҷомеа, хосса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ҷумла, ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт. Бархе ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин, иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сади роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст. Қайд гардид ки кормандони шуъбаи тарбияи дар ҳамбастагӣ бо устодон ва кормандони донишгоҳ махсусан сарпарастон ҳамеша кушиш менамоянд то назоратро барои пурзур намудани раванди тарбия дар донишгоҳ ва факултет ба роҳ монанд.

Мутахассиси шуъбаи тарбияи донишгоҳ Хоҷаев Д дар баромади худ дарҷ намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Дар охир садорати факултет, мудирони кафедра, муовинони декан барои баргузор намудани чунин вохурии муфид ва саривақтӣ бо аҳли устодон ва кормандони факултет ба кормандони шуъбаи тарбияи донишгоҳ  изҳори сипосу миннатдори намуда дар фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбиҳоро таманно намуданд.

Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия, тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимод умед баст.