Гузориш аз семинари ҷумҳуриявии илмиву назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмин ва ҳифзи субот дар паҳнои Авруосиё”

500

Санаи 29 сентябри соли 2021 дар кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,  семинари чумҳуриявии илмиву назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмин ва ҳифзи субот дар паҳнои Авруосиё” (бахшида ба 20 солагии таъсиси СҲШ), баргузор гардид. Чорабинии мазкур махсус ба Рӯзи кормандони хидмати дипломатии тоҷик, ки ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешавад, ташкил карда шуд. Бо суханҳои ифтитоҳи декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ дотсент Самиев Х.Д., профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ Мирзоев Н.М. баромад намуда ҳозиринро бо силсилаи ҷашнҳои муҳими касбиву давлатӣ -30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи корманди хидмати дипломатӣ, 10-солагии таъсисёбии факултети муносибатҳои байналхалқӣ,  20 солагии Созмони Ҳакории Шанхай ва ғайра табрику таҳният намуда оид ба дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, ки аввалин даргоҳи тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои мухталифи равобити байналмилал дар Ҷумҳурӣ мебошад, изҳори андеша намуданд. Дар семинар мудирони кафедраҳои тахассусӣ Салимов Ф.Н., Розиқов Ф.М., профессорони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Латифов Ҷ.Л., Муҳаммадзода П.А., дотсентон Шарипов А.Н., Ризоён Ш., устодони кафедраҳои тахассусӣ (муносибатҳои байналхалқӣ) Басиров Б.С., Мирзоев Ҳ.Т., ходимони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Раҳмонов М. ва Соҳиби Б. бо маърузаҳо оид ба масоили мухталифи мавзӯи мавриди таваҷҷуҳ баромад намуданд. Дар қисми ҷамъбастии семинар, муҳокима, баррасӣ ва андешаҳои иштирокчиёни он оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои мавзуи баррасишаванда, сенарияҳои ташаккули вазъият, динамикаи таҳаввули таҳдидҳои суннатӣ ва ғайрисуннатӣ, вазъи Афғонистон ва ғайраҳо иброз гардиданд.