Аз соли 2016 инҷониб 29 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯзи соли 1993 аввалин маротиба дар таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд, ки ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии мамлакат, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад.
Дар ҳошияи иди касбии кормандони хизмати дипломатӣ номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амриддин ШАРИФОВ доир ба раванди ташаккули хизмати дипломатӣ дар Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:
— Анъанаҳои давлатдорӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатия, тартиби фиристодани расул, таҷрибаи сулҳ ва миёнаравӣ ҳамоҳанги таърихи ташаккули халқи тоҷик буданд. Вале бунёди хадамоти дипломатӣ ҳамчун инъикоси механизми татбиқи ҳадафҳои миллии тоҷикон, инъикоси мустақилияти сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити рушди дохилӣ танҳо бо касби Истиқлоли давлатӣ ба даст омад. Новобаста аз бунёди Комиссариати халқии корҳои хориҷӣ дар соли 1944, давраи рукуд (1946-1989), эҳёи нисбӣ ва табдили он ба вазорати мустақил (1989-1991) ташаккули хадамоти дипломатии тоҷик танҳо ва танҳо дар замони истиқлол ба маънои томи он сурат гирифтааст.
Гарчанде қисмати зиёди он чи имрӯз дар фаъолияти сиёсии хориҷӣ дар бобати омода ва тарбия кардани кадрҳои арзандаи дипломатӣ ҷой дорад, қабл аз ин вуҷуд надошт ё ба ин тарз ба мисли замони истиқлоли давлатӣ барҷастаю пурмӯҳтаво таҷассум пайдо намекард, таърихи дипломатияи кишвар сармояи сиёсӣ ва маънавиест, ки метавонад ва бояд судбахш бошад. Ин на танҳо қарзи маънавии мо назди наслҳои пешини дипломатҳои тоҷик, балки унсури муҳими ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистони муосир аст.
Вале бояд дар назар дошт, ки дар раванди ташаккули сиёсати хориҷӣ мақомоти мазкур мушкилоти муайянро сипарӣ намуда, марҳилаи буҳрониро таҳаммул кардааст.
Дар оғози давраи мустақилият кишвари мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, бо мушкилиҳои зиёди таҳия, тадвин ва татбиқи сиёсати хориҷӣ рӯ ба рӯ гаштем. Бо ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон самти дақиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян гардида, Ҳукумати кишвар дар татбиқи он талошҳои зиёд намуд.
Муваффақияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик, пеш аз ҳама, аз маҳорати барномарезӣ ва дурандешии сарвари он, анъанаҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангию маънавӣ ва касбияти кормандони хадамоти дипломатӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар муваффақияти дипломатияи тоҷик хиради азалии Президенти кишвар, самтҳои дурусти муайяннамудаи сиёсати хориҷӣ ва садоқату касбияти кормандони соҳа мусоидат намуданд.
Тоҷикистон сиёсати хориҷии хосеро пеша намудааст, ки он расман аз 31 декабри соли 2002 номи сиёсати «дарҳои кушод»-ро гирифт. Дар сиёсати хориҷии мо арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва суннатии халқи тоҷик, яъне дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ инъикоси худро ёфтааст, ки аз миллати қадима ва тамаддунофар будани тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Дар як тавраи аз лиҳози таърихӣ кӯтоҳ сиёсати хориҷӣ ва хадамоти дипломатии тоҷик марҳилаҳои муайянеро паси сар намудааст:
— Давраи нисбии рушди сиёсати хориҷӣ, ки аз оғози истиқлолият то соли 2002 ҷараён гирифтааст;
— Марҳилаи рушди сиёсати хориҷӣ, ки аз соли 2002 то соли 2014-ро дар бар мегирад;
— Марҳилаи таҳаввули сиёсати хориҷӣ, ки аз соли 2014 оғоз мегардад.
Ҳар як марҳила дорои хусусиятҳои хос буда, бинобар заруратҳои таърихии ташаккул ва рушди давлати тоҷикон дар шароити мураккаби таърихӣ амалӣ гаштаанд.
Имрӯз дипломатияи тоҷик бо дастовардҳои худ дар гӯшаву канори олам маъруф аст. Таъкиди ҷанбаҳои асосии он боиси ифтихор ва қаноатмандии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад:
— истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 179 кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ;
— эътирофи расмии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби 151 кишвари сайёра;
— узвият дар 51 созмони бонуфузи байналхалқию минтақавӣ;
— имзои 1200 созишномаҳои дуҷониба бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ;
— узвият ба 600 эъломияҳои байналхалқӣ;
— мубодилаи молу маҳсулот бо 100 кишвари ҷаҳонӣ;
— дастовардҳо дар самти пешниҳоди ташаббусҳои байналхалқӣ (ба хусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи он ва табдили он ба омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ);
— раёсати сарвари давлат дар ҷаласаи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ;
— пешниҳоди формулаи сулҳ ва ғайра.
Барои таъмини ҳадафҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолият ва муваффақият дар ҷодаи хизмати дипломатӣ донистани арзишҳои ватандӯстӣ, номус, донишу малака ва муқаррароти соҳа зарур мебошад. Хадамоти касбиву корозмуда ва муназзами дипломатӣ – шарти муҳимтарини ҳалли муваффақонаи вазифаву масъалаҳои стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Самти дипломатияи тоҷик аз муаррифии кишвар дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасли масоили мубрами умумиҷаҳонӣ, истифодаи муваффақи василаҳои муосири дипломатия (дипломатияи иқтисодӣ, фарҳангӣ) ва дар маҷмуъ, истифодаи дипломатияи нарм таҳаввул ёфтааст, ки далели ташаккули тадриҷии сиёсати хориҷӣ ва хадамоти дипломатии тоҷик мебошад.
Дар шароити афзоиши ҳаҷм ва суръати вазифаҳои тавассути дипломатия иҷрошаванда аз кормандони идораи сиёсати хориҷӣ тақозо мешавад, ки онҳо на танҳо дорои кордонии боло ва салоҳиятдор дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ бошанд, балки мавқеияти фаъоли ҳаётиро ишғол намоянд, донишҳои андӯхтаро самарабахш истифода намоянд, барои манфиати ватан тасмимҳои эҷодкоронаву зарурӣ гиранд.
Имрӯз барои азхудкунии нозукиҳои соҳа ва ташаккули шахсияти сазовори халқу миллат тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Яке аз боргоҳҳои татбиқи ҳадафҳои наҷиби ҷавонон – факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Омӯзиши махсусияти хизмати дипломатӣ аз устодони соҳа, баргузории дарсҳои амалӣ-назариявӣ аз ҷониби дипломатҳои касбӣ ва собиқадорони соҳа, навиштани корҳои таҳлилӣ, муҳокимаи масоили мубрам ба тавсеаи ҷаҳонбинии намояндагони ояндаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.