Кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, санаи 6-уми октябри соли 2021 Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – назариявиро дар мавзӯи «Омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлатӣ дар ибтидои асри XXI» баргузор менамояд.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани конфронси мазкур дар кори он олимон ва мутахассисон аз макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони идораву муассисаҳои давлатӣ даъват карда мешаванд.
Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, шаҳраки донишҷӯён, бинои № 11, факултети муносибатҳои байналхалқӣ.
Зимни баргузории конфронс таҳлилу баррасии масъалаҳои зерин дар назар аст:
- Зарурати рушди равобити минтақавӣ дар ибтидои ҳазораи нав;
- Таҳлили самаранокии омили минтақавӣ дар сиёсат ва робитаҳои байнидавлати кишварҳо дар ибтидои асри XXI;
- Мушкилоти минтақагароӣ: аз назария то амалия;
- Нақши қудратҳо дар таҳкими равобити минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: мушкилот ва дурнамо;
- Самти минтақавии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамои рушд.
Талаботи пешниҳоди маърӯзаҳо дар шакли мақола:
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳриршуда ва ба талаботитехникии зерин ҷавобгӯ бошанд:
- саҳифаи андозааш А4, шакли китобӣ, ҳошияҳо аз чор тараф – 20 мм;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman TJ бо андозаи 14;
- сатри якум – ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор, баробаркунии матн аз тарафи рост;
- сатри дуюм – номи мақола БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробарии матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм – матни асосӣ дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ гардида, фосилаи байнисатрӣ 1,5 баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз ибораи “Адабиёти истифодашуда” оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад. Ҳуруфи оддӣ, андозаи 12, фосилаи воҳидӣ;
- ишора ба адабиёти истифодашуда ҳатмӣ буда [2,45] омода карда мешавад, дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
- ҳаҷми матни мақола 5-8 саҳифа (бо расм, ҷадвал ва рӯйхати адабиёти истифодашуда);
- ҳамаи маърӯзаҳои конфронс, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) гарданд ва дорои аннотатсия ва калидвожаҳо бошанд. Маъруза ба забони тоҷикӣ ва русӣ қабул карда мешавад.
Забонҳои конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.
Дархост барои иштирок ва матни мақолаҳо бояд то 27.09.2021 ба почтаи электронии fr_tj@mail.ru ё sayhomid.tj.93@mail.ru ирсол карда шавад.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конфронс ба кумитаи тадорукот бо рақамҳои 918685636, 985485846 муроҷиат намоянд.
Кумитаи тадорукот