Ғолибони озмуни «навовари беҳтарин»

442

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 Озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёну олимони ҷавон таҳти унвони «Навовари беҳтарин» баргузор гардид. Дар озмун намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дирӯз ғолибони озмун муайян ва бо диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Маҳноза Кабирова – донишҷӯи факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва Муҳаммад Тоиров – донишҷӯи факултети журналистика бо роҳбарии муаллимаи факултети механикаю математика Одинаева С. дар озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм, дипломи дараҷаи III ва мукофотпулӣ гардиданд.