20-соли Созмони Ҳамкории Шанхай: нигоҳе ба таърихи дирӯзу рушди имрӯзи он

1904

Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли ҷорӣ 20-умин солгарди таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Новобаста аз он, ки Созмони мазкур ҷавон аст, дар ин бист соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта босуръат рушд кунад.

          Таърихи ташаккули Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба солҳои 90-уми асри ХХ бар мегардад, вақте ки муаммои ҳалли масъалаҳои сарҳади байни собиқ давлатҳои Шуравӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш омаданд барои ҳалли он фармати “Паҷгонаи Шанхай” ташкил ёфт . Соли 2001 роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Шанхай ҷамъ омадаанд ва аз таъсиси як ниҳоди нави байналмилалӣ хабар доданд. Дар тӯли 20 соли фаъолият бо саъю кӯшишҳои роҳбарони кишварҳои аъзо Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба яке аз муътабартарин Созмон табдил ёфта, дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи минтақавӣ нақши калиди дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҳамчун ҷавҳари равобити байналмилалӣ маҳсуб меёбад, тавонистааст муносибатҳои нек ва ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ  монад.

                                           Панҷгонаи Шанхай

Оғози рушди саҳифаи нави ҳамкориҳои минтақавӣ ба моҳи апрели соли 1996 рост меояд, ки аввалин ҷаласаи солонаи роҳбарони Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Шанхай оғоз гардид, ки дар таърих бо номи “Панҷгонаи Шанхай” маълум аст. Дар ибтидо, рӯзномаи ин ҷаласаҳо танҳо бо доираи танги масъалаҳои сарҳадӣ маҳдуд буд. Ҳангоми бомуваффақият ҳалли онҳо, доираи мавзӯъҳои дар ҷаласаҳо баррасишуда васеъ гардиданд. Раванди оғозшудаи гуфтушунидҳо на танҳо ба истифодаи формати нави муколамаи бисёрҷониба оғоз бахшид, балки дар асл низоми нави ҳамкориҳои минтақавиро ба вуҷуд овард. Дар миқёси ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани созмоне, амсоли Созмони ҳамкории Шанхай, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи Шарқи ҷаҳон мусоидат намуда, дар фазои стратегию геополитикии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар натиҷаи фаъолияти босамари “Панҷгонаи Шанхай” дар ин минтақаи Авруосиё эътимод ва эҳтироми тарафйн афзуда ба рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба заминаҳои мусоид гузошта шуд. Ҳамаи аъзоҳои “Панҷгонаи Шанхай” дар таъмини амнияти минтақавӣ мавқеи ягона дошта, истифодаи силоҳро дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта тарафдори намекарданд. Баъди пайваст шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин созмон «Панҷгонаи Шанхай» ба «Шашгонаи Шанхай» табдил ёфт. Масъалаи табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳангоми мулоқоти саронидавлатҳо (5 июли соли 2000) дар шаҳри Душанбе ба миён гузошта шуд. Дертар дар Шӯрои сарони давлатҳои аъзо, 15 июни соли 2001, Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ташкил шуд. 

                                      Созмони ҳамкории Шанхай

          Созмони ҳамкории Шанхай созмони байниҳукуматии доимамалкунанда буда  15 июни соли 2001 Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расонида шуд. Қароргоҳи доимии Созмон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин мустақар буда, забонҳои расмию кориаш русиву чинӣ мебошанд. Шӯрои сарони давлатҳо дар сохтори Созмони мазкур нақши калидиро бозида самтҳои фаъолияти Созмони мазкурро муайян мекунад. Шӯрои Сарони ҳукуматҳову Вазирони корҳои хориҷӣ низ дар татбиқ  ва амалигардии сиёсатҳои вобаста ба СҲШ нақши муҳим доранд. Ҳамчунин Котиботи Созмони мазкур доимамалкунанда буда роҳбариашро Котиби генералӣ ба зимма дорад. Мутобиқи Оинномаи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз ҷониби давлатҳои аъзо қабул шудааст, вазифаҳои асосии ин Созмон чунин аст:  

– мусоидат барои рушди муносибатҳои тарафайни дустона байни кишварњои узв;

– густариши хамкорихои гуногунҷабха бо максади дастгирии сулх, амният минтака;

– муборизаи якчоя алайхи хама гуна зухуроти номатлуб аз қабили терроризм, људоихоњї ва эксиремизм;

– муборизаи дастаҷамъона алайњи ќочоќи маводи мухаддир ва ярок, дигар навъҳои фаъолияти фаромиллї ва ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ;

– хавасмандгардонии хамкорихои минтакавии босамари сиёси, иқтисодӣ, мудофиавӣ, фархангӣ, илми-техники, энергетики, наклиёти, карзї-молиявӣ ва дигар соҳаҳо;

– мусоидат ба рушди иқтисоди ҳаматарафа, инкишофи минтака тавассути фаъолияти якчоя дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо максади баланд бардоштани сатҳ ва шароити зисти мардумони давлатњои аъзо;

– мавзунгардонии муносибатҳо дар рафти њамгарої ба иктисодиёти чахонӣ;

– мусоидат ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мувофиқи ухдадориҳои қонунгузории миллии давлат-аъзоён;

– дастгири ва густариши равобит бо дигар созмонхои байналхалки ва кишварҳои хориҷӣ;

– ҳамкориҳо дар пешгирии низоъҳои минтақавию байналхалки ва ҳалли муъфммрҳои ҷойдошта;

– љустуљуи муштараки роњњои халли масоиле, ки дар асри XXI пайдо мешаванд.

Дар як муддати кӯтоњ СҲШ тавонист, ки аз як сохтори машваратӣ ба тадриҷ ба созмони бонуфузи минтақавӣ табдил ёбад ва ба худ вазифаи кафили сулҳу субот дар минтақаи Осиёро касб намояд. Давлатҳои аъзо тарафдори рушди созмони мазкур мебошанд ва ҳамчунин давлатњои узви СҲШ манфиатдор ба ҳифзи суботи минтақавӣ ва дохили кишварҳои хеш ҳастанд. Бинобар ин, ҳамаи давлатҳои аъзо манфиатдори ҳамкориҳои зич алайҳи таҳдидҳои амниятӣ ба минтақа мебошанд.

Алҳол созмон дорои ҳашт давлати аъзо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, чаҳор давлати нозир: Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ: Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка мебошад.

СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии кураи Заминро ташкил медиҳад.

Аз замони узвият дар созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди назаррасеро ба сомон расонидааст. Аз ҷумла, раёсати Шӯрои сарварони давлатҳои Созмонро дар солҳои 2008 ва 2014 ба уҳда дошта, дар баробари ин, солҳои 2006 – 2010 ва 2018 раёсати Шӯрои сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд. Соли равон, ки аз таъсис ёфтани Созмони ҳамкориҳои Шанхай 20 сол пур мешавад, мутобиқи муқаррароти иҷлосияи ҷашнии сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай соли 2021 – ум дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва раёсати Шӯрои сарварони давлатҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. Ҳанӯз дар соҳои аввали ташкилёбии ин Созмон яке аз аввалин Котиби генералии он  ҷаноби Чжан Дэгуаки дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон дар он  хусис, ки оё 10 солагии ин Созмон ҷашн мегирифта бошанд?, бо бовари чунин посух додааст: “20 солагӣ, 50 солагӣ ва ҳатто 100 солагии ин созмон ҷашн гирифта хоҳад шуд” [3]. Дар тўли солҳои арзи ҳастӣ намудани Созмон 26 ҷаласаи Сарони давлатҳои аъзо (1 ҷаласа-11 ноябри соли 2020 тариқи видеоконференсия баргузор шуд) доир гардид, ки дар онҳо умдатарин масоили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳими вазъи кунунии минтақаву ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

                  Мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сеператизм

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай ин муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳои муосири амниятӣ аз қабили терроризму экстремизм ва сеператизм дар минтақа мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеа ва аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб дар минтақа, аз ҷумла терроризму экстремизм ҳамчун масъалаи нигаронкунандаи башарият дар доираи ташаббусҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди таҳлилу баррасии бештар қарор мегиранд. Дар робита ба пешгирии ҳамлаҳои террористӣ ва ҳамоҳансозии амалиёту сиёсатҳо дар байни аъзоёни Созмон Форумҳо баргузор карда мешаванд. Ҳамингуна Форум дар шаҳри Душанбе низ соли 2016 баргузор гардида буд. Форуми Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, на танҳо барои кишварҳои узви СҲШ, балки ба тамоми минтақа як рӯйдоди муҳими сиёсию таҳлилӣ мебошад. Вазифа ва ҳадафи он таҳлили амиқи самтҳои асосии фаъолияти ниҳоди мазкур, пешбинии масъалаҳо, имкониятҳои рушди созмон ва таъмини фаъолияти он мебошад. Дар ҳашт ҷаласаи ҳамоиши Душанбе, ки тайи ду рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, масъалаҳои муҳим, аз қабили нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар мубориза бо таҳдидҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизми динӣ, дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи кишварҳои созмон, масъалаҳои истифодаи оқилонаи обу энергетика дар минтақа, рушди ҳамкорӣ дар бахши нақлиёту коммуникатсия, ояндаи ҳамкориҳои илмию омӯзишӣ дар доираи Форуми ҷавонони СҲШ, дурнамои тавсеаи СҲШ ва ҳамкориҳои самараноки он бо созмонҳои дигари минтақавӣ мавридитаҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва дар амал татбиқ гардиданд.

Мақомоти доимоамалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхай сохтори минтақавии зиддитеррористӣ мебошад, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қароргоҳ дорад. Ин сохтор дар асоси Конвенсияи Шанхай барои мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ таъсис ёфтааст. Сохтори мазкур дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзо дар мубориза бо терроризм нақши муҳим дорад. Боиси қайд аст, ки роҳбарияти Сохтор  мазкурро дар ҳоли ҳозир намояндаи Тоҷикистон Ҷумахон Ғиёсов ба уҳда дорад.  Намояндаи Комитети иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Артур Голованов иттилоъ дода буд, ки солҳои 2013-2017 азҷониби ин сохтор дар натиҷаи ҳамкориҳои муштараки мақомоти дахлдор 500 амали террористӣ ошкор ва пешгирӣ шуд. 440 пойгоҳи тайёрии низомии террористон барҳам хӯрда, зиёда аз 1000 нафар террорист безарару дастгир шуд ва аз онҳо 5 ҳазор яроқи оташфишон, 46 тонна маводитарканда ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардид.

Бо дарназардошти хатари афзояндаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои маблағгузории терроризму экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд ва афзоиши офатҳои табиӣ бар асари тағйирёбии босуръати иқлими сайёра ва таъсири инсон ба табиат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимамалкунадаи зиддимуходиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи Рӯзномаи байналмилалии об бори дигар дар ҷаласаи солони соли 2020 Шӯрои сарони давлатҳо таъкид намуда, дар хусуси дастгирии онҳо аз ҷониби шарикони Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

                              20 Соли ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ

Қобили қайд аст, ки мутобиқи муқаррароти СҲШ, соли 2021 раёсат дар СҲШ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Мутаносибан иҷлосияи ҷашнии сарварони кишварҳои узви СҲШ соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳти шиори “20-соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” оғоз намуд. Мутобиқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои зерин дар соли раисии Тоҷикистон дар СҲШ пайгири карда хоҳанд шуд: “Ҳадафҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои аъзои СҲШ, рушди минбаъдаи «рӯҳияи Шанхай», нигоҳдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеи байналмилалии СҲШ,такмили заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии Созмон ва ғайра равона шудаанд”. Ҳамчунин дар назар аст, ки бори аввал дар ҳошияи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ суруди рамзии СҲШ дар Душанбе садо хоҳад дод.

Аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин рамзи 20 солагии ташкилёбии СҲШ низ қабул карда шуд, ки Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд. Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитоӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.  

          Дар оғози соли ҷорӣ бо ибтикор ва таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, воқеъ дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои узви СҲШ баргузор гардид, ки дар рафти ҷаласа иштирокчиён намгӯи нақша чорабиниҳои ҷашнии СҲШ-ро барои соли 2021 тасдиқ намуданд. Дар назар аст, ки дар соли раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 чорабинӣ баргузор гардад.   

                          Илму фарҳанг ва рушди он дар доираи Созмон

          Дар заминаи Созмони ҳамкории Шанхай давлатҳои аъзои он ҳамчунин дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамкориҳои назаррасро ба роҳ мондаанд. Соли ҷорӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии СҲШ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсози самтҳоифаъолияти СҲШ дониста мешавад . 

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатию ғайри тиҷоратӣ буда, дар сохтори Академияи идоракуниидавлатӣ бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон фаъолият менамояд. Ҳамчунин, мутобиқи маълумоти Академия самтҳои асосии фаъолияти марказ тақвият бахшидан баҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули ҳайати дуҷониба, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, таҳияи ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилоти ҷавонон ва занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО бомақсади тавзеҳи васеи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалият мебошад.

          Боиси қайд аст, ки Маҷмаи “Кохи Наврӯз”-и Тоҷикистон ба феҳрасти “8-Муъҷизаи СҲШ” воридшуда зимни баргузории чорабиние бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои созмон муаррифи гардид. Дар чунин чорабинии муҳташам ба ҳозирон санъати наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву оинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқиаксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ намоиш дода шуданд, ки воқеан, боиси ифтихору сарфарозии шаҳрвандони Тоҷикистон аст. 

Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 21 март ҷашни байналмилалии Наврӯз- рамзи сулҳ, дӯстӣ, меҳрубонӣ ва эҳтироми ҳамдигарро ҳамасола дар қароргоҳи СҲШ ҷашн мегиранд.Ба гуфтаи дабири кулли СҲШ Владимир Норов, барои Наврӯз сарҳадҳои миллӣ вуҷуд надоранд, он мардум ва ҷомеаҳои мухталифро бо риштаҳои хайрхоҳӣ ва дӯстӣ муттаҳид мекунад. «Ин ҷашн беҳтарин далели арзиши пойдории ваҳдат дар гуногунӣ ва ёдрас кардани он аст, ки инсоният як сарнавишти муштарак дорад». Дар мақолаи худ, ки дар сомонаи АМИТ Ховар ҷаноби Норов нашр кардааст, арзиши асарҳои нобиғаҳои бузурги Шарқ Абурайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро, ки дар бораи ҷашни Наврӯз ашъори зиёде боқӣ монда, дар он онҳо мардумро ба сулҳу оштӣ даъват кардаанд, махсус таъкид намудааст.  Ҳамчунин Дабири кулли СҲШ ҳамоҳангии рӯҳияи сулҳҷӯёна ва созандаи Наврӯзро бо «Рӯҳияи Шанхай» таъкид мекунад, ки мазмуни асосии он эътимод ва манфиати тарафайн, баробарӣ, машваратҳои тарафайн, эҳтиром ба гуногунии фарҳангҳо ва тамаддунҳо, талош ба рушди муштарак ва арзишҳое, ки дар Оинномаи СҲШ аз 7 июни соли 2002 муқаррар шудаанд, мебошанд. Аз ин рӯ, таҷлили муштараки Наврӯз аз ҷониби кишварҳои «Оилаи СҲШ» дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми тарафайн ва дӯстии байни мардум, инчунин наздикшавии фарҳангҳо бо тамоми гуногунрангии онҳо маънои амиқ ва аҳамияти махсус дорад. 

Дар доираи фаъолияти судманд дар соҳаи маориф ҳангоми баргузории мулоқоти вазирони маориф ва илми давлатҳои аъзои СҲШ 28 октябри соли 2008 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, лоиҳаи Созишнома оид ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ пешниҳод карда шуд, ки он 6 июни соли 2017 дар шаҳри Остона аз ҷониби 5 кишвар, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Донишгоҳи СҲШ дар доираи лоиҳаи Фазои таълимии ягонаи аврупоӣ дар Осиё ва дар самти таҳвили низоми балонии таҳсилот таъсис ёфтааст. Самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи мазкур дар доираи Созишномаи зикргардида аз рӯи бахшҳои минтақашиносӣ, энергетика, нанотехнология, IT-технология, экология, педагогика ва иқтисодиёт ба роҳ монда шудааст.Бояд гуфт, ки дар ҳайати Донишгоҳи СҲШ 82 донишгоҳу донишкадаҳо аз кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 апрели соли 2018 дарасоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайати Донишгоҳи СҲШ шомил гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Россия, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайати Донишгоҳи СҲШ шомиласт. Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз қабили мубодилаи донишҷӯён, дар зинаҳои магистратура, аспирантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавон, табодули таҷрибаи омӯзгорон, гузаронидани пажӯҳишҳои илмӣ, таълифи китобҳоидарсӣ, дастурҳои методӣ, монографияҳо, мақолаҳои илмӣ, коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолию таълимӣ ба роҳ монда шудааст. 

Тибқи нишондодҳои оморӣ айни ҳол дар доираи барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодон азтеъдоди муасисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, ки узви Донишгоҳи СҲШ мебошанд, аз рӯи барномаҳои мубодилавӣ 236 донишҷӯ дар донишгоҳҳои узви Донишгоҳи СҲШ бештар аз рӯи барномаҳои магистратура дар риштаи забономӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар панҷ соли сипаришуда бо зиёда аз 50 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Хитой дар доираи Созишнома оид ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ Созишнома ва Ёддоштҳои тафоҳум баимзо расонидаанд. Дар доираи талаботи Оинномаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз 7 июни соли 2002 ва Стратегияи СҲШ то соли 2025 ва созишномаҳои байниидоравӣ дар назди чанде аз муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ факултетҳои муштарак донишгоҳҳои узви СҲШ ифтитоҳ ёфтаанд. 

          Метавон хулоса кард, ки новобаста аз ҷавон будани Созмони ҳамкории Шанхай Созмон тавонистааст вазифаҳо ва мақсадҳои Оинномавии худро пурра иҷро намояд. Созмони мазкур ба яке аз Созмонҳои қавии минтақавӣ табдил ёфта дар тамини сулҳу суботи минтақаи Осиё нақши калиди дорад. Бояд қайд намуд, ки дар ин 20 соли фаъолияти пурсамар давлатҳои аъзои он тавонистаанд ба рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодиву сиёсӣ, илмиву фарҳанги ва амнияти даст ёбанд. Таҳдидҳои муосири амнияти ҳамкориҳои зичи минтақавиро тақозо менавмоянд, ки СҲШ ба давлатҳои аъзо платформаи ин ҳамкориҳоро фароҳам овардааст. Бо дарназардошти вазъияти тағирёбандаи ҷаҳони имрӯза давлатҳои аъзоро зарур аст, то сатҳи ҳамкориҳоро баланд бардошта бар зидди таҳдидҳои амниятии муосир аз роҳу усулҳои босамар кор бигиранд.

          Хеле рамзист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷори дар радифи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин раисии ин Созмони бунуфузро, ки ба 20 солагии таъсисёбии он рост омадааст ба уҳда дорад. Барои Тоҷикистон Созмони ҳакории Шанхай яке аз Созмонҳои калиди маҳсуб ёфта барои рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимои ва нигоҳдории амният байни кишварҳои аъзо нақши муҳимро иҷро мекунад. Бо истифода аз ин имконият Тоҷикистонро зарур аст то заминаҳои ҳуқуқиву шартномавиро барои рушди бемайлони ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба фароҳам орад, ки ба нафъи Тоҷикистон хоҳад буд.

Мирзоев Ҳабибҷон Табрикҷонович- устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ