СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА ИНЪИКОСИ ОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МО: РАВИШҲОИ СУННАТӢ ВА НАВОВАРӢ ДАР ОМУЗИШИ МАВЗУЪ

571

Мубрамияти илмии омузиши сулҳ дар Тоҷикистон бо зарурияти таҳқиқи қонунмандиҳои пошхурии давлатҳои бузурги сермиллат, сабаб ва оқибатҳои чунин воқеаҳои таърихӣ алоқаманд аст. Яке аз паёмадҳои суқути давлатҳои бисёрмиллат зуҳури кишварҳои тозаистиқлол буда, ин раванд ҳамроҳ ба ташдиди низоъҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва қавмӣ сурат гирифт. Зуҳури кишварҳои ҷадидулбунёд дар Осиёи Марказӣ, ва аз он ҷумла Тоҷикистон метавон гуфт,  вазъияти геополиткӣ ва геостратегиро дар минтақа ба куллӣ тағйир дод. Гуфтанист, ки пошхурии Иттиҳоди шурави нисбатан оромтар (дар муқоиса бо Югославия) гузашта бошад ҳам, аммо дар канораҳо (бахусус дар он манотиқе, ки ба ибораи С. Хантингтон бархурди тамаддунҳо ба чашм расид, бахусус Қафқоз, Тоҷикистон, Молдова) ихтилофҳои сарзада на танҳо бо роҳи мусолиматомез ҳал нашуданд, балки баръакс, ба низоъҳои мусаллаҳона оварда расонданд. Ва низоъи аз ҳама хунинтар дар ин маҳдудаи собиқ шуравӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо буд. Ин низоъ натиҷаи ба ҳам омадани омилҳои гуногуни дохиливу берунӣ  буд, ки омузиши онҳо таҳлили амиқро мехоҳад ва ҳам инъикоси  равандҳои  глобализатсия ва фрагментатсия  буд, ки ба ташдиди вазъият дар нуқоти гуногуни ҷаҳон оварда расонданд. Қазияи Тоҷикистон ба мо имконияти нодири таҳлили таҷрибаи танзими низоъи дохилиро медиҳад, ки аҳамияти байналхалқӣ дорад. Зарурияти таҳлили низоъи тоҷикон дар замони ҳозира аз он сабаб муҳим аст, ки имруз чун пештарак имконияти бесубот гардондани шароит на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар тамоми минтақа, ба вижа дар Афғонистони ҳамсоя, ки чанд даҳсола боз манбаи паҳн гаштани силоҳ ва маводи мухаддир шудааст.  Омузиши мавзуи мазкур инчунин дар қаринаи таҳқиқи раванди ташаккули сиёсати ҷорӣ дар маҳдудаи пасошуравӣ муҳим мебошад. Таҳлили раванди гуфтушуниди байни тоҷикон – таҷрибаи нодири пешбурди музокирот байни ҷонибҳои даргир, ки бо қабул ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хотима ёфт ва заминаҳои мусолиҳаи ҷонибҳо ва механизми ҳамкориҳои минбаъдаи онҳо гардид, имконият медиҳад, ки  дар бораи муфид будани таҷрибаи мазкур ҳангоми зуҳури воқеаҳои шабеҳ ҳукм намоем. Метавон гуфт, ки то ба имруз теъдоди зиёди асару мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ дар кишвари мо ва берун аз он ба нашр расидаанд, ки мо метавонем аз шаклгирии мактаби хоси историографӣ ё таърихнигории гуногуннавъ, гуногунмиқёс, гуногунсамт дар ин боб ҳукм ронем. Теъдоди бузурги адабиёти мавҷударо метавон ба гуруҳҳои алоҳида тасниф кард: а) осори бахшида ба таҳлили назариявии низоъи байни тоҷикон дар чавкоти умумии низоъҳои қавмиву байналхалқӣ;   б) осори муаррихон ва сиёсатшиносон, ки мавзуи мазкурро дар чаҳорчубаи равандҳои дар минтақа ва фазои пасошуравӣ суратгирифта таҳқиқ кардаанд;   Дар байни онҳо метавон аз навиштаҳои донишмандони рус В.Ф. Пряхин  ва А.Г. Здравомыслов ёдовар шуд, ки дар онҳо маҷмуи масоили алоқаманд ба низоъҳои дар фазои пасошуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон руй дода ҳамчун паймади пош хурдани давлати қудратманд таҳқиқ карда шудаанд.  Ба ҳамин гуруҳ метавон   таҳқиқоти анҷомёфтаро доир ба масоили кишварҳои Осиёи Минтақа ҳам шомил кард.   Таҳқиқотҳои мазкур  тавсифи  муфассали  инкишофи  Осиёи Марказиро дар даврони баъдишуравӣ дар маҷмуъ ва ҳар кишвари минтақа дар алоҳидагӣ пешниҳод менамоянд. в) осори муҳаққиқон, ки бевосита ба ҷанги шаҳрвандӣ ва махсусияту марҳилаҳои давомёбии он бахшида шудаанд. Гуруҳи охиринро вобаста ба фарогирии ҷанбаҳои омузиш ва услубу равишҳои арзёбӣ метавон боз ба бахшҳои гуногун тақсимбандӣ кард: таҳқиқи омилу сабабҳои саршавии ҷанги шаҳрвандӣ ва марҳилаҳои он; таҳлили раванду марҳилаҳои танзими низоъ; гуфтушуниди байни тоҷикон ва марҳилаҳои он; вижагиҳои дастёбӣ ба сулҳ ва сабақу аҳамияти байналхалқии он. Дар ин қарина метавон осореро низ ба гуруҳи алоҳида мансуб донист, ки бевосита ба нақши сулҳофаринии Пешвои миллат , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.            

Бо назардошти равиши таърихӣ-муқоисавӣ  тамоми адабиёти ба мавзуи сулҳ бахшида шударо ба марҳилаҳои алоҳида тақсим кард: осори даврони низоъ офаридашуда (солҳои 1992-1997); осори даврони раванди устуворшавии сулҳ ва марҳилаи баъди низоъ офаридашуда (1997-2000) ва осори дар давраи ҳозира аз соли 2000 ба баъд офаридашуда. Метавон гуфт, ки ҳар кадоме аз асарҳои офаридашуда ва рисолаҳои илмиву оммавии анҷомёфта даъвогари ба пуррагӣ фаро гирифтани мавзуи пешниҳодшуда буда наметавонанд, зеро падидаи сулҳ падидаи мураккаб, фарогир ва хеле нозук ҳам мебошад. Зеро ҳар лаҳазоте,  ки аз он руйдоди бузурги таърихӣ мегузарад, диду равиши тозаро бо назардошти матолибу иттилооти ба даст омада талаб мекунад.  Ҳамзамон муҳаққиқоне, ки ба омузиши мавзуъи мазкур даст мезананд,  бояд донанд, ки дар ихтиёри онҳо теъдоди зиёди манбаъҳои  расмиву ғайри расмӣ қарор мегирад, ки онҳоро шартан метавон ба тариқи зайл тасниф кард: а) Асарҳо, баромадҳо, суханрониҳои Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон; б) ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ –  меъёрии давлатӣ  ва байналхалқӣ, в) санадҳои мутааллиқи сохторҳову муассисаҳои гуногун аз идораҳои давлатӣ то созмонҳои минтақавиву байналхалқӣ,[1]  г)  адабиёти ёддоштӣ (мемуарҳо), д) матбуоти даврагӣ, захираи шабакаҳои иттилоотии Интернетӣ.

          Ба гуруҳи аввали сарчашмаҳо осори мутааллиқ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир ворид карда шуданд, ки Президенти мамлакат аз рузҳои аввал ба раванди сулҳ бевосита иштирок ва роҳбарӣ карданд ва бо мавқеи конструктивӣ, прагматикӣ ва инсондустонаи  хеш раванди мазкурро то ба анҷоми мантиқӣ бурда расонданд.  Ба гуруҳи дуюми манбаъҳо санадҳои ҳуқуқии кишвар  – Конститутсия, қонунҳо, асноди қонунгузорӣ дохил мешаванд. Ба муҳимтарин манобеъ аз он ҷумла барои омузиши вазъи сиёсиву иҷтимоии  давлат ва ҷомеа дар арафаи дастёбӣ ба соҳибихтиёрии давлатӣ қонунҳое марбутанд, ки тайи солҳои дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта қабул карда шудаанд. Қисмате аз онҳо дар шакли маҷмуаи ҳуҷҷатҳо ва маводҳо, санадҳои оинномавии аҳзобу ҳаракатҳои сиёсии дар ҷумҳурӣ ташкилёфта ба табъ расидаанд, ки барои сарфаҳм рафтан ба вижагиҳои шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат, мавқеъ, база  ва моҳияти сиёсиву иҷтимоии ҳаракату ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, муборизаҳои онҳо, мушаххаса кардани сабабу омилҳое, ки ба сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ муҷиб шудаанд, кумак мерасонанд.          

Барои  дарёфти иттилоот ва арзёбии воқеӣ ба раванди расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ санадҳои созмонҳои байналхалқӣ , ки дар танзими низоъ дар Тоҷикистон иштирок доштанд (шуруъ аз СММ то ИДМ), мусоидат мекунанд. Ба вижа дар ин раванд нақши намояндаи хоси Дабири кулли СММ, ки ҳамаҷониба вазъияти кишварро назорат мекард, аз услубҳои дпиломатияи музокирот истифода бурда бо кишварҳои ҳамсоя робитаи устувор барқарор карда буд ва пайваста гузоришҳои худро оиди вазъият дар Тоҷикистон ба СММ пешниҳод мекард, хеле муҳим ба назар мерасад. Бо назардошти он ки дар танзими низоъи байни тоҷикон кишварҳои ИДМ, ба вижа Россия нақши муҳим бозиданд, омузиши муҳтавои санадҳои қабулшудаи созмон дар бораи қазияи Тоҷикистон хеле мубрам мебошад.                                                                                                           

  Ва ниҳоят, барои муҳаққиқон омузиши санадҳое, ки дар рафти музокирот  қабул шудаанд, аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Гуфтанист, ки гуфтушунидҳо дар марҳилаҳои аввао бо душворӣ сурат мегирифтанд, бо вуҷуди ин дар паёмади ҳар як давр Изҳороти муштараки ҷонибҳо ба табъ мерасиданд, ки дар онҳо масъалаҳои баррасишаванда ва ба тавофуқ расида  дарҷ меёфтанд. Санадҳои муҳимтарини гуфтушуниди байни тоҷикон , ки дар маҷмуаи мукаммал  таҳти унвони  «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»  ҷой ёфтаанд, омузиши амиқ ва ҳамаҷонибаро интизоранд.   

Ва ниҳоят ҳар муҳаққиқе, ки ба омузиши мавзуъи мазкур даст мезанад, бояд дар хотир дошта бошад, ки сулҳи тоҷикон падидаи нодир дар таърихи имрузаи башарӣ буда таҷриба ва намунаи он ба хотири истифода ҳамчун модели раванди пешбурди гуфтушунидҳо ва дастёбӣ ба сулҳ ва таъмини он дар ҷаҳон омухта шавад.

Руйхати адабиёт:

  1. Эмомалӣ Раҳмон – поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ. – Китоби дуюм. Муҳаррири масъул академик Т.Н. Назаров. – Душанбе, 2011. – 371 с. 
  2. Абдуваҳҳоб Н. , Умари Шерхон. Ваҳдатофар. – Душанбе, 2014. – 192 с.
  3. Антонян Д.М., Давитадзе М.Д. Этнорелигиозные конфликты: проблемы, решения. Учеб. пособие. – М.: Изд-во «Щит – М», 2004. – 368 с.;
  4. Ваҳдат, Давлат, Президент. (Иншои ваҳдат). – Душанбе, 2007. ҷ. VI.                                               
  5. Лебедева М.М. Политическое урегулирование конфликтов. – М.: Аспект Пресс, 1999. – 271 с.
  6. Межтаджикский конфликт: путь к миру. – М., 1998. – 144 с.
  7. Межэтнические отношения и конфликты в постсоветских государствах. Ежегодный доклад, 2000. / Под редакцией В.А. Тишкова и Е.И. Филипповой. – М.: 2001, – 414 с.
  8. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ». – Душанбе, 2017  
  9. Раджабов С.А. Международно-правовые аспекты урегулирования вооруженного конфликта в Таджикистане. – Душанбе, 2011. – 176 с.
  10.   Самиев Х.Д. Сабақҳои таърихӣ ва байналмилалии сулҳи тоҷикон. Вестник ТНУ 2017  №№3-6, сс.116-120
  11. Сатторзода А. Арзишҳои ваҳдати миллӣ . – Душанбе, 2017. – 252 с.                                                                                                      

Самиев Холаҳмад Давлатович, н.и.т., дотсенти  кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ.