Нақши Пешвои миллат дар ташаккули Ваҳдати миллии тоҷикон

653

Дар таърихи давлату давлатдории худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро сипарӣ менамояд, ки дар он ноил шудан ба мувозина­ти доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишру табақаҳо роҷеъ ба масъалаи ягонагӣ, якпорча­гӣ ва ҳамбастагии байни воҳидҳои маъмурӣ на ҳама вақт муяссар мешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати гум шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ нооромӣ метавонад як кишвари хурдеро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ фурӯ барад, ки шаҳрвандонаш барои дарки воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он чанд  муддат бечораву оҷиз мемонанд. Гоҳо андешидани чораҳои аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию мантиқӣ комилан дуруст ҳам пешгирии оқибатҳои нохушоянди ин равандро дар консепсияи фалсафию ирфонии «муборизаи ба ҳам зидҳо» номумкин мегардонад. 

Тавре ки маълум аст, гузаштагони пурифтихори тоҷикон дар муҳити ягонаи рушди мардумони порснажод ба саҳнаи таърих ворид гардида, тӯли ҳазорсолаҳо дар сохторҳои гуногуни рушди сулолавӣ обутоб ёфтанд. Кору пайкори ниёгони мо дар матни таърихи ҷаҳонӣ бо номи рушди устувори сулолавӣ машҳур аст, ки ифодаи мазмуни он дар хутбаи пандвори Манучеҳри малик возеҳ баён шудааст. Андарзи Манучеҳр чунин гуфтаҳо дорад: «Пешинагон рафтанду ҷаҳон ба мо даст боздоштанд ва моро чора нест ҷуз аз паси эшон рафтан. Ва эшон моро чунонанд, чун бехи дарахт мар дарахтро ва мо эшонро чун шохи дарахт». Манучеҳр нахуст подшоҳе буд, ки мулку подшоҳиро ба чаҳор қисмат ниҳод: роҳбарӣ, сипоҳ, раият ва мӯбади мӯбадон ва ҳаққу ҳуқуқ ва масъулияти ҳар якеро дар пойдо­рии мулк муқаррар кард. Ин тарзи ҷобаҷогузорӣ ва табақабандӣ дар фарҳанги эронитаборон, ба истилоҳи коршиноси масоили таърих ва назарияи миллат Эрик Ҷон Ҳобсбаум «ихтирои анъанаҳо» (the invention of tradition)-ро ба вуҷуд овард. Ҳамин буд, ки дар марҳалаи густариши ҷаҳонбинии динӣ ва таъсиси давлатҳои миллӣ тамоми суннату анъанаи тоҷикону порснажодон дар матни платформаи фарҳангсо­ло­рии «Наврӯз» ҷамъбаст гардид. Барои пойдо­рии ин ҷашни ниёгон 3 унсури асосӣ нақши калидӣ бозидааст: устуравӣ кардани таърих (мифологизация истории), қудсияти забон (сакрализация языка) ва рушди устувори сулолавӣ (перманентное династийное развитие). Дар давраи рушди тоисломии фарҳанги ниёгони мо низоми табақавии муносибат то андозае садди роҳи рушди истеъдод­ҳо дар ҷомеа мегардид, зеро омӯхтани илм танҳо ба мӯбади мӯбадон – меҳтари ҳамаи уламову ҳукамо ва атрофиёнаш мансуб буд ва ҷомеапазирии васеи қишру табақаҳои гуногун маҳдудиятҳо дошт. Аз ин ҷиҳат дину фарҳанги исломӣ бартарияти бештар нишон дод. Ислом бо шиори талаби илм ва эълони бароба­рии иҷтимоии мусулмонон дар назди Худову пайғам­бар ба нерӯи тӯли садсолаҳо нуҳуфтаи мардуми тоҷиктабор имконияти васеи татбиқи амалӣ дод ва потенсиали ақлонию ҷисмо­нии онҳоро ошкор кард. Ҳамин буд, ки ниёгони мо дар садаҳои аввали ислом тавонис­танд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ чирадаст шаванд ва як зумра олимону фақеҳон, муфассирону муҳаддисон, табибону донишмандони бахши улуми дақиқро тақдими ҷаҳониён гардонанд. Аммо шаклгирии консепсияи фарогири ваҳдати миллӣ ва диниро, албатта, амирони сомонӣ анҷом доданд, зеро онҳо мувозанати нозукбинонаи арзишҳои миллӣ ва диниро муайян карда тавонистанд. Бинобар ақидаи коршиносони масоили миллат ва миллат­га­роии муосир Ҳобсбаум, Гелнер ва дигарон «тарҷумаи мутуни муқаддас ва ҳамчунин ҷорӣ кардани коргузорӣ ва қонунгузорӣ ба забони миллӣ» яке аз шартҳои аввалини таъсиси давлати миллӣ ва ташаккули миллат аст. Таъсиси давлати сирф миллии тоҷикӣ бо номи Сомониён дар шароити қурунивус­тоӣ дар заминаи таъмини ваҳдати саросарии қавму халқҳои маскуни ин ниҳоди сиёсӣ ба даст омад. Амирони бофарҳанги сомонӣ нахуст тарҷумаи тоҷикии Қуръон ва дигар сарчашмаҳои динию илмиро ба роҳ монда, дар ин раванд пештозони фарҳанги миллӣ ва исломии ғайриарабӣ шуданд. Дар ҳоле ки ин корҳоро миллатҳои аврупоӣ дар асрҳои XVII-XVIII анҷом доданд, агар юришҳои турку муғул рӯй намедод, дар ҷомеаи тоҷикон ташак­кули мафҳуми миллат ба маънои томи имрӯзааш ҳамон асрҳо татбиқи амалӣ пайдо мекард. Мактаби тарҷумонии аҳди Сомониён дар фаъол намудани ин раванд саҳми назарраси мусбат гузорид ва тавонист забони тоҷикиро ба абзори қавии давлатсозӣ ва миллатсозӣ табдил диҳад, ҳудуди мувозинати мантиқиро байни унсурҳои динӣ ва миллӣ таъмин намояд. Дар натиҷа забони тоҷикӣ дар минтақаи густариши ислом барои худ мақоми бебозгашти қудсиятро касб карда, ба унсури фарҳангсолор, ваҳдат­офа­рин ва ҳувиятсоз мубаддал гашт. Ҳарчанд таърих дар ҳаққи пойдории давлату давлатдории миллати тоҷик ҷафоҳои зиёде раво дидааст, вале забони тоҷикӣ мақоми қудсият ва дар сатҳи коргузо­рии давлатӣ истифода шуданро то ибтидои асри ХХ нигоҳ дошта тавонист. Ба назари мо, забони тоҷикии бухороӣ асолати қудсияти худро андаруни сарчашмаҳои илмӣ-динӣ ва осори ноби шеърӣ аз чанголи вабоҳои қотили қурунивустоӣ раҳо карда тавонист ва то ба имрӯз оварда расонид. Таҳқиқот ва мушоҳидаҳо роҷеъ ба тарҷумаи Қуръон ва аҳодиси набавӣ собит намуд, ки тамоми тарҷу­ма­ҳои минбаъд ба забони форсӣ анҷомёфта бар пояи методоло­гияи усулии таҷрибаҳои мовароуннаҳрии гузаштагони мо, аз он ҷумла тарҷумаҳои «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили-л-Қуръон»-и Муҳаммад ибни Ҷари­ри Табарӣ (машҳур ба «Тарҷумаи «Таф­­сири Табарӣ», асри Х), «Тафсири Ҳусайнӣ»-и Мавлоно Ҳусайн Воизи Коши­фӣ (асри ХV) ва «Фатҳу-р-Раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон»-и Шоҳ Валиюллоҳ ибни Абдурраҳими Деҳлавӣ (асри XVIII) ан­ҷом ёфтааст. Хамирмояи назми оламгири тоҷику форс ҳам сабку мактаби шеърии устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ будааст, ки то имрӯз ҳамчун манбаи илҳом ва ситораи қутбнамои шоирони марзу буми порснажодон боқӣ мондааст. Ҳамон тасвиру ифодаҳои ҷовидонаи шеърӣ тӯли асрҳои зиёд дар шаклҳои жанро­фари­нии тоза ва баёни санъатҳои шеърии нав аз даруни худ эҳё шуда истодаанд. Ҳамин адабиёти насри классикӣ доир ба улуми қуръо­нию ис­ломӣ ва шеъри ноби тоҷикӣ ду омили асосии нигаҳдорандаи забони тоҷикӣ мебошанд, ки то имрӯз қудсияти онро таъмин карда исто­да­анд. Ва ҳамаи касоне, ки худро мансуб ба нажоди порсигӯён медонанд, ҳангоми мутолиаи матнҳои назму насри ёдшуда тамоми матлаб­ро мефаҳ­манд ва ба ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳи ибораву истилоҳот ниёз надоранд. Ин вежагии қудсият андаруни теъдоди нусхаҳои хаттии ба ин забон ки­то­­бат­­­шуда, ки то ҳанӯз шумораи ниҳоии онҳо маълум нест, нуҳуф­та аст. Аз ин рӯ, пос дош­тани мақоми давлатии ин забон ва таъмини пай­­ван­ди ногусастании он бо омӯзиши нусха­ҳои хаттӣ ва осори илмию динӣ гарави бақои ваҳдати миллат ва пойдории давлати тоҷикон хоҳад буд.

Аммо дар бораи ба миён омадани консепсияи Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бояд гӯем, ки ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке нерӯи зиёини эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду нерӯи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо кар­данд. Хушбахтона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони берунаро ба зудӣ дарк карданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хизмат” омода будани худро бо ниҳоду нерӯҳои беруна барои расидан ба қудрати сиёсӣ пинҳон накарданд.

Аслан аз таҷрибаи истеҳсолӣ ва идеологӣ гузаштани созмону аҳзоб ва ҳаракату ҷамъиятҳои мансуб ба дини ислом солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон таҳаққуқ пазируфт. Корбурди атеизми динӣ дар сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба Афғонистон даромадани нерӯҳои низомӣ ба оташи ин бадбинӣ равған рехтан гирифт. Пешвоёни муқови­мати тундхӯёнаи динӣ режими ҳукмрони Афғонистон ва пуштибонони шӯравии онҳоро “душман ва ашрор” ном ниҳоданд. Дастгирии сиёсӣ ва молиявии ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии ба ном миллӣ, вале дар асл ифротгаро, тундгаро ва қудратхоҳ дар сатҳи байналмилалӣ Афғонис­тонро ба ҷабҳаи муборизаи ду нерӯи ҷаҳонӣ – капитализм ва сотсиализм табдил дод. Барои шикаст додани нуфузи шӯравӣ дар Афғонистон лоиҳаҳои сершумори исломӣ пешниҳод шудан гирифт, ки тамоми маводи он аз ҷониби коршиносони хориҷӣ ба забони форсии дарӣ омода карда мешуд. Дар солҳои 80-90-уми асри ХХ дар заминаи буҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайра­вони ислом, балки дар миёни муътақидо­ни дину кон­фес­сия­ҳои амалку­нан­даи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесоби­қаи ҷаҳон­би­нии динӣ боло гирифт. Баъди берун овардани нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон даъвоҳои қудрат­хо­ҳӣ ва мавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмон­ҳои исломӣ рангу тобиши тамоман дигар касб кард ва дар зери таъсири вазъияти сиёсию иҷтимоии Эрону Афғонистон дар ҷумҳуриҳои исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам овози ҳаводорону пуштибонони ислом баланд шудан гирифт. Ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам об­рӯю эътибори исломро коста гардонид ва ҳам ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои сунна­тию таърихии ин ду миллат зарбаи ҷонкоҳ ворид намуданд.

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Дар ҳамон даврони дур ҳам, ба қавли донишманди тоҷик Ҳақназар Назаров, арбобони давлатию шахсиятҳои рӯҳонӣ “ба ҷойи он, ки ҳиммат ва заҳмати худро барои ҳаллу фасли масъалаҳои миллию давлатӣ ва бартараф кардани шӯру ошӯбҳо ва ҳамлаю ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ сафарбар кунанд, баръакс ҳар кадом мубталои ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоии худ шуданд”. Дар замони муосир доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таъриху фар­ҳан­ги давлати Сомониён корҳои таҳқиқотии зиёд анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, дар ҷамъбасти хулосавии сабабҳои суқути давлати муқтадири Сомониён омилҳои зеринро зикр кардаанд: ваҳдату ягонагӣ дар байни роҳбарияти олии давлат ва сулолаи ҳукмрон ба хотири расидан ба тахту тоҷ заиф шудан гирифт; гвардияи миллии Сомониён, ки аз шумори сарбозони кироя ва ғуломони турктабор иборат буданд, дар лаҳза­ҳои ҳалкунанда такягоҳу сипари давлат шуда натавонистанд; мубори­­заи як қатор ҳокимони худкомаи вилоятҳо барои худмухторӣ боиси суст гардидани ҳокимияти марказӣ ва шиддат гирифтани ихтило­фо­ти берунӣ ва дохилӣ гардид; фаъолияти зиддимиллӣ ва иғвога­роё­наи баъзе гурӯҳҳои рӯҳониён дар роҳи пешгирӣ намудан ва куфр донистани талошҳои мардум барои ҳимояи истиқлолияти миллӣ суқути давлати Сомониёнро ногузир гардонид; сабаби дигари фурӯпо­шии давлат шиддат гирифтани фишори қувваҳои беруна дар шароити буҳрони сиё­сии дохилӣ буд. Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсӯси дигар он аст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озоди­ҳои демок­ра­тӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина му­ҳайё сохт ва тадри­ҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб ар­зиш­ҳои воло ва муқадда­соти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғараз­ҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок мекард, вале тасав­ву­роти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф надошт. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонис­танд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Маъ­лум аст, ки дар доираи тафаккури танги динӣ фаро гирифтани раванд­ҳои ҷамъи­я­тӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда намета­вонад. Баръакс, чунин ҳолат дар вазъи муҳтоҷию дастнигарӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони ҷумҳуриро осон мегардонид.

Бояд донист, ки дар солҳои 1992-1997 ҳар чизе, ки шуданӣ буд, шуд. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гу­­рӯҳ­ҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумон­дон­­ҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда” (creative minority) пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба инчунин чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин гуна ақал­лияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтари­ни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва сарвари тавонои ҳамин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулия­ти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Имрӯз аз баландиҳои кохи бегазанди кишвари озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар соли санаҳои фархунда – Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ чӣ гуна андак-андак ба решаи ташналаби шоҳбулути давлатдории навини тоҷикон оби ҳаёт зам мегардад. Насли куҳансолу миёнасол ва ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият хуб дар хотир доранд ва шоҳиди ҳол ҳастанд, ки даҳаи охири асри сипаришуда абри сиёҳи нооромӣ болои шаҳру деҳоти замини биҳиштосои ҷумҳурии мо фақат борони яъсу навмедӣ, сӯхтору вайронӣ, ғаму андӯҳ, қаҳтию гуруснагӣ ва аз ҳама бадтар нобоварии фарогир ба фардоро меборид. Аслан дар замири мардум умеди имконпазир будани аз зулмат ба нур ва аз торикӣ ба равшанӣ расидан намонда буд. Ҳамин ҳолати равонии шаҳрвандони кишварро дар он солҳо шоири зиндаёд Ашӯр Сафар бисёр барҷаста баён кардааст: «Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад, Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад

Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари мо саратонвор таҳдид мекард. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ шуда буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои куҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ боқӣ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳу­ри­ҳои собиқи шӯравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» расонид. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд; низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад; хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард; Тоҷикистон ҳамчун субъек­ти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Оре, равшанӣ падид омад, тағйиротҳои гуногун дар ҳаёти мардум ба вуқӯъ пайваст, мардуми парешон сарҷамъ шуда, ба бунёди иншоотҳои бузург, корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ муаррифӣ намудани имиҷи давлату миллати Тоҷикистон ба ваҷҳи некӯ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ камари ҳиммат бастанд. Тӯли ин солҳо навгониҳои зиёд, чорабиниҳои сатҳи гуногун ва базму тараби зиёд насиби мардуми шарифи Тоҷикистон гардид. Ҷаҳише ба вуҷуд омад, ки моро ба таври ҳамешагӣ аз муҳтоҷ будан ба дигарон ва гирифторӣ ба банду бало раҳоӣ бахшид. Ҳоло мо дар марҳалае кору зиндагӣ мекунем, ки барои ҳар шаҳрванди хурду калон ва пиру ҷавон, вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусу­сию давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари қаламрави кишвари азизамон дастовардҳои фаъолияти худро дар мизони ақлу ман­тиқ тарҳрезӣ кардан ва нақшаи корҳои созандагию ободониро барои истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намудан ба ҳукми андешаи ҳувиятсоз ва ваҳдатофарин табдил ёфтааст. Агар тафовути байни дирӯзу имрӯзро муқоиса кунем, пас ба қавли Саъдии бузург возеҳу равшан мешавад, ки «дар миёни ҳарду фарқе ҳаст нек». 

Ба назари мо, дар ташаккули падидаи расидан ба санаи фараҳбах­ши сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллии тоҷикон ба инобат гирифтани чандин омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ дорад:

  1.  Ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ин қарори иҷло­сияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст. Зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд. 
  2. Бояд дуруст фаҳмида шавад, ки Созишномаи сулҳ байни Ҳукума­ти қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон ба имзо расидааст. Бартарӣ додан ба амалкарди фавқулодаи ин ё он гурӯҳ ва ҳизби алоҳидаи сиёсӣ дар баргузории даврҳои музокирот аз рӯи адолат ва одобу инсоф нахоҳад буд. Ва ҳеҷ ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин дастоварди умумимиллиро натиҷаи фаъолияти маҳдуди худ баҳогузорӣ намояд.   
  3. Ҷамъбасти фаъолияти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хидмати ҳарбии нерӯҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнопи­сан­дӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти он кас гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Сарвари давлат на танҳо тавонистанд, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар сарҷамъ намоянд, балки инчунин аз байни анбӯҳи нерӯҳои мухолифин ақаллияти конструк­ти­виро пайдо карда, онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намоянд.
  4. Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо низ барои таҳкими пояҳои сулҳу Ваҳдат сахт мусоидат кард. Таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгашти наслҳо ба рӯзгори асли хешро осон гардо­нид, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва  дар ниҳояти кор фалсафаи қавианосири «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ»-ро устувор кард. Ҳам акнун 23 сол мешавад, ки миллати тоҷик дар шароити сулҳу субот ва истиқ­рори миллӣ кору фаъолият ва рушду пешрафт мекунад. Ва бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми диниро тани танҳо ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи ин раванди номатлуб шуд ва паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр наҷиби таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд.

          Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти мураккаби пандемия бо такя ба таҷрибаи сулҳ ва кон­сеп­си­яи мукаммали ваҳдатофаринии худ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ, фаъолияти густурдаи беҳдоштию табобатӣ ва тамоми фишангҳои молиявию иқтисодии ҷомеапазири­ро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати таъсиргузории бемории коронавируси навъи нави COVID-19 муваффақона роҳандозӣ карда истода­аст. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар рӯёрӯи тамоми давлатҳои ҷаҳон вуҷуд доранд. Ҳамчунин бояд ба эътибор гирифт, ки нерӯҳои размандаи ваҳдатзудо ва миллатбадбин тобиши сиёсӣ додани масъалаҳоро дар атрофи мубориза бо вабои фарогир аз мавқеи манфиатҷӯӣ суиистифода хоҳанд кард. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеа барои ҳимояи манфиатҳои давлатдории миллӣ аз фитнаи ноҷавонмардонаи нерӯҳои мухолифин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои иғвоангез овоз баланд кунанд ва воқеиятро ба ҷаҳониён расонанд. Фарҳанги Ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки таъмини бомароми стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихора­мон нуҳуфта аст ва ҳеҷ гуна қувват, ҳатто бемории сироятии фарогир ҳам садди роҳи расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб нахоҳад шуд. 

Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат вобаста ба ин мушкилӣ раҳнамоиҳои умедбахш баён намуданд: «Мо бояд ҳаргиз рӯҳафтода нашавем ва кӯшиш кунему бовар дошта бошем, ки бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем».   

Файзулло БАРОТЗОДА

Фарҳод РОЗИҚОВ

дотсентони кафедраи минтақашиносии хориҷии

факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ