Фирори мағзҳо хилофи гардиши мағзҳо дар Осиёи Марказӣ

461

Санаи 24 декабри соли 2020 бо иштироки ҳайъати устодон ва кормандони Факултети мунсибатҳои байналхалқӣ Маркази омӯзиши минтақавӣ ва муқоисавии Факултети муносибатҳои байналмилалии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби “Фирори мағзҳо хилофи гардиши мағзҳо дар Осиёи Марказӣ”(ба забони англисӣ) (“BRAIN DRAIN VS BRAIN CIRCULATION [CENTRAL ASIA]”). Бардошт аз натиҷаҳои Симпозиуми байналмилалии “Падидаи “фирори мағзҳо” ва табдили он ба “гардиши ақлҳо” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”-ро, ки 25-27 ноябри с.2019 дар ДМТ дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии “Муколамаи тамаддунҳо”- и Олмон (DOC RI) ва дастгирии Бунёди ФолксВагэн (VWF) доир гардида буд, баргузор намуд.
Дар раванди муҳокима аз ҷониби роҳбари Маркази омӯзиши минтақавӣ ва муқоисавии Факултети муносибатҳои байналмилалии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Олимов М.А, дурнамои фаъолияти Марказ иброз гадид, ки он фарогири мавзуъҳои зерин буд:
• Масъалаҳои сарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;
• Масъалаи муҳоҷират дар минтақаҳои куҳистони Осиёи Марказӣ;
• Вижагиҳои таърихӣ ва фарҳангии равандҳои геополитикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ.
Зимни муҳокимарониҳо аз ҷониби ҳозирин вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти марказ ва мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид.
Бо қанатмандӣ изҳор гардид, ки фаъолияти пурсамари Марказ метавонад имкони васеъ дар самти ҳалли масъалаҳои зикршуда фароҳам оварад.