«Созмони Милали Муттаҳид маркази ҳамоҳангии муносибати байни миллатҳост». Оинномаи СММ, соли 1945.
Соли 1945 соли гардиши куллист дар таърихи башарият. Инсоният мудҳиштарин ҷанги хешро паси сар карда, неруи харобиовари силоҳи ҳастаиро бо чашмони худ дид ва ҳамзамон муҳимтарин созмони байналхалқии худ – Созмони Милали Муттаҳидро таъсис дод. Дар саргаҳи он кишварҳои ғолиб – Иттиҳоди шуравӣ, ИМА, Британияи кабир, Фаронса ва Чин меистоданд. Ҷанги мислаш гушношунида ва чашмнодида халқҳоро водор кард, ки бори дигар ба ҳуш биёянд, назми ҷаҳониро бори дигар таҷдиди назар кунанд ва баҳри ояндаи худ, ояндаи сайёра ва башарият муттаҳид шаванд. Имрӯз баъди 75 сол ба СММ ҳамаи кишварҳо ба иловаи Ватикан ва Фаластин шомиланд. Суоле пеш меояд: Оё ин лоиҳаи ҷаҳонӣ ва оламгир муваффақ буд? Созмони Милали Муттаҳид тайи 75 сол ба чи натиҷаҳо расид? Биёед, андеша ва таҳлил намоем.
Тайи 75 соли мавҷудияти худ СММ баҳри таъмини улувиятҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ дар умури байналмилалӣ нақши муассир гузошт. Созмон садҳо эъломияҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналхалқиро ба тасвиб расонд, ки ба масоили ҳифзи муҳити зист, тиҷорати байналхалқӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо бахшида шудаанд. Ҳамзамон тайи солҳои охир СММ ба буҳрони ҷиддӣ рў ба рў шудааст, ки ҳам ба мушкилоти амали худи созмон (ихтилофот дар Оиннома; дастгоҳи бузург ва камсамари бюрократӣ, мушкилоти молӣ, хислати тавсиявӣ доштани қарорҳои асосӣ ва ғайра) ва ҳам нобарориҳо дар пешгирӣ ва танзими низоъҳои байналмилалӣ (нокомии амалиёти эҷоди сулҳ дар Сомали, мавҳумӣ дар амали СММ нисбати Ироқ, Сурия, Афғонистон ва хусусан – амалан дур шудани Созмони Милали Мутаҳид аз ҳалли қазияи Косово ва аксуламалҳо дар баробари таҷовузи НАТО нисбати Югославия) алоқаманданд. Ҳадафи аслии СММ таъмини амнияти глобалӣ ва роҳ надодан ба ҷанги нави ҷаҳонӣ буд. Ва хушбахтона мо ба ин ҳадаф расидем, ҳарчанд ки баъзеҳо «ҷанги сард» – ро ҷанги саввуми ҷаҳонӣ мегуянд. Ҳарчанд ба инсоният муяссар нашудааст, ки низоъҳои мусаллаҳонаро ба осорхонаи таърих гузорад. Тайи 75 сол ҷангҳои маҳаллӣ дар тамоми гушаву канори дунё аланга гирифта буданд: дар Африқо, Осиё ва ҳатто Аврупои ба назар пешрафта ва собиту ором. СММ имруз неруҳои хоси ҳофизи сулҳро дорад, ки дар он намояндагони кишварҳои гуногун хидмат мекунанд, аз он ҷумла тоҷикон ҳам. Миссияҳои сулҳофар ба хунрезиҳо дар Кипр дар соли 1964 (ҳоло дар ин ҷазира минтақаи демилитаризатсияшуда дар байни Ҷумҳурии Кипр ва Кипри шимолӣ мавҷуд аст), дар Гурҷистон дар соли 1993 ҳангоми низоъи гурҷиҳо бо абхазиҳо, дар як қатор кишварҳои африқоӣ, дар Салвадор, ҳангоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон хотима доданд ва имруз дар бисёр манотиқи ноором – Шарқи Наздик, Судони ҷанубӣ, Либиё, Африқои Марказӣ, Афғонистон, Косово ва ғайра амал мекунанд. Вазифаи дигари муҳими СММ риояи ҳуқуқи инсон дар руи Замин буд. Дар соли 1948 Маҷмаъи Умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул намуд. Ҳамзамон бояд ишора намуд, ки ин санади муҳим, ба истиснои меъёрҳои манъ кардани ғуломӣ, азобу шиканҷа ва баъзеи дигар аксаран хислати тавсиявӣ дорад. Чун соҳибихтиёрии кишварҳо арзиши аз ҳама боло эътироф шудааст, созмон давлатҳоро маҷбур карда наметавонад, ки ин ё он санадро ҳамчун қонун қабул намояд. Аз соли 1945 то имруз теъдоди кишварҳои дунё бештар аз ду маротиба афзудааст. Ба ин албатта фаъолияти СММ баҳри ҷонибдории соҳибихтиёр гардидани соҳиб мустамликаҳо мусоидат кард. «Миллатҳо ҳаққи таъини сарнавишт доранд» – омадааст дар Оинномаи СММ. Саҳми СММ дар он хеле бориз аст, ки чорабиниҳо ва амалиётҳои зиёде барои ҳифзи ҳуқуқи инсон гузаронад. Фаъолияти чунин муассисаҳои СММ ба мисли UN-Women; UN Free & Equal, Анҷумани масоили майдамиллатҳои маҳаллӣ; Созмони байналхалқии меҳнат, ЮНЕСКО ва ғайра. СММ ба қурбониёни низоъҳои мусаллаҳона, фалокатҳои табиӣ ва вабоҳо кумаки бузурги башардустона мерасонад. Созмонҳои махсусгардондашудаи СММ (World Food Program, ЮНИСЕФ ва дигарон) дар ҷойҳои фалокатзада дарҳол корро оғоз менамоянд. Аз намунаҳои охир – туфони харобиовар дар ўкёнуси Ором дар соли 2004 буд. СММ барои офатзадагон маблағи зиёде ҷамъ овард, борҳои гуманитарӣ фиристод, волонтерҳои СММ бошад харобаҳои биноҳоро бартараф карда ба мардум ёрии тиббӣ мерасонданд. Тайи 75 соли мавҷудияташ СММ 71 амалиёти ҳифзи сулҳро гузарондааст. Бештар аз 1 миллион нафар ихтиёриён ба сифати ҳофизони сулҳ хидмат карда, ба кишварҳо дар роҳи дастёбӣ ба соҳибихтиёрӣ, баргузории интихоботҳо, халъи силоҳи ҳазорҳо мухолифин ва барқарор кардани тартибот ва қонуният, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ёрии беғаразона расонданд. Тайи ин амалиётҳои сулҳофарӣ 3300 кормандони СММ ҷони худро нисор карданд. Аз он ҷумла дар кишвари мо ҳам дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ 4 нафар корманди СММ қурбони ҷанг шуданд. Аз он давроне, ки 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Точикистон ба СММ пазируфта шуд, аллакай 29 сол гузашт. Таҳлили мухтасари ин амри тақдирсоз нишон медиҳад, ки ҳамкории кишвари мо бо ин созмони оламгири байналхалқӣ марҳила ба марҳила мазмуну мундариҷаи нав пайдо карда самтҳо ва тамоилҳои нав гирифтааст. Тайи ин муддат Тоҷикистон бо кумак ва дастгирии СММ даст аз оташи ҷанги бародаркуш раҳо кард, сулҳу суботро дар қаламрави хеш устувор намуда ба яке аз кишварҳои фаъоли аъзо ва ташаббускори иқдомҳои наҷиб баҳри ҳалли мушкилоти имрузаи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Далели равшани ин гуфтаҳо фаъолияти сиёсиву дипломатии сарвари давлат Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз он вақте Сарвари давлат бори аввал аз минбари СММ 29 сентябри соли 1993 суханронӣ кард, ў борҳо аз минбари ин созмони бонуфуз баромад карда на танҳо аз манфиатҳои миллии давлати соҳибистиқ-лоли Тоҷикистон пуштибонӣ намуд, балки доир ба ҳалли мушкилоти глабалии аҳли башар пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштааст. Яке аз нахустин иқдомҳои Роҳбари давлат Эмомалй Раҳмон дар ҳалли қазияи ҷумҳурӣ ҷалб намудани таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути Созмони Милали Муттаҳид ва истифодаи имкониятҳои ин созмони универсалии байналмилалӣ буд. Дар асоси муроҷиати Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти ҷумҳурӣ Созмони Миллали Муттаҳид чанд иқдомеро амалӣ кард, ки барои ҳалли мушкилоти кишвар аҳамияти калон доштанд. Ба даст овардани оштии миллӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафил ҳамчун намунаи дипломатияи превентивӣ барои кишварҳои гирифтори низоъҳои дохилӣ шуда истифода мешавад. Илова бар он аз соли 2008 то ин инҷониб ба қатори қувваҳои байналмилалии сулҳпарвари Созмони Милали Муттаҳид нерӯҳои полиси Тоҷикистон дохил шуданд, ки дар амалиётҳои сулҳофарии Созмон дар Дарфур ва Судони Ҷанубӣ, ҳамчунин, дар шаҳри Абейи Судон ширкат меварзанд. Чун ҷояш омад, гуфтанием, ки тайи муддати узвияти кишвар бо ибтикор ва талошҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои зерини Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ва пазируфта шуданд: 1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаъи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. 2. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 МУ СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. 3. Ташаббуси эълони 2013- ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи МУ СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. 4. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд. Ин ташаббус аз тарафи Маҷмаъи Умумии СММ бо қабули қатъномае (A/RES/71/222) қабул карда шудааст. Мутобиқи қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуда, он аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Дар ин робита, бояд зикр кард, ки моҳи июни соли 2018, пас аз оғози расмии Даҳсолаи мазкур дар шаҳри Ню-Йорк дар рӯзи ҷаҳонии об (22 март), дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми давлату ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” баргузор гардид, ки зимни он доираи васеи масъалаҳои марбут ба захираҳои об мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 23.09.2020 суханронӣ намуда, пешниҳодҳои зеринро ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим баён намуда буд:
1). Дастгирии истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, ки барои рушди иқтисоди “сабз” заминаи мусоид мегузорад.
2). Мусоидати ҳамаҷонибаи кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилаливу минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.
3). Пурзӯр кардани мониторинги манбаъҳои пайдоиши захираҳои об, бахусус, пиряхҳо.
4).Таҳким бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ ва ба ин мақсад мавриди амал қарор додани пешниҳоди мо дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
5). Аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ расонидани кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои об.
Ҷаҳони имрўза ба хатару ситезаҳои нави амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ рў ба рў гаштааст. Чунин зуҳурот бо равандҳои ҷаҳонишавӣ печиш хўрда, дар баробари онҳо босуръат тавсеа меёбанд ва беш аз пеш ба ҳудуди кишварҳои нав доман паҳн карда, барои амният ва суботи онҳо таҳдидҳои муассир эҷод менамоянд. Мушкилоти кишварҳои алоҳида дар муқобили зуҳуроти мазкур ба он вобаста аст, ки онҳо хислати фаромиллӣ дошта, рафъи онҳо имкониятҳои васеи сиёсй ва иқтисодию молиявиро талаб менамояд. Аз ин рў, ҳалли чунин масоил бе талошҳои дастаҷамъона дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконнопазир буда, ибтикори кишварҳои манфиатдорро дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати баррасиву таҳқиқ ва роҳандозии тадбирҳои муштарак тақозо дорад. Ҳар як ҷашни Созмон албатта моро водор месозад, ки бори дигар ба таърихи он назар андозем. Мо ҳам барои ҷавоб ба саволҳои бешумори чаро СММ-ро таъсис доданд, Созмон чи кореро ба субут расондааст ва аз вай чи фоидааст, ба понздаҳ соли пештар – 2005 назар андозем, ки ҷаҳон он гоҳ дар чи ҳолате буд. Дар сессияи ҷашнии СММ дар моҳи сентябри соли 2005 борҳо таъкид шуда буд, ки Созмон таҷдиди назар ва ислоҳотро мехоҳад. Ислоҳот албатта амалӣ нашуд, идораи дастаҷамъонаи дунё ҳам ба даст наомад. Ба ҷояш имруз шароити низоъбор ва бунбаст, роҳи сарбаста . Ва СММ ҳам кушише баҳри раҳоӣ аз бунбаст накардааст. Вале 75 сол пеш касе оиди «ҳукумати ҷаҳонӣ» андешае ҳам надошт, балки созмонро чун майдони гуфтушунид тасаввур мекарданд, ки дар он метавонем дар мавриди ҳифзи сулҳ баҳсу мунозира карда ба мувофиқа расем. Моҳи январи соли 2005 Ҷорҷ Буш бори дуюм ба маснади президенти ИМА мушарраф шуд. Аммо ў он Буши пешинаи ташаббускори ҷанг бо Ироқ набуд. Амрико, ки ду сол пеш намоишкорона СММ ва ҳуқуки байналхалқиро пушти по зада ҷангро оғоз карда буд, акнун аз СММ дархост мекард, ки бо ягон санаде руйдодҳои Ироқро легитимӣ гардонад. Дар ин ҳол ҷаҳон нафаси сабук кашид: ҷанг барояшон сабақ шуд. Аммо исёни воқеии зидди амрикоӣ сар зад – дар канораи сиёсати байналхалқӣ ва он ҳам аз ҷониби кишварҳое, ки касе чашмдор набуд. Куриёи Шимолӣ эълон кард, ки соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудааст. Дар Ирон раиси ҷумҳури нав – Маҳмуд Аҳмадинаҷот қарор дод, ки аз тирамоҳ ғанигардонии уранро эҳё кунад ва нозирони МАГАТЭ – ро ба объектҳои ядроӣ роҳ намедиҳад, агар қазияи ҳастаии Теҳрон ба муҳокимаи Шурои амнияти СММ пешниҳод шавад. Ҳамзамон изҳороти ҷониби Ирон оиди он ки даврони ҳокимияти Амрико ба охир расид, дар соли 2005 садо дода буд. Ва воқеан ҳам ҳамин тавр буд. Моҳи августи соли 2005 баъди туфони «Катрин» Орлеани нав таги об монд ва тибқи баъзе маълумотҳо то 30 ҳазор одам беному нишон ғайб зада буданд. Амрикоиҳо сару савдо мекарданд, ки чаро давлати абарқудрат наметавонад одамонро берун барад ва тудаҳои одамонеро ки дуздиву ғоратгарӣ мекарданд, ҷазо диҳад. Ва ҷавоб ғайричашмдошт садо дод: ё ҷанг (дар Ироқ) ё бадбахтиҳои дохили хона. Пул ва захира барои ҳар ду намерасид. Ва Ҷорҷ Буш дар сентябри соли 2005 ҷаҳонро наметарсонд, балки ба ҷойи таҳдид бовар кунонданӣ мешуд. То шикасти пурраи Амрико дар соли 2008 се сол ва аз он камтар то интихоби президенти нав Барак Обама монда буд. Он вақт президенти Венесуэла Уго Чавес маъракаи танқиди шадиди Амрикоро оғоз карда буд. Суханони машҳури ў, ки баъди Ҷорҷ Буш ба минбар баромада буд, “ин ҷо ҳоло ҳам буйи гугирд мекунад” барқосо ба тамоми дунё паҳн шуд. Маҳз дар ҳамон вақт дар аксари баромадҳои нотиқон аз минбари СММ андешае садо дод, ки Созмони дар соли 1945 таъсисёфта зарур аст ва онро танҳо таҷдид бояд. Дар Аврупо бошад ба маснади президенти Украина Виктор Ющенко такя зад. Раёсати ў дар кишвар ба нокомӣ дучор шуд ва кӣ медонист, ки ҳоли Украина аз он ҳам бадтар хоҳад шуд. Маҳз дар ҳамин сол инқилоби ранга дар Қирғизистон, исён дар Андиҷон ба амал омаданд. Тақрибан дар як вақт мардуми Фаронса ва Нидерланд алайҳи конститутсияи Аврупо раъй доданд, дар Фаронса ба илова арабҳо исён бардоштанд. Ба назар мерасид, ки маҳз ҳамон сол ороиши саҳнаи буҳрони Аврупо оғоз ёфта буд. Ҳамаи инро бо ҳама каму косташ дар он вақт мушоҳида кардан мумкин буд. Гап дар сари он нест, ки он вақт ба ин руйдодҳо назар андохта воқеаҳои солҳои имрузаро пешгуӣ карда бошем. Гап сари он аст, ки аз дарсҳои имрузаи таърих чи гуна сабақ мебардорем. Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Цзиньпин дар баромади худ аз минбари СММ 1 октябри соли 2015 иброз дошт, ки «Таърих ин ойинааст. Ҷаҳон метавонад танҳо бо дарки сабақҳои таърих аз такрорёбии фоҷиаҳои гузашта раҳо ёбад. Мо бояд ба таърих бо эҳтиром ва масъулона муносибат намоем. Гузаштаро тағйир додан наметавон, аммо худамон метавонем ояндаро эҷод намоем. Мо таърихро на ба он хотир ба ёд меорем, ки бадбин бошем, балки сабақҳои онро омузем. Ин маънои онро надорад, ки побанди гузашта бошем. Баръакс, ҳадафи мо – эҷоди ояндаи беҳтар ва ба дасти наслҳои оянда додани машъали сулҳ аст».
Ва ниҳоят: СММ ҳокими ҷаҳон нест, ба он маънӣ ки Ойинномаи он ягон гуна қудратро бар соҳибихтиёрӣ намепазирад. Кишвар, миллат аввал бунёд мешавад ва баъд ба СММ мепайвандад. Кишварро метавон барои қасд ба соҳибихтиёрии миллати дигар метавон ҷазо дод. Аммо ӯро аз ҳаққи давлат ё миллат будан наметавон маҳрум кард. Аз СММ кишвар ё миллатро берун намекунанд. Аммо ба он шомил шудан душвор аст. Ин аст яке аз мушкилоти Оииномаи СММ ва ҷаҳони имруза. Ҳарчанд ки дар ин мушкилот ва муаммои сарбаста мантиқе ҳам ниҳон аст. Миллат шудан ва миллат будан кори осон нест. Аммо дар ҳама сурат ҷаҳон бе чунин анҷумане, ки дар он ҳама чиз аён ва мавриди андешаронист, вуҷуд дошта наметавонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъияти имрӯзаи ҷаҳон дар қаринаи шиддатёбии рақобатҳои геополитикиву иқтисодӣ ва афзудани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус ҳамлаи гушношуниди бемории COVID-19, ки дар ибтидо ҳамчун буҳрони соҳаи тандурустӣ сар зада, батадриҷ боиси буҳрони азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳонӣ гардид, боз ҳам ноустувору мураккаб ва ҳассос гардидааст. “Имрӯзҳо, – изҳор дошта буд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,- дар баробари мавҷи бесобиқаи бемории КОВИД-19 тавсеаи миқёс ва шиддати терроризму ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои муосир низ нигаронкунанда боқӣ мемонад”. Дар чунин шароит ҷомеаи байналмилалӣ аз кишварҳои дунё чи бузургу чи хурд амалҳои дастаҷамъонаи фаъол ва ҳамоҳангшударо таҳти сарварии Довар ва ҳаками байналхалқӣ – Созмони милали Муттаҳид интизор аст.
Дар вақташ дабири кулли СММ Д. Хаммершилд гуфта буд: «Вазифаи СММ он нест, ки инсониятро ба биҳишт барад, балки он аст, ки ӯ ба ҷаҳаннам наафтад». Ин суханон, албатта одилонаанд. Мо ҳам ба он суханон ҳамроҳ шуда ба Созмон устуворӣ, талошҳои пайгирона ва дастовардҳои минбаъдаро дар роҳи дастёбӣ ба сулҳ ва амнияти байналхалқӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза орзу дорем.
Холаҳмад Самиев – устоди факултети муносибатҳои байналхалқӣ