«Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеоти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон, дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12 ғайринавбатии Шўрои олӣ Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав -Чумхурии Тоҷикистон падид омад. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Бозшинохти ҷумхурии соҳибистиқлоли мо оғоз ёфт.
Бистунуҳ сол мукаддам халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги
тоҷик ба дастоварди бузурги таърихӣ – истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло
мо ин рўйдоди бузургро боэҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як
ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту
хулосабарориҳои рўйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрўза ва
чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нуқтаи назар истиқлолияти давлатӣ
барои миллати соҳиб-тамаддуни мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки
силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро
аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.
Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва
боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад.Тоҷикистон
маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф
гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ
намуд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад
Ба Истиклоли механ сачда орам,
Намозамро ба даргохаш гузорам.
Бихонам ояти шукронааш беш,
Ки хаст он хадяи Парвардигорам.
Истиқлолият
дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи
сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти
таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгў ба манфиатҳои халқу кишвар ва
эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Роҳи таърихие, ки мову шумо дар бист
соли охир тай кардем, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри
маҳол менамуд. Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо
истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи
барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанўз ҳазор
сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба
гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро
дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони
мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро
тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти
мамлакат дар маҷмўъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Даҳҳо
ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сўзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор
гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор
модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда
аз 50 ҳазор кўдакон ятим монданд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва
шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани
миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурўҳҳои
бегонапараст, нерўҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои
солими ҷомеаи мо дар як муддати кўтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ
ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.
Бо мақсади барқарор намудани сохти
конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI –
уми Шўрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли
мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд. Имрўз бо гузашти қариб 30- сол бо возеҳияти
тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI – уми Шўрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо
чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дўши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги
хонумонсўз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге
афтода буд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба
хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон
менамуд. Бо ташаббус ва кўшишҳои пайвастаи ҳукумат гуфтушунид бо мухолифин ба
хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ оғоз гардид. Дар натиҷаи музокироти
тўлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфтанд, ба мо муяссар шуд, ки барои амалӣ
намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом
дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расонем.
Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори
сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини
халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон
аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.
Дар чахоряки асри 21 мо падидаву омилҳои
сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи
халқамон омўхта, бо дар назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои
пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш
гирифтем.
Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-ноябри соли 1994, Конститутсияи
нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата
ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи
мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва
давлатдории миллӣ гузошта шуданд. Маҳз дар ҳамин давра мо ба ташаккули ҷомеаи
шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош
меварзанд, шурўъ намудем. Имрўз аз ҷониби ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи
шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва
воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби
рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори
конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву
иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот
бароварда шуд; яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва
нерўҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор
дода шуд.
Бо дарназардошти роҳи пуршебу
фарози дар тўли ин солҳо тайшуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доим
таъкид месозанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр
азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи
ватандўстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.
Мо вазифадорем, ки барои таквият ва тахкими бештари мавкеи минтакавй ва байналмилалии Ватани махбуби худ -Точикистон пайгирона ва муназзам талош намоем.
Хучаста
бошадо иқболи
точик,
Ба парвози навин шахболи точик.
Гар истиқлолаш испиқбол дорад,
Хумоён бод истиқлоли точик.
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз хам машхуртар гардидани он кушишу гайрат намоем. Поянда бод истиклолият ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Ҳабибҷон Мирзоев-Устоди кафедраи
Муносибатҳои байналхалқӣ.