«Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад».
Аз Паёми солонаи Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ
Дар миқёси ҷаҳонӣ зуҳури терроризми байналмилалӣ боиси дарки он гардид, ки яккақутбии геополитикии ҷаҳон, ки баъзе кишварҳо ба он саъй доранд, ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои худи давлати ташаббускор хатарнок мебошад. Тамоюли равшани афзоиши рақобати байнидавлатӣ ва фаромиллӣ мушоҳида мешавад: кишварҳои пешқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иттиҳодияҳои онҳо ҳамгироиро вусъат дода, тамоюлҳои марказгурезиро бомуваффақият бартараф мекунанд. Аз ин рӯ, қобилият ва омодагии давлат, сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсус барои вокуниши саривақтӣ на танҳо ба таҳдидҳои хориҷӣ, балки ба чолишҳое, ки аз ҷониби нерӯҳои ифротгаро ва ҷудоихоҳ дар кишвари мо дар назди роҳбарияти давлат қарор доранд, имрӯз аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Дар марҳалаи кунунии рақобати геополитикӣ, ки яке аз воситаҳои асосии назорат бар ҳудуд ва афзоиши ҳузури фаъол дар минтақаҳои муайяни сайёра ба шумор меравад, нерӯҳои сиёсии ифротгаро бо ақидаҳои тундгароӣ ва қобилияти ба куллӣ тағйир додани манзараи сиёсӣ дар як ҳолати муайян, фишанги асосии таъмини манфиатҳои геополитикии қудратҳо маҳсуб мегарданд. Дар баробари ин маҳз фаъолияти чунин гурӯҳҳо ба меъмории муносибатҳои байналхалқӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсир мерасонад. Гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ метавонанд бо тарзҳои гуногун фаъолият намоянд: мустақилона, яъне бидуни кӯмаки беруна ё бо дастгирии пардапӯшонаи давлатҳо ва созмонҳои муайян ба онҳо. Дар ин замина гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчун нерӯи зарбазан амал карда, саъю кӯшиши худро барои тағйир додани фазои геополитикӣ ба нафъи субъектҳое, ки аз онҳо вобастаанд, равона мекунанд. Истифодаи ин сохторҳо бахусус дар минтақаҳои муҳимми коммуникатсионӣ, транзитӣ, стратегӣ ва дорои захираҳои бузурги табиӣ бештар ба назар мерасад. Мусаллам аст, ки дар шароити рушди бесобиқаи иқтисодию саноатӣ ва коҳиши захоири маводи сӯхт рақобат барои касби манбаъҳои нав меафзояд.
Аз ҷониби дигар, минтақаҳои пешрафта аллакай низоми истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва истифодаи онро роҳандозӣ намуда, бо ин ё он восита ба чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо қудратҳо ҷалб гаштаанд (ҳатто ҳудудҳои таърихан мутаалиқ ба кишварҳои пешсаф имрӯз зери суол қарор мегиранд, масалан ҷазираи Гренландия). Нуктаҳое, ки барои онҳо мубориза идома дорад, ин манотиқи дар ҳоли рушд ва қафомонда мебошанд, ки дорои захираҳои бузурги табииянд. Ҳамзамон дар кишварҳои миллӣ ва тозаистиқлол, ки ташаккули ҳувияти миллӣ ва айнияти қавмӣ дар ҷараён мебошад, барои ворид намудани ақидаҳои ифротӣ ва истифодаи неруи ифротгароён аз ҷониби қудратҳои манфиатталаб воситаҳо бештар мебошанд. Аз ҷониби дигар, дар қиёс бо равандҳои ҷаҳонишавӣ рақобати тамаддунҳо сурат гирифта, қудратҳо ҷиҳати тақвияти нуфуз, фарҳанг, мақом ва ҳатто дину мазҳаби худ аз ғояҳои ифротгароӣ ва неруҳои ифротӣ истифода менамоянд. Осиёи Марказӣ бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ, нуктаи муттасили тамаддунҳои гуногун ва абарқудратҳои мухталифи дунё, захираҳои бузурги табиӣ ва бозори ояндадор барои қудратҳои олам ҳамчун минтақаи муҳим арзёбӣ мегардад. Рақобати геополитикие, ки дар атрофи минтақа идома дорад, аз ҷумла истифодаи ғояҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро дар бар мегирад.
Дар ин замина мебояд талошҳои калидии созмонҳои ифротгароро дар самти тағйир додани фазои геополитикӣ таъкид намуд. Аввалан, бояд қайд кард, ки тамоюли возеҳи сохторҳои ифротӣ барҳам задани истиқлолияти кишвар бо мақсади ташаккули минбаъдаи давлатдории худ мебошад. Дар асоси самти муайяншуда дар аксар маврид идеологияи сепаратизми этникӣ ва мазҳабӣ қарор дорад, ки шуури ҷамъиятиро ба зарурати таълиму тарбияи як гурӯҳи муайяни этникӣ ё иттиҳодияи динии давлатдории он равона месозад. Дар ин замина, самти зикршуда асосан дар асоси амалисозии нақшаҳои ҷудокунии миллӣ ва мазҳабӣ бо истифода аз амалҳои харобиовар алайҳи институтҳои амалкунандаи ҳокимияти сиёсӣ ва инчунин ба он қисмати аҳолӣ нигаронида шудааст, ки майли ҷудошавиро дуруст намешуморад.
Сониян, табдили фазои геополитикӣ дар заминаи созмон додани сохторҳои ифротӣ дар қаламрави кишвар манотиқи махсуси ҳарбию сиёсӣ, ки дар навбати худ дар асл берун аз назорати ниҳодҳои сиёсии ҳукумати марказӣ қарор доранд, ошкор мешавад. Зуҳури чунин ҳудудҳои идоранашаванда ба ягонагии сиёсии мамлакат таъсири калон мерасонад. Таҷрибаи талхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин воқеиятро ошкор намуда буд.
Ҷанбаи дигари асосии амалҳои созмонҳои ифротӣ ин фаъолиятест, ки ба дигаргунсозии назарраси фазои маънавию фарҳангии ҷомеа нигаронида шудааст. Аниқтараш, онҳо мекушанд, ки дар шуури аксари ҷомеа дастурҳои арзишии худро оид ба рушди иҷтимоӣ ворид намоянд, алгоритми шуури сиёсии ҷомеаро ба лоиҳаи худ мувофиқ созанд. Бо такя ба онҳо неруҳои ифротӣ кӯшиш мекунанд, ки шароити заруриро барои дигаргуниҳои назарраси низоми ташаккулёфтаи сиёсӣ муҳайё созанд. Аксар вақт ин раванд тавассути бунёди ҷанги воқеии иттилоотӣ, ки ба ишғоли фазои иттилоотии давлат нигаронида шудааст, сурат мегирад.
Дар марҳилаи имрӯзаи гузариш ба сатҳи нави рушди соҳаи иттилоотӣ назорати пурраи мақомот бар фазои иттилоотӣ имконнопазир гардидааст, ки дар он муборизаи фаъол барои нуфуз дар ин самт ҷараён дорад. Олимон таъкид мекунанд, ки дар сохтори васоити ахбори омма муошираткунандагон ва хабарнигорони нав пайдо шудаанд. Аммо дар ҷомеаи мо фаъолияти воситаҳои ахбори омма то ба дараҷае номуайян аст, зеро иерархияи нави эҳтиёҷот ва манфиатҳо ташаккул меёбад. Дар натиҷа коҳиши худидоракунии иҷтимоӣ, худшиносӣ ва рушди сиёсӣ ба амал меояд. Асосан, муҳтавои ифротгароӣ бо тамаркуз ба тарғиби кинаю адовати мазҳабӣ ва ақидаҳои ифротӣ хос аст, ки бо оҳангу шиорҳои исломӣ фаро гирифта шудаанд. Ба қавли Пешвои миллат гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав амалҳои худро таҳти унвони шиорҳои диниву мазҳабӣ амалӣ мекунанд, ки дар асл ба дини мубини ислом иртиботе надорад, балки амали ин гурӯҳҳо, пеш аз ҳама, боиси осебу азияти мусулмонон мешавад.
Дар асоси муқаррароти дар боло зикршуда, метавон натиҷагирӣ намуд, ки принсипҳои асосии ақидаҳои ифротгароӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ифротӣ бояд пеш аз ҳама, таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳар гуна мухолифатро дар бар мегиранд; дуюм, таъсири равонӣ ба шуури омма барои татбиқи муносибатҳои идеологии дорои хусусияти экстремистӣ; сеюм, расидан ба мақсадҳои гузошташуда бо ҳар восита, аз ҷумла ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, дар қиболи терроризм ва муқовимати ошкорои мусаллаҳона бо мақсади ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти мавҷудаи давлатӣ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористиву экстремистӣ, ки имрӯзҳо шаклу усулҳои тозаро ба худ касб кардаанд, ҷуғрофиёти худро васеъ намуда, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва дигар амалҳои экстремистиро тағйир додаанд. Ғасби қаламравҳои Сурия аз ҷониби гуруҳи террористону экстремистон, ки дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳастанд, барои минтақа хавфи зиёдро ба миён овардааст. Ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда (29 адад) бо аксарияти ин сохторҳо робитаҳои устувору қавӣ дошта, дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.
Дар муқобили ғояҳои ифротгароӣ пеш аз ҳама дарк ва донистани арзишҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва миллӣ зарур мебошад. Яке аз қишрҳои асосии мубориза бо ин падидаи манфӣ ҷавонон ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат ва Ваҳдати миллӣ, аз ҷавонони ватандӯст талошу омодагии доимиро талаб мекунад.
Шарти муҳим ва чораи зарурӣ барои ноил шудан ба муваффақият дар пешгирии идеологияи экстремизм ва терроризм иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳар як узви ҷомеа дар ин раванд мебошад. дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3 ҳазор созмонҳои ғайриҳукуматӣ фаъолият доранд, ки дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм шарикони баробар мебошанд. Онҳо, аз ҷумла метавонанд дар таҳия, қабул ва татбиқи санадҳои меъёрӣ, барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ ширкат намоянд.
Ҳадафи мо бояд аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, дарки мақсад ва сиёсатҳои ин гурӯҳҳо ва мубориза бо онҳо бошад, то натавонанд ба мақсадҳои шуми худ дар ноором сохтани ҷомеа бирасанд. Айни замон дар ҷаҳон рақобати маънавӣ ва фарҳангӣ босуръат ҷараён дошта, дастоварди шаҳрвандон ҳамчун комёбии кишвар ва бохту ҷинояти шаҳрвандон омили муаррифии манфии мамлакат арзёбӣ мегарданд. Новобаста аз он ки, имрӯз тамоми ҷомеаи солимфикри ҷаҳон бар он муътақид аст, ки террорист, ифротгаро ва тундгаро миллат, мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад, вале бо вуҷуди ин, қудратҳои ҷаҳонӣ бо истифода аз шаҳрвандони гумроҳшудаи баъзе кишварҳо ба нуфуз, фарҳанг ва таърихи онҳо зарба зада, мехоҳанд аз шаҳрвандони ин мамлакатҳо ҷеҳраҳои номатлуб сохта бошанд. Ба хусус, ки дар қаринаи тавсеаи ғояҳои пантуркистӣ, ақидаҳои хурофотӣ, рақобати арзишҳои суннатӣ бо арзишҳои умумиғарбӣ ин тамоюл вусъат меёбад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии таърих ва фарҳанги миллат иқдомҳои беназир намуда, бо бузургдошти абармардони фарҳангу маънавиёт, илм ва маърифат ва ташаббусҳои обу иқлим ва сулҳу муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои муосир миллати куҳанбунёди тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намудааст.
Дар сатҳи геополитикӣ ин муваффақияти халқи тоҷик ба чашми қудратҳои бузург халида, кӯшиши таъсиррасонии манфӣ ба имиҷи мардуми кишвар тавассути васоити ахбори омма ва фазои маҷозии умумиҷаҳонӣ ба таври ошкоро сурат мегирад. Аз ин рӯ, барои ҳар як шаҳванди бонангу ори кишвар зарурати дарки масъулият ва муаррифии сазовори давлат ва миллат зарур мебошад. Зеро надонистани таъриху фарҳанги хеш, сарфаҳм нарафтан ба арзишҳои таҳаммулпазири дини мубини ислом, пайравӣ аз хурофот, ҷаҳолат ва таассуб фардро туъмаи гурӯҳҳои ифротгаро намуда, ҳамчун қурбонӣ ва омили манфиатҳои бегонагон мегардонад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд, то аз номи худ, оила, миллат ва давлати худ дуруст намояндагӣ карда, фарҳанги воло, хиради азалӣ ва ҳусни ҳамҷавориро дар амал ва гуфтори худ инъикос намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки тамоми хатарҳо, ки аз ифротгароии хушунатомез ва терроризми байналмилалӣ бармеоянд, дар муқобила бо ин таҳдидҳо фаъолона иштирок менамояд. Аз ҷумла, аз соли 2016 аз ҷониби давлат Стратегияи миллии муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм амалӣ карда шуда, доир ба ин масъала конфронсҳои сатҳи баланд дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалӣ намудани онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад.
Дар сатҳи байналмилалӣ низ танҳо ваҳдати талошҳои кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи онҳо метавонад ин хатари умумиро рафъ сохта, заминаи мустаҳкамро барои суботи сиёсӣ, сулҳ ва шукуфоӣ фароҳам орад.
Шарипов Амриддин, н.и.т.,
дотсенти кафедраи муносибатҳои
байналмилалии ДМТ







