ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУБОРИЗА БАР зидди ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОН

9

Як далели рӯшани мавқеи меҳварӣ ва асосӣ доштани Тоҷикистон дар самти мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва решакан кардани аҳдофи террористию экстремистӣ баста шудани паймони абадии дӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни Қирғизистон ва Узбекистон маҳсуб меёбад, ки моҳи марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати таҷлил аз ҷашни ҷаҳонии Наврӯз иттифоқ афтод. Ин истиқболгириҳои шоистаи Тоҷикистон дар шахсияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони кишварҳои Қирғизистон ва Узбекистон нишонаи он буд, ки кишвари мо талабгор ва хоҳони барҳам задан ҳаракатҳои террористию эктсремистӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст. Албатта, баста шудани ин паймони рафоқат худ дар самти мубориза бо гурӯҳҳои ифротгароӣ ва аз байн бурдани ҳаракатҳои террористию эктстремистӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ин дидорҳо ва суханрониҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон мушаххас ва возеҳ буд, ки ҷонибҳо дар талаби пиёда кардани ҳадафҳои мубориза бо терроризму экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон мебошанд. Яъне, тарафҳо дар ин марҳилаи муҳим ва тақдирсоз эҳсос карданд, ки таъмини ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни ин се мамлакати таърихан ба ҳам дӯсту ҳамҷавор қадами аввал, устувор ва ҳадафрас гузоштан баҳри мубориза ба гурӯҳҳои террористию эктстремистӣ маҳсуб меёбад. Ҷонибҳо дарк карданд, ки ҳоло дар минтақа гурӯҳи террористие бо номи “Толибон” вуҷуд дорад, ки бо ин дастаи даҳшатафкан тақрибан имконияти созиш кардан вуҷуд надорад ва танҳо дар сурати бо ҳам будан ва тақвият додани нерӯҳои ҳамдигар метавон кишварҳоямонро аз хатари ин ва дигар гурӯҳҳои террористию эктсремистӣ дар амон нигаҳ дошт.

Албатта, амалӣ кардани ин кор ва фароҳам овардани шароит барои баста шудани паймони дӯстии абадии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз хиради азалӣ ва эҳсоси баланди созандагии Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, зеро эшон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан эҳсос карданд, ки бидуни ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан давлатҳои Осиёи Марказӣ имкони муборизаи беамон бурдан бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вуҷуд надорад. Бо ин ҳадафи олӣ эшон дар ҳар дидори хеш бо созмонҳои байналмилалӣ, сарони кишварҳои ҷаҳон ва Осиёи Марказӣ мубориза бурдан ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ва дорои хусусиятҳои террористию эктремистиро як бахши асосии суҳбатҳои хосаи хеш қарор медиҳанд. Метавон аз ин ҳама созмон додани мулоқотҳои судманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва сарони кишварҳои олам, махсусан роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хулоса кард, ки ҳеҷ дидоре бидуни баррасӣ кардан ва дар миён гузоштани масъалаҳои марбут ба соҳаи муборизаи беамон бурдан ба гурӯҳҳои террористию эктсремистӣ намегузарад. Яъне, Пешвои муаззами миллати мо дар ҳар мулоқоти хеш, ки пайдарпай баргузор мешаванд, иброз медоранд, ки ягона василаи мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм даст ба дасти ҳам додан мебошад. Махсусан, дар манотиқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ин зуҳурот бештар мушоҳида мешавад, бидуни ҳамбастагӣ наметавон ба натиҷаҳои назаррас дар самти мубориза бо терроризму экстремизм даст ёфт. Гузашта аз ин, намояндагони созмонҳо бо ҳамтоёну ҳамкасбони хеш сари ҳар чанд вақт вомехӯранд ва масъалаҳои марбут ба соҳаи мубориза бо терроризму эстремизмро дар минтақаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон дар миён мегузоранд.

Бояд гуфт, ки ин дидорҳои мутақобилан судманд миёни созмонҳои ҷаҳонии мубориза бо ифротгароӣ, сохторҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ниҳодҳои ба ин соҳа марбути Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Махсусан, мо тавассути расонаҳо борҳо шоҳиди мулоқоти намояндагони ниҳодҳои гуногуни алоқаманд ба соҳаи мубориза бо терроризму экстремизми ҷаҳонӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаем, ки ин дидорҳо боис ба тақвият ёфтани кори мубориза дар самти аз байн бурдани гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳаракатҳои террористию эктсремистӣ дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбад. Махсусан, шояд ҳамагон дар хотир дошта бошем, ки соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки то 30 март идома кард. Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии директор оид ба ҳамкории глобалии Котиботи генералии “Интерпол” Абдулазиз Убайдулло бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо доир шуда буд.Дар ҷаласа масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Ташкилоти байналмилалии «Интерпол», амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибат дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Имрӯзҳо, ки ҷаҳон бо хатари гурӯҳҳои террористӣ зиёд рӯбарӯ мешавад, чунин нишасту дидорҳо дар кишвар ва берун аз кишвар зиёд доир мешаванд. Ҳадафи ин ҳама гуфтушунидҳо як аст; муборизаи беамон бурдан бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстрамизм. Ин ҳама чораандешиҳо нишонаи он аст, ки мо аз беш аз пеш зуҳур кардани ҳаракатҳои террористию экстрамистӣ воқифем ва дар роҳи мубориза бурдан бо он ҳамаҷониба омадаем. Гузашта аз ин, мо бо барпо кардани дидорҳо бо намояндагони созмонҳои марбут ба ин соҳаи ҷаҳонӣ, кишварҳои олам, махсусан мамолики Осиёи Миёна қонеъ нестем. Дар ин баробар, дар дохили кишвар низ садҳо ҳадафи муассисири дигарро роҳандозӣ кардан дорем, ки дуруст ва мақсаднок амалӣ кардани онҳо моро дар ин солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм аз ҳар лиҳоз тавонову ҷасур кардааст. Махсусан, метавон аз чанд барномаи давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ ёд овард, ки имрӯзҳо дар ҷараёни пиёда кардани ҳадафҳои таълимиву тарбиявӣ татбиқ гаштаистодаанд ва ниҳояти амалӣ кардани ин кори шоиста маҳв кардани афкори ифротгароӣ ва шинохти асолати гурӯҳҳои террористию эктсремистист. Яъне, агар миллат ба тамом аз ин хатарот огоҳ бошад, метавонад, ҳадафҳои дурусту манфиатбахше барои худу ояндагонаш бигзорад ва муҳимтар аз ҳама дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ заминаҳои мусоид фароҳам биёрад. Умед мебандем, ки мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар пиёда кардани ин ҳадафҳои созанда беш аз пеш муваффақ мешавем.

Асламшоевна Фотима Асламшо – н.и.т., муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ