ТАТБИҚИ ҚОНУН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ

8

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карданд, ки сарфакорӣ ва сариштакорӣ яке аз унсурҳои муҳим барои пешрафти устувори иқтисодии кишвар мебошад. Ҳамзамон, Пешвои миллат ҳамеша исрофкорӣ, зиёдаравӣ ва хурофотпарастиро ба шиддат маҳкум менамоянд.

Имрӯз табқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети муносибатхҳои байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиззода Бурҳониддин Абдулазиз суҳбати судманд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур устодону донишҷуёни факултет ширкат карданд. Абдулазиззода Б. дар бораи сабабҳо, ҳадафҳо ва нуқтаҳои муҳими қабули қонуни мазкурро шарҳ доданд. Инчунин, қонуни мазкурро аз давраи қабул бо таъғироту иловаҳои то ба имрӯз бо он воридшуда ба кормандон тавзеҳ доданд. Дар охир зумрае аз устодони факултет низ баромад намуданд. Байни иштирокчиён ва маърузачӣ саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифт.