Субҳи имрӯз (29.11.2025) дар Маҷмааи муосири варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки фаъолонаи устодон ва кормандони факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳ баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонон ва ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим доир мегардад.
Барномаи машғулиятҳо аз машқҳои сабуки пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, ба тадриҷ машқҳои гуногуни обу тоби бадан, аз ҷумла бозиҳои дӯстонаи футболро дар бар гирифт.









