Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад». Зеро агар аз коррупсия як гурӯҳи хурди ҷомеа манфиатдор бошанд, вале таъсири манфии он ба тамоми мардум ва давлат мерасад.
Коррупсия, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва паҳлуҳои мухталифи падидаи мазкур дар шароити имрузаи инкишофи давлатҳои ҷаҳон ба яке аз проблемаҳои мураккаб ва ислоҳнопазир табдил ёфтааст. Он диққати донишмандони тамоми соҳаҳои илм, аз ҷумла гуманитариву табиӣ ва ниҳодҳои идоракуниро ба худ ҷалб намудааст. Олимон ва идоракунандагони сатҳи мухталиф ба он мекӯшанд, ки ҳарчи бештар ба дарёфти муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои гуногуни он муваффақ гарданд. Бо пайдо шудани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар ҷаҳони имрӯза равандҳои коррупсионӣ дар навъ ва шаклҳои мухталиф зуҳур меёбанд. Моҳиятан онҳо ба масъалаҳои мураккабтарини глобалӣ ҳамрадиф гардидаанд. Зеро оқибатҳо ва натиҷаҳои равандҳои коррупсионӣ аз масъалаҳои дигари глобалӣ дар ҳаёти инсоният зиёни кам намеоранд. Яъне, коррупсия ба таври саросарӣ ба ҳаёти осоиштаи одамон бевосита таҳдид намуда, сабабу омили асосии пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ мегардад.
Коррупсия, дар баробари терроризму экстремизм, фурӯши силоҳ ва одамдуздӣ, яке аз амалњои тањдидомези замони муосир ба шумор рафта, дар аксари давлатњо дар сатњи гуногун амалї мегардад ва доираи васеътарини одамон ва умумиятњои иљтимоиро фаро мегирад. Фаъолияти коррупсионї ќариб дар тамоми соњањои идоракунии кишварњои гуногун ҷиҳати ҳалли ин ё он масъалаи иҷтимоӣ дида мешавад. Раванди мазкур аз худ пайомадњои зиёди манфию иртиљоиро дар раванди инкишоф ва рушди давлату миллат боќї мегузорад. Пеш аз њама, он ба заминањо ва захирањои инкишофи сиёсї, иќтисодї, фарњангї ва иљтимоии љомеа зарари љиддї мерасонад. Махсусан, дар њаёти сиёсї равандњои коррупсионї аз худ бештар дарак медињанд. Ќисме аз сиёсатмадорон ва њатто аз љумлаи субъектњои заифтарини сиёсат низ барои њимояи манфиатњо ва њалли масъалањои гуногун амалњои коррупсиониро мавриди истифода ќарор медињанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукуматҳои бисёр кишварҳо кайҳо пай бурдаанд, ки коррупсия ба ҷомеа зарари бузурги моддӣ, сиёсӣ ва маънавӣ мерасонад, аз ин рӯ, онҳо ба мубориза бо коррупсия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, дарк карданд, ки коррупсияро танҳо дар сурати мавҷуд будани иродаи қавии маънавӣ, устувории сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бо роҳи татбиқи ҳукумати электронӣ мағлуб кардан мумкин аст.
Ба фикри теъдоде аз донишмандон, омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ дар самти мубориза бо коррупсия ва иҷрои стандартҳои мубориза бо он ба эҷоди механизмҳои боэътимоди мубориза бо падидаи мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кумак мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки дар мубориза бо коррупсия ба пешравиҳои назаррас кишварҳои аз қабили Дания, Финландия, Шветсия, Канада, Нидерландия, Австралия, Сингапур, Люксембург, Швейтсария, Олмон, Британияи Кабир, Исроил, Фаронса ва ИМА ноил шудаанд. Роҳҳои мубориза бо коррупсия дар ин кишварҳо хеле гуногунанд: аз эҷоди қонунгузории муассири зиддикоррупсионӣ ва бо стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ то тарғиби васеии оммавии риояи қонун ва натиҷаи содирнамоии амалҳои коррупсионӣ, ташвиқи рафтори баланди ахлоқии кормандони давлатӣ ва риояи этикаи касбӣ. Инчунин, коррупсия дар ҳама сатҳҳо ва ҳама паҳлӯҳои он таҳти назорат гирифта шуда, амалияи сиёсати зиддикоррупсионӣ ба таҳкими волоияти қонун ва беҳбуди фазои маънавию равонӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст.
Коррупсия яке аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки рушди муназзами ҷомеа ва давлатро халалдор месозад. Аз ҳама бештар, ин падида ба амнияти миллӣ — яъне истиқлолият, суботи сиёсӣ, амнияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар — таъсири манфии амиқ мерасонад. Ин падида ба пояҳои давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид карда, беэътимодиро байни шаҳрвандон ва ҳукумат эҷод мекунад. Сарфи бесамари маблағҳои давлатӣ, барномаҳои рушд ва грантҳо дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ боиси зуҳури гурӯҳи манфиатхоҳ, амалӣ нагаштани ҳадафҳои рушди миллӣ, паст рафтани сатҳи некуаҳволӣ, коҳиши эътимод ба низоми давлатдорӣ ва адами боварӣ ба ояндаи дурахшон – яке аз омилҳои зиндагӣ ва ҳадфмандии ҳар як фард мегардад. Ин масъала на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Давлате, ки муборизаи муассир алайҳи коррупсия намебарад, дер ё зуд бо хатарҳои ҷиддии дохилӣ ва беруна рӯ ба рӯ мегардад.
Мирзоев Ҳабибҷон – номзади илмҳои таърих, устоди факултети муносибатҳои байналхалқӣ.







