ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ТАШАББУСКОРИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР СИЁСАТИ ҶАҲОНӢ

17

Дипломатияи об дар заминаи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар муносибатҳои байналмилалӣ ба яке аз абзорҳои сиёсати хориҷии давлат табдил ёфта, дар самти устуворгардонии мавқеи Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад. Илова бар ин, давлатҳои дигари ҷаҳон низ ба пешбурди сиёсати хориҷӣ дар соҳаи об таваҷҷуҳ намуда, ҳоло гурӯҳи давлатҳои “дӯстони об” барои танзими мушкилиҳои глобалӣ дар соҳаи об дар атрофи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҷамъ шудаанд. Масъалаи захираҳои об ва идоракунии устувори он дар асри XXI ба яке аз чолишҳои асосӣ ва муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ташаббусҳои стратегии худро вобаста ба ин масъала ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст. Маҳз ҳамин иқдомҳои давлатӣ ва дипломатии сатҳи баланд Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои калидии сиёсати обии ҷаҳонӣ табдил додаст.

Бо пешниҳоди мустақим ва роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи СММ як қатор қарорҳо ва барномаҳои муҳими глобалӣ қабул гардиданд, ки ҳадафи онҳо таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи захираҳои об ва ташаккули сиёсати устувори обӣ дар миқёси сайёра ба шумор меравад.

Бояд таъкид намуд, ки бори нахуст, 1 – уми октябри соли 1999, дар Иҷлосияи 54 – уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмон масъалаи обро ба миён гузошта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қабул намуда, 20 – уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55 – уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд.

Ин аввалин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфта шуд. Дар доираи эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза дар миқёси ҷаҳонӣ конфронсу мизҳои мудаввар ва форуму чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор гардид. Аз ҷумла, аз 29 – уми август то 1 – уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза шуда гузашт, ки баргузории Форум барои таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи ошомиданӣ ва андешидани чораҳои муҳимму зарурӣ дар роҳи таъмини аҳолӣ бо ин сарвати бебаҳои табиат нақши бузург гузоштааст.

Дар чаҳорчӯбаи ин ҷанба ва дар партави ташаббусҳои созанда дар соҳаи об («Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»), Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025)), ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст, муваффақияти дипломатияи кишвар эътироф гардида, татбиқи ташаббусҳои навро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ пеш аз ҳама СММ пешбинӣ менамояд. Соли 2013 бо мақсади таҳкими шарикии кишварҳои узв дар самти истифодаи самараноки захираҳои об соли «Дипломатияи об» эълон гардид. Шурӯъ аз ҳамон сол ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дорад, ки тавассути рушди дипломатияи об барои наслҳои оянда қарорҳои муҳим қабул намояд.

Бояд гуфт, ки якдилона пазируфтани ин иқдомҳои Тоҷикистон аз мантиқӣ, зарурати ҳаётӣ ва саривақтии онҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Ин далели самаранокии дипломатияи тоҷик аст. Ҳадафи аслии ин ташаббусҳо эҷоди платформаҳо ё ташкили гурӯҳҳои муштараки корӣ барои ташкили муколама, табодули маълумот ва иттилоот ва дар ниҳоят таҳияи созишнома дар бораи идоракунии муштараки захираҳои обӣ ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми апрели соли 2015 зимни баргузории Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея пешниҳод намуданд, ки солҳои 2018–2028 Даҳсолаи байналмилалии амал зери унвони «Об барои рушди устувор» қабул карда шавад. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми декабри соли 2016 дар ҷаласаи 71 – уми худ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018–2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал миёни кӯшишҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ӯро роҷеъ ба ҳалли мушкилоти об махсусан таъкид кардан лозим аст, ки дар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба масъалаҳои ҷойдошта нақши муҳим доранд.

Бо ифтихору сарфарозӣ ҳамчун як тоҷик метавон гуфт, ки пешниҳоди чоруми Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Ҳамин тариқ, ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин Даҳсола, субҳи 20-уми июни соли 2018 дар Кохи Сомон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» кори худро оғоз кард. Барои иштирок дар ин конфронс сарони кишварҳои Покистон, Афғонистон, Туркманистон ва беш аз 1500 коршинос аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Кори ин конфронс ба амалӣ гардидани даҳсолаи мазкур аҳаммияти хеле калон дошт. Дар ин конфронс Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамоҳангсози ниҳоди назоратии масъалаи озуқаворӣ Герда Верберг суханронӣ намуда, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва пешсафии он дар ҳалли масоили ҷаҳонии вобаста ба об баҳои баланд доданд. Қобили зикр аст, ки натиҷаҳои кори ин конфронс метавонад ба раванди татбиқи Даҳсолаи мазкур такони тоза бахшад.

Хулоса Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои раёсаташ бо пешниҳоди ташаббусҳои калидӣ дар сатҳи СММ, дипломатияи обро ба яке аз самтҳои муҳим ва созандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил дод. Иқдомҳои ӯ барои ҳалли масъалаҳои обӣ, таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувор на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон аҳамияти бузург доранд. Маҳз бо ин фаъолият, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати ташабускори сиёсати ҷаҳонӣ об эътироф мегардад.

Муовини декан оид ба таълимифакултети муносибатҳоибайналхалқӣ Баҳриддинзода Бахтиёр