
(бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар асоси Нақша-чорабиниҳо дар факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳ ба ифтихори таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солгарди “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари илмию назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – кафили таҳкими Истиқлоли миллӣ ва рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир карда шуд.
Ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.
Декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Ҷаъфарзода С.Х., нахуст ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солгарди “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуда, зикр намуд, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Дар идома, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, н.и.т., дотсент Асрориён Ҷонибек дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори низоми давлатдории миллӣ” баромад намуда, доир ба саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ, барқарории сохторҳои давлатӣ ва пешбурди сиёсати фаъоли хориҷӣ дар арсаи байналмилалӣ суханронӣ намуд.
Зимнан мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ дотсент А.Н. Шарипов дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ, н.и.т., дотсент Самиев Х.Д. дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устуворсозӣ ва таҳкими амну субот дар Осиёи Марказӣ” марӯза намуда, оид ба масъалаҳои калидии марбут ба сиёсати хориҷӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, инчунин ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар таҳкими амну субот дар Осиёи Марказӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, таъсири онҳоро дар рушд ва шукуфоии имрӯзаи Тоҷикистон муайян гардид.
Таъкид карда шуд, ки нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон аҳмияти бисёр муҳим ва назаррас дорад.









