НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗУҲУРИ ШАХСИЯТИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

10

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ воқеан падидаи нодир дар таърихи навини халқи тоҷик мебошад. Зеро ин падидаи сиёсӣ натанҳо дар таърихи милати мо саҳифаи нав кушод, балки он пеши роҳи фурӯпошӣ ва аз байн рафтани кишварро гирифт. Тоҷикистони ҷангзадаро аз масири даргириҳои бемаъно ба роҳи сулҳу оштӣ ва таъмини оромию осудагӣ ворид намуд, ки ташаббускори бевоситаи ин корҳо, дар он солҳои мудҳиш раиси тозаинтихобшудаи Шурои Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Сарвари давлат бо камоли шуҷоат ва хирадмандии беназир оқибатҳои фоҷеабори кашокашҳои сиёсию низомии он давраро дарк намуда, шиори “Ман барои шумо сулҳ меорам”-ро ба миён гузошт. Ин хитоба на танҳо шиору даъват буд, балки он консепсияи нав дар марҳилаи тозаи давлатсозии тоҷикон маҳсуб меёфт. Сарвари давлат аз ҳамаи намояндагони мардум, неруҳои сиёсӣ ва онҳое, ки дар сангарҳо қарор доштанд, даъват кард, ки оқибатҳои амалҳои худро дар ин лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқу миллати тоҷик андеша кунанд.

Дар ин Иҷлосияи таърихӣ бо ибтикори Сарвари давлат як қатор қонуну қарорҳои муҳим пешниҳод ва қабул гардиданд, ки онҳо дар маҷмӯъ кишварро, фаъолиятҳои минбаъдаи давлат ва парламенти онро аз масири амалҳои худсарона, ба роҳи қонунию ҳуқуқӣ ворид кард. Дар маҷмуъ Сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар ҳамон ҷаласаи таърихӣ 74 қонун, қарор ва фармонҳоеро қабул кард, ки онҳо фазои ҳуқуқӣ, таҳкими фаъолиятҳои қонуниро дар кишвар дигаргун сохт. Ин санадҳои муҳими таърихию ҳуқуқӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохтори демократии давлати навини тоҷикон, устувории ризояти ҷомеа, дастёбӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозид.

Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари кор омадан собит намуд, ки ӯ марди қавлу амал, ватандӯсти содиқу воқеӣ мебошад. Зеро нахустин иқдомҳои сулҳхоҳонаю роиятпарваронаи ӯ боиси он гардид, ки назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо тағир ёбад. Бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муносибатҳои дипломатӣ ва дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа аз нав эҳё гардид. Иқдомҳои созанда ва сулҳпарваронаи Сарвари давлат эътимоду боварии кишварҳои ҳамсояро ба ояндаи Тоҷикистон афзуд. Ва онҳо бо ҳар роҳ ба Сарвари тозаинтихоби кишвари ҷангзадаи мо дасти ёрӣ дароз мекарданд ва бовари доштанд, ки ин марди ватандӯст ва соҳибхираду соҳибирода на танҳо оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон хомӯш мекунад, балки дар оянда, барои осудагию оромӣ ва зуҳури фазои солимӣ дӯстию ҳамкориҳои судманд дар минтақа нақши муҳим мебозад.

Иқдоми дигари ватандӯстонаи Пешвои миллат, дар он солҳои душвор ин буд, ки бо ибтикори ӯ Шурои Олӣ Қонун “Дар бораи гурезаҳо”-ро қабул кард, ки он барои ба ватан баргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон ва кишварҳои дигар замина фароҳам сохт. Бисёре аз гурезаҳо ин солҳои мудҳишро ба хотир оварда, нақл мекунанд, ки мо аз як кишвари ҷангзада фирор карда будем, вале вақте баргаштем ватанро дар ҳолати оромию осудагӣ дидем ва иқдомҳои қонунмеҳвари Пешвои миллат умеди моро ба оянда бештару устувортар гардонид. Мо бо дили пур ҳамон дӯстону ҳамсоягон ва пайвандони бар асари даргириҳо парешонгаштаамонро ба ватан даъват намудем.

Воқеан, дар он солҳои душвор бо раҳнамоӣ ва кӯшишҳои Пешвои миллат дар Тоҷикистон аз нав мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдории навини тоҷикон , дар асоси қонун устувор ва фаъол гардидани рукнҳо ва ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ, аз поён то боло боварии халқӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ва бесуботӣ парешонгардидаи тоҷикро ба ояндаи ватан бештар намуд.

Бояд гуфт ки дар он солҳои душвор ва ҳасос ҳар як иқдоми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварию эътимоди халқро на танҳо ба кишвар, балки ба шахсияти худи ӯ, нақши вай дар таърихи ояндаи Тоҷикистон меафзуд. Мардум тавассути иқдомҳои ватанпарастонааш Пешвои ояндаи миллати худро бештару беҳтар мешинохтанд ва ба ӯ боварию эътимодашон пайваста зиёд мегардид.

Ҷои таъкид аст, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи навини кишвари мо нақши калидӣ дорад, натанҳо барои рушди ояндаи кишварамон роҳ кушод, балки он барои зуҳури як шахсияти бузурги таърихӣ, дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам сохт. Ин масъала дар оянда, бояд аз тарафи таърихнигорону сиёсатшиносон ба таври бунёдӣ ва фарогир, аз дидгоҳҳои гуногуни илмию пажӯҳишӣ таҳқиқ гардад, чунки зуҳури чунин ашхоси миллатсоз дар таърихи ҳар як халқу миллат падидаи нодир мебошад.

Фарзонаи Шамсиддин,н.и.т., дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ