(Дар ҳошияи Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1))
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) аз 14 ферали соли 1992 барқарор гардида, то ҳол яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Аз оғози истиқрори равобити дипломатӣ, ҳамкориҳои дуҷониба аз марҳилаи эътироф ва кумакҳои башардӯстона ба сатҳи муколамаи стратегӣ дар самтҳои амният, иқтисод, энергетика ва рушди иҷтимоӣ расидааст. Бояд таъкид намуд, ки яке аз молҳои таҳаввули ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо туфайли сиёсати санҷиадаи хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист робитаҳои худро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сатҳи нави шарикии стратегӣ расонад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд ба манфиати халқ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар равона гардад. Дар асоси ҳамин вижагиҳо, ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ИМА имрӯз бар пояи эҳтироми мутақобила, манфиатҳои умум ва дурнамои рушди устувор бунёд ёфтаанд.
Таҳаввули ин муносибатҳо дар тули зиёда аз се даҳсола, дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ, манфиатҳои мутақобила ва талош барои суботу амният дар минтақа сурат гирифтааст. Дар марҳалаи аввали истиқлол (1991-2000) ИМА таваҷҷуҳи бештарро ба масъалаи сулҳ, барқарорсозии иҷтимоӣ ва кумакҳои башардӯстона зоҳир намуд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, ки ба иқтисоди кишвар ва пояҳои давлатдорӣ таъсири манфӣ расонд, зарурати ҷалби кумакҳои байналмилалиро афзун кард.
Сафорати ИМА дар Душанбе соли 1992 ифтитоҳ ёфт ва он ба маркази асосии ҳамоҳангсозии барномаҳои амрикоӣ табдил ёфт. Дар ҳамин давра, лоиҳаҳои омӯзишӣ ва барномаҳои стипендиявӣ барои донишҷӯён ва кормандони давлатӣ (масалан, FLEX, IREX, Fulbright) оғоз гардиданд, ки заминаи рушди робитаҳои фарҳангӣ ва илмиро фароҳам оварданд.
ИМА тавассути созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ ва Бунёди байналмилалии интихоботӣ (IFES), ба Тоҷикистон кумакҳои зиёди иқтисодию башардӯстона расонид. Дар охири солҳои 1990 ИМА ба барқарорсозии инфрасохтор, дастгирии низоми тандурустӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 ва оғози амалиёти низомии ИМА дар Афғонистон нуқтаи гардиши нав дар муносибатҳои Душанбе ва Вашингтон гардид. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тулонӣ дорад, ба яке аз шарикони муҳимми амниятии ИМА дар минтақа табдил ёфт.
Дар доираи мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамкории ҳарбӣ ва амниятӣ тақвият ёфт. ИМА барои таҳкими неруҳои сарҳадии Тоҷикистон, таҷҳизонидани воҳидҳои амниятӣ ва таълими мутахассисон кумакҳои моддӣ ва техникиро пешниҳод намуд. Дар соли 2003 созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории ҳарбӣ имзо гардид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоро мустаҳкам кард.
Дар бахши иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тавассути USAID, садҳо лоиҳаҳои рушди деҳот, беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастгирии соҳибкорон амалӣ гардиданд. Масалан, барномаи “Feed the Future” ба баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди тиҷорати хурд мусоидат намуд.
Дар солҳои 2010-2015, ИМА нақши худро ҳамчун як шарики стратегӣ дар соҳаи рушди устувор, мубориза бо коррупсия ва такмили идоракунии давлатӣ низ густариш дод. Лоиҳаҳои “TAWA”, “Bactria Cultural Centre” ва “American Space” ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва мубодилаи ҷавонон мусоидат намуданд.
Дар солҳои охир, ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА ба марҳалаи сифатан нав ворид гардиданд. Соли 2020 ҷонибҳо муколамаи нави “Шурои шарикии стратегӣ”-ро таъсис доданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои амният, иқтисод, маориф, энергетика ва идоракунии захираҳои обӣ фаро мегирад.
ИМА Тоҷикистонро ҳамчун шарики калидӣ дар масъалаи амнияти марзӣ ва суботи минтақаи Осиёи Марказӣ мебинад. Дар доираи ташаббуси C5+1, ки соли 2015 оғоз ёфт, Тоҷикистон ва ИМА дар ҳамоҳангии сиёсати амниятӣ, энергетикаи сабз ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим фаъолона ширкат меварзанд.
Таҳаввули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз давраи кумакҳои башардӯстона то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст. Дар тули се даҳсола робитаҳои дуҷониба дар самтҳои амният, иқтисод, маориф ва фарҳанг рушд ёфта, ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва суботи иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат намудаанд.
Дар шароити нави ҷаҳонӣ, ки хатарҳои амниятӣ, иқлимӣ ва иқтисодӣ афзоиш меёбанд, ҳамкории дуҷониба бояд ба самтҳои инноватсионӣ ва рушди устувор равона гардад. ИМА метавонад бо таҷриба ва имконоти молиявии худ ба диверсификатсияи иқтисоди Тоҷикистон, тавсеаи соҳаи энержии сабз ва рушди технологияҳои рақамӣ мусоидат кунад
Ин платформа робитаҳоро дар соҳаҳои амният, рушди иқтисодӣ ва экологӣ густариш медиҳанд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипи ҳамкории бисёрҷониба ва рушди мутавозин роҳандозӣ мекунад, платформаи C5+1 имконияти муҳим барои тавсеаи муносибатҳо бо ИМА ва кишварҳои ҳамҷавор фароҳам овардааст. Дурнамои рушди ин ҳамкорӣ ба ташаккули суботи минтақавӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон саҳм мегузорад.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба фаъолияти ин формат ҳамроҳ шуд ва дар доираи он ҳамкориҳои худро бо ИМА дар чанд самти муҳими стратегӣ рушд дод:
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар чорчӯбаи формати C5+1 ба як абзори муҳими ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии минтақа табдил ёфтааст. Тоҷикистон тавассути иштироки фаъол дар ин платформа на танҳо манфиатҳои миллии худро ҳифз мекунад, балки ба таҳкими субот ва ҳамкорӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ саҳм мегузорад.
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо дар суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд.
Зимни баррасии робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъи ва технологияҳои муосир хеле зиёд аст.
Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд.
Табодули судбахши андеша, ҳамчунин, атрофи дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид.
Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд.
Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.
Умедворем, ки дурнамои ин ҳамкорӣ умедбахш буда, рушди лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ, такмили инфрасохтор, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва муколамаи мутақобилан судманд метавонанд ба таҳкими нақши Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ дар сиёсати ИМА нисбат ба Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд.
Шарипов Амриддин,н.и.т., дотсент, мудири кафедраи мунсибатҳои байналхалқии ДМТ







