ВОХӮРИИ БАХШИ КОР БО ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ ДМТ БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

16

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ дар кишвар, дар самти баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа пайваста иқдомҳои муассир анҷом медиҳад. Дар доираи ин фаъолиятҳо, санаи 09.10.2025 дар факултети муносибатҳои байналмилалӣ вохӯрии бахши кор бо духтарон ва занони ДМТ бо донишҷӯдухтарони факултет баргузор гардид.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ тақвияти нақши занон дар рушди илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ, тарбияи донишҷӯдухтарон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, мусоидат дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву иҷтимоии духтарон ва пешгирии дигар омилҳои иҷтимоӣ миёни ҷавонон.