РАВАНДҲОИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ДОИРАИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

8

Рушди ҷараёни ҳамгироӣ яке аз нишондиҳандаҳои асоситарини хоҷагидории ҷаҳонии муосир мебошад. Ҷараёни ҳамгироии минтақавӣ аз нимаи дуюми асри ХХ бо суръати баланд дар минтақаҳои гуногуни курраи замин сурат мегирифт. Дар аввали асри 21 мафҳуми минтақагароии нав пайдо шуд. Мунтазам баланд шудани рақобати байни ширкатҳо ва байни давлатӣ, соҳаҳои нави рақобат дар бозорҳои анъанавӣ аз тарафи мамлакатҳои алоҳида ва иттиҳодияҳо ба амал бароварда мешавад. Дар асоси ин заминаҳо имконияти ҳамҷояшавии мамлакатҳо бо мақсади зери назорати худ гирифтани сиёсати иқтисодии минтақа ва рақобати якҷоя бурдан нисбати мамлакатҳои сеюм ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр ҷараёни ҷаҳонгароии хоҷагии ҷаҳонӣ дар заминаи минтақашавӣ, яъне ҳамҷояшавии мамлакатҳои минтақа ба амал меояд.

Раванди ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ дар мавриде вуҷуд дошта метавонад, ки агар ин се шарт ҷойдошта бошад:

1) Сатҳи иқтисодии мамлакатҳои ҳамгиро бояд баробар бошанд, ки яке дигареро пур кунад. Ҳамгироӣ дар мавриде ҷой дошта метавонад, ки агар сатҳи истеҳсолоти тарафҳои ҳамгиро дар сатҳи баланд тараққӣ карда бошанд. Дар миёни мамлакатҳои рӯ ба инкишоф бошад, ҷараёни ҳамгироӣ дар сатҳи хеле паст сурат мегирад. Байни онҳо муносибатҳои тиҷоратӣ ва пешниҳоди қарзҳои содиротӣ хеле паст инкишоф ёфта, содироту воридоти онҳо асосан бо мамлакатҳои тараққикарда ба миён меояд;

2) Ҳамгироӣ байни мамлакатҳое ба вуҷуд омада метавонад, ки дар онҳо иқтисодиёт марказонидашуда набуда, иқтисодиёти нақшавӣ мавҷуд набошад. Мамлакатҳои ҳамгирошаванда бояд муносибатҳои бозории озод дошта бошанд, яъне дар он ҷо давлат дахолат карда натавонад ва бозор аз тарафи корхонаҳои давлатӣ монополия карда на шаванд;

3) Ҷараёни ҳамгироӣ дар мавриде мустаҳкам мешавад, ки агар дар мамлакатҳои аъзо демократия ҷой дошта бошад. Дар ин маврид бо кушодани сарҳади гумрукӣ нисбати мамлакатҳои аъзо, тиҷорати озод, ҳаракати омилҳои истеҳсолот ва ғайра сурат мегирад.

Раванди ҳамгирои минтақавӣ дар кишварҳои собиқ ИҶШС, ки бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар фазои пасошуравӣ аз ҷониби роҳбарияти се кишвар (ҶШФСР, Украина, Белорус) аз 8 декабри соли 1991 ба дигаргунсозиҳои демократӣ асос гузошт. Дар доираи ИДМ, раванди ҳамгироии минтақавӣ дар солҳои охир бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба таври назаррас рушд меёбад. Дар назди мамлакатҳои аъзои вазифаи таҳия ва татбиқи модули нави муттаҳидшавии иқтисодӣ ба миён омад, ки он бояд ба манфиатҳои дарозмуддати кишварҳо ҷавобгӯ бошад.

Мамлакатҳои ИДМ аз собиқ ИҶШС як қатор робитаҳои муназзамеро мерос гирифтаанд, ки онҳо мамлакатҳоро ба азнавсозии маҷмуи алоқаҳои хоҷагии байналхалқии навъи ҳамгироӣ водор месозад. Инҷо сухан дар бораи низоми ягонаи энергетикӣ, низомҳои ягонаи нақлиётӣ, алоқа, телекоммуникатсия, нафту газ, стандартҳо ва ғайра меравад. Ҳамаи инҳо фазои иқтисодии нисбатан ҳамгирои ба ҳам вобастабударо ба вуҷуд меоранд, ки дар натиҷаи ба роҳ мондан онҳо аз натиҷаҳои Иттиҳоди Аврупо беҳтар шуда метавонад.

Доир ба масъалаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти гумрукӣ дар доираи ИДМ садҳо созишномаю ҳуҷҷатҳо қабул карда шуданд, ки дар асоси онҳо самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба роҳ монда шудаанд.

Аз ҷумла:

– созишнома “Дар бораи тартиби транзитӣ”, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо 8 феврали соли 1992 дар Москва ба имзо расидааст;

– созишнома “Дар бораи принсипҳои сиёсати гумрукӣ”, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо 13 марти соли 1992 дар Москва ба имзо расидааст;

– созишнома “Дар бораи шарту механизмҳои умумии дастгирии инкишофи ҳамкории истеҳсолии корхонаҳо ва соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ”, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо 21 декабри соли 1993 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст;

– созишнома “Дар бораи таъсиси минтақаи савдои озод”, ки аз ҷониби сарони давлатҳо 15 апрели соли 1994 дар Москва ба имзо расида аст;

– созишнома “Дар бораи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар корҳои гумрук”, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо 15 апрели соли 1994 дар Москва ба имзо расидааст;

– созишнома “Дар бораи ҳамкории хадамоти гумрукӣ дар масъалаҳои боздоштан ва баргардонидани сарватҳои фарҳангии ғайриқонунӣ ворид ва содиршаванда”, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо 15 апрели соли 1994 дар Москва ба имзо расидааст;

– созишнома “Дар бораи реэкспорти мол ва тартиби додани иҷозатномаҳо барои реэкспорт”, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо 15 апрели соли 1994 дар Москва ба имзо расидааст;

– усули ягонаи омори гумрукии савдои хориҷии ИДМ, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо 9 декабри соли 1994 дар Москва ба имзо расидааст;

– асосҳои қонунгузории гумрукии ИДМ, ки аз ҷониби сарони давлатҳо 2 феврали соли 1995 дар Москва ба имзо расидааст;

– созишнома “Дар бораи номгӯи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИДМ”, ки аз ҷониби сарони ҳукуматҳо 3 ноябри соли 1995 дар Москва ба имзо расидааст.

Созишномаҳои номбаршуда, ки дар сатҳи сарони давлату ҳукуматҳои аъзои ИДМ имзо гардидаанд, барои нигоҳ доштан ва таҳкими фазои ягонаи иқтисодӣ, ҳаракати озоди мол ва ҳавасмандгардонии инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ замина гузошта, ҷараёнҳои гумрукии дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷойдоштаро муназзам сохтанд ва боиси умумияти муносибат дар ташкили фаъолияти гумрукӣ ва якнав сохтани қонунгузории гумрукӣ ва расмиёти гумрукӣ гардидаанд.

Созишнома “Дар бораи тартиби транзит”, аслан ҷанбаҳои ҳаётан муҳимми фаъолияти гумрукиро фаро гирифт ва зимни татбиқи он мушкилоти зиёди ғайричашмдошт ба миён омад.

Раванди ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ИДМ солҳои охир бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба таври назаррас рушд ёфтааст. Ин ташаббусҳо на танҳо барои беҳтар кардани муносибатҳо байни кишварҳои аъзои ИДМ, балки барои рушди устувор ва амнияти минтақа низ муҳим мебошанд.

Бояд қайд кард, ки раёсати мақомотҳои ИДМ аз 1 январи соли 2025 аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Дар доираи раёсати Тоҷикистон баргузории ҷаласаҳои ду ниҳоди олии Иттиҳод, аз ҷумла ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ пешбинӣ шудааст, ки онҳо рӯзҳои 9–10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Дар рӯзномаи ҳар ду ҷаласа масъалаҳои калидии раванди ҳамгирои, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию башардӯстона баррасӣ мешаванд. Ба масъалаи амнияти энергетикӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин мавзуъҳои марбут ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дурнамои воқеии табдил ба яке аз иттиҳодияҳои ҳамгироии АвруОсиё ва ҷаҳонро дорад. Тамоюли асосии рушди он ташаккули шакли конфедеративӣ набуда, балки ҳамгироӣ бо назардошти ҳифзи истиқлолияти сиёсии кишварҳои аъзо ва фароҳам овардани шароитҳои ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ-стратегӣ ва тақвияти алоқаҳои байнидавлатӣ ба шумор меравад.

Баҳриддинзода Бахтиёр,муовини декан оид ба таълими факултети муносибатҳои байналхалқӣ