МУЛОҚОТИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ – ИМКОНИЯТИ НАВ БАРОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БИСЁРҶОНИБА

11

Фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар моҳи декабри соли 1991 яке аз рӯйдодҳои муҳимми геополитикии охири асри ХХ гардид, ки ба пайдоиши понздаҳ давлати нави мустақил дар харитаи ҷаҳон замина гузошт. Бо вуҷуди ин, робитаҳои таърихӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳуриҳо зарурати офаридани як механизмеро ба миён оварданд, ки қобилияти таъмини муколама ва коҳиши паёмадҳои фурӯпоширо дошта бошад. Чунин абзор ба сифати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар моҳи декабри соли 1991 тавассути имзои Созишномаи Беловежск таъсис дода шуд.

Сарфи назар аз мушкилоти муайян, ки, пеш аз ҳама, натиҷаи интизориҳои аз ҳад зиёд ва буҳрони муназзам дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ, Иттиҳод ба ҳалли масъалаҳои душвортарини вобаста ба фурӯпошии ИҶШС мусоидат кард. Он ба ташаккули давлатҳои мустақили соҳибистиқлол, нигоҳдорӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои таърихан ташаккулёфта дар фазои пасошӯравӣ кумак намуд.

Ба шарофати фаъолияти Иттиҳод муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба пояи бозоргонӣ гузаронида шуда, муколамаи доимии сиёсӣ ва ҳамкориҳо дар таҳкими амнияту субот, ҳамчунин дар соҳаи башардӯстӣ ба роҳ монда шуданд.

ИДМ ба як платформаи беназири ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни кишварҳои узв табдил ёфт, ки амалан ҳамаи самтҳоро фаро мегирад. Дар доираи Иттиҳод ба таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткории созмонёфта дар шаклу зуҳуроти гуногун таваҷҷуҳи пайваста зоҳир карда мешуд. Ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ дар доираи ИДМ аҳамияти махсус пайдо карданд, зеро онҳо имкон доданд, ки фазои ягона дар соҳаи технологияҳои мудофиавӣ ҳифз гардад, раванди таъмини силоҳҳо соддатар шавад ва амнияти дастаҷамъонаи минтақа тақвият ёбад.

Бояд таъкид карда, ки тули фаъолият омили муҳимми таъмини амнияти кишварҳои ИДМ ҳамкориҳо дар масъалаҳои марзӣ гардиданд. Самтҳои асосӣ инҳоянд: таҳкими сохторҳои миллии марзбонӣ, омода сохтани мутахассисон, мубодилаи иттилоот, ташаккули заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, инчунин, рушду таҳкими робитаҳои дӯстона дар соҳаи фарҳанг, варзиш, фаъолияти собиқадорон ва ҳимояи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии мақомоти марзбонии давлатҳои аъзо.

Бо вуҷуди ин, дар шароити афзоиши таҳдидҳои байналмилалӣ, ИДМ метавонад ҳамчун механизми ҳамоҳангсоз ва омили ҳифзи суботи минтақавӣ баромад намояд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмон қадамҳои мушаххас барои муайян намудани уҳдадорӣ, чандирӣ ва муосирсозӣ гузошта шуданд, ки Иттиҳодро ба абзори воқеии ҳамоҳангсозӣ табдил доданд. Аз ҷумла, вазифаи котиби иҷроияи ИДМ ба вазифаи Дабири кулли ИДМ иваз карда шуд, ки барои боло бурдани мақому нуфузи роҳбари ниҳоди иҷроия аҳамияти хосса дорад. Ба ҷуз аз қабул намудани ҳуҷҷатҳо, сарони давлатҳо пайваста оид ба доираи васеи ҳамкориҳои бисёрсамтӣ дар чорчӯби ИДМ, инчунин, дар бораи масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ мубоҳиса менамоянд.

Тоҷикистон яке аз муассисони ИДМ дар моҳи декабри соли 1991 буда, дар таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона миёни давлатҳои минтақа нақши назаррас мебозад. Кишвари мо дар асоси дипломатияи ташаббускорона ҳамеша ба арзишҳои ҳамгироӣ содиқ буда, дар рушди Иттиҳод саҳми арзанда гузоштааст, мавқеи онро дар Осиёи Марказӣ таҳким бахшида, ба рушди тамоми фазои пасошӯравӣ мусоидат менамояд.

Ширкати ҳамаҷониба дар фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои иштирокдори он аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ИДМ-ро дар ҳифз ва рушди робитаҳои анъанавии давлатҳои иштирокдори он дар заминаи усулан нав ва бар пояи консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ баланд арзёбӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси сохторҳои гуногуни ҳамгироии иқтисодиву амниятӣ дар заминаи ИДМ, аз қабили, Фазои Ягонаи Иқтисодӣ, Иттиҳоди Гумрукӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тақозои айнии равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ медонад ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва бо ҳадафи истифодаи имконоту иқтидорҳои созандаи онҳо ба нафъи кишвар ба рушду такомули ин равандҳо мусоидат мекунад.

Бояд қайд кард, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати мақомотҳои ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Дар доираи раёсати Тоҷикистон баргузории ҷаласаҳои ду ниҳоди олии Иттиҳод, аз ҷумла ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ пешбинӣ шудааст, ки онҳо рӯзҳои 9–10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Интизор меравад, ки дар рӯзномаи ҳар ду ҷаласа масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию башардӯстона баррасӣ шаванд. Ба масъалаи амнияти энергетикӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин мавзуъҳои марбут ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд.

Дар доираи саммити дарпешистода қабули як қатор қарорҳо ва изҳоротҳои муҳим ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид, ба муносибати 40-солагии фоҷиаи неругоҳи атомии Чернобил, ҳамчунин дар робита ба мубориза бар зидди ҷинояткории миллӣ, терроризм ва экстремизм. Илова бар ин, ҳуҷҷатҳои вобаста ба масоили муҳоҷират ва фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ИДМ дар марҳилаи хотимавии мувофиқа қарор доранд.

Ҳамчунин, интизор меравад, ки дар саммити ИДМ рӯзи 10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ барои давра то соли 2030 тасдиқ гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ифодагари мероси таърихӣ, дӯстӣ ва меҳмоннавозӣ буд. Бовар дорам, ки сарзамини мо, фаъолияти муназзами тамоми сохторҳои давлатӣ дар омодасозии ҳуҷҷатҳо ва баргузории саммит, ҳамчунин иродаи неки роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокчӣ заминаи мустаҳкам барои рушди устувори Иттиҳод хоҳанд гузошт.

Рушди пайдарпайи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тули 34 соли гузашта зарурати объективии ҳамкорӣ дар ин форматро тасдиқ намуд, ки он бар асоси заминаҳои таърихӣ, талоши халқҳои давлатҳои аъзо ба ҳамкорӣ ва иродаи сиёсии роҳбарони онҳо таҳким ёфтааст. Иттиҳод дар чаҳорчӯбаи тамоюлҳои ҷаҳонии болоравии нақши сохторҳои минтақавӣ дар сиёсати байналмилалӣ ва иқтисод, ҳамчунин рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, тадриҷан ташаккул меёбад.

Рушду таҳкими минбаъдаи Иттиҳод ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётан муҳими халқҳои кишварҳои узви ИДМ, ормонҳои онҳо барои сулҳ ва шукуфоӣ мебошад.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳамчун ташкилоти сохторӣ барои тамоми зернизоми муносибатҳои байналмилалӣ дар фазои пасошӯравӣ амал мекунад, то ҳол нақши калидии худро ҳамчун платформаи сиёсӣ – механизми ҳамгироӣ нигоҳ доштааст ва эҳтимол меравад, ки онро дар оянда низ ҳифз намояд. ИДМ ба Иттиҳоди Аврупо табдил наёфт, вале мавқеи худро ҳамчун поя барои як қатор созишномаҳои муҳим, ки фурӯпошии Иттиҳоди Шуравиро расмӣ гардониданд, инчунин ҳамчун воситаи нигоҳ доштани алоқаҳо миёни давлатҳо ва сохторҳои алоҳида ва ҳамчун минбари универсалӣ барои муколама ишғол намуд.

Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки шаффофият ва баробарӣ дар қабули қарорҳо тақвият дода шавад, то таъсири нуфузи як иштирокчӣ коҳиш ёбад ва кишварҳои эҳтиёткор низ ба тамоми равандҳо ҷалб гарданд. Маҳз ҳамин омил монеаи амиқтар гардидани ҳамкорӣ мешуд, зеро аксарияти давлатҳои нави мустақил намехостанд аз як шакли вобастагӣ ба шакли дигар гузаранд.

Агар ИДМ диққати худро ба самтҳои амалӣ равона созад пас метавонад муваффақ шавад, самтҳои амалии рушд, пеш аз ҳама – осонтар намудани транзит ва логистика, ҳамкориҳои рақамӣ, меъёрҳои ягона дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, мубодилаи маълумоти оморӣ ва лоиҳаҳои муштарак барои ҷавонон ба шумор мераванд. Амиқтар намудани ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният ва мубориза бо таҳдидҳои муосир низ самтҳои амалии ҳамкории давлатҳо хоҳанд буд.

Фоидаи амалӣ метавонад бовариро ба ин ниҳод барқарор намуда, фишори сиёсиро коҳиш диҳад. Дар ин ҷода, саммити Душанбе ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамеша ҷонибдори ғояҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ ва рӯҳияи ҳамсоягии нек буда, таърих ва фарҳанги мардуми тоҷикро таҷассум менамояд, метавонад нақши муҳим бозад.

Шарипов А., н.и.т., дотсент, мудири кафедраи муносибтаҳи байналхалқии ДМТ

Мирзоев Ҳ.Т. н.и.т., м/к кафедраи муносибтаҳи байналхалқии ДМТ