Ҳамкориҳои илмӣ. Чанде қабл устодони факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Олимов Музаффар, Мамадазимов Абдуғанӣ ва Файзуллоев Комрон дар конференсияи байналмилалии муштараки Ҷомеаи мутолиоти АвруОсиёи Марказӣ ва Ҷомеаи аврупоии мутолиоти Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Лиссабони Партугалия бо номи “Геополитика, муҳоҷират ва ҳуввият дар АвруОсиёи Марказӣ” доир шуд, бо маърузаҳои мубрам баромад намуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро миёни намояндагони зиёда аз 30 давлат муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти ҳамоиш устодон бо намояндагони муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрико мулоқотҳои судманд анҷом дода, барои оғози ҳамкориҳои самарабахши илмӣ-тадқиқотӣ изҳори омодагӣ карданд.