ДАР САМО ПАРФИШОН – ПАРЧАМ АСТ

14

«Парчами миллӣифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Эмомалӣ Раҳмон

Бояд гуфт, ки парчам чун рамзи давлатдорӣ таҷассумгари мероси арзишманди таърихи миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи соҳибтамаддуни мост.

Ин аст, ки аз давраҳои қадим то ба имрӯз парчам ба ҳайси як нишона ва аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хизмат кардааст. Дар парчамҳои миллату халқиятҳои гуногун низ пеш аз ҳама, фарҳанг, иқтисодиёт, ҷуғрофия, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва халқ инъикос ёфтаанд.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Маҳз ба ҳамин хотир дар назди парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.

Парчами давлатӣнишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас, бахусус ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Сиву ду сол мешавад, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ карда барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.

Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, зарурати қабул намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мубрам гардонид. Маҳз ба ҳамин хотир, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он ба моддаҳои 169 ва 170-и Конститутсияи кишвар (соли 1978), ки ба Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо бори аввал Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24-уми ноябри соли 1992) ва Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28-уми декабри соли 1993) тасдиқ шуданд. 7-уми сентябри соли 1994 бошад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Гуфтанист, ки 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он рамзҳои давлатиро дар сатҳи Конститутсия муқаррар намуд. Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун нишонаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон муайян шудаанд.

Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, тарзи истифода, нигоҳдошт ва дигар паҳлуҳои парчамдориро ба низом медарорад.

Хушбахтона, бо шарофати заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд. Мувофиқи лоиҳа Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун рӯзи ид муқаррар гардид. Қонуни мазкур 19 ноябри соли 2009 қабулгардид ва аз ҳамон вақт ҳар сол дар кишвар 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ба хотири ҳифз ва гиромидошти мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷа ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази ш. Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 м., ки аз баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Паҳноии худи Парчам 30 м. ва дарозии он 60 м. мебошад.

Парчами давлатӣ бо се ранги худ баёнгари ҳуввият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.

Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшида, онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намуд.

Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.

Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.

Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба имрӯз расонидаанд, эҳтиром ба рӯҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост.

Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдодони ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».

Хушбахтона имрӯз Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти кишвар, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо доимо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки Парчами миллии тоҷикон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳост, инчунин, сафоратҳо ва намояндагиҳои кишварамон дар давлатҳои дигар партавфишонӣ мекунад. Маҳз чунин иқдомҳо зимни сафарҳои хизматии Президенти кишвар ва мулоқотҳо бо сарони кишварҳо, инчунин ғолибияти варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳо дар баробари садо додани Суруди миллӣ парчами кишварамон низ афрохта мешавад.

«Парчами миллии мо нишони рӯҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз овардҳои хунини асрҳо, аз обу оташи маргбори замонаҳо гузаштаву пойдор мондааст» – гуфтааст шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло.

Ба ифтихори баланд афрохтани Парчами миллӣ – рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯйи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик менамоям.

Басиров Б.С.,муаллими калоникафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ