ПАРЧАМ – САРСАБЗИЮ ХУРРАМИИ КИШВАР

106

Эҳтиром ва арҷгузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангию маънавии миллӣ мебошад.

Бо чунин мазмун дар толори хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шоми имрӯз (19.11.2024) бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр нишаст баргузор гардид, ки дар он намояндагони раёсати Донишгоҳ, садорати факултетҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва таърих, инчунин, бошандагони хобгоҳи 6-и Донишгоҳ иштирок намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид шуд, ки Парчами давлатӣ яке аз нишонаҳои давлатдории миллӣ, арҷгузоштан ба таъриху фарҳанги бостонӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Тавре ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Муҳаббат ба эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят менамояд”. Аз ин лиҳоз, ҳамасола 24-уми ноябр таҷлил намудани ин иди бошукуҳ дар саросари мамлакат нишон аз ҳуввияти миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватандорӣ ва ифтихори миллии мо тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Зикр гардид, ки Парчам таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.