ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ – ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ КИШВАРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

46

Истиқлоли давлатӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари тозабунёд имконияте фароҳам овард, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ ҷойи худро ёбад. Дар назди давлати соҳибихтиёр вазифа меистод, ки пеш аз ҳама: а) эътирофи ҷомеаи байналхалқиро ба даст оварда ба узвияти созмонҳои байналхалқӣ пазируфта шавад; б) бо кишварҳои наздику дури дунё робитаҳои дипломатиро барқарор намуда, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи судмандро ба роҳ монад; в) сиёсати мувафффақонаи хориҷӣ пеш бурда, барои рушди озодонаи кишвар шароити мусоиди байналхалқи фароҳам орад. Раванди эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои дунё ва ҷомеаи байналмилалӣ аз охири декабри соли 1991 оғоз ёфта буд ва то моҳи май 31 давлат Тоҷикистонро ба расмият шинохта кишвар ба узвияти СММ, САҲА, Созмони умумиҷахонии тандурустӣ, Иттиҳоди давлатҳои Мустақил пазируфта шуда буд. Аммо ҳодисаҳои дар баҳори соли 1992 рӯ гирифта ба раванди табдили кишвари тозабунёд ба субъекти комилҳуқуқи байналхалхалқӣ халал ворид карданд. Бояд гуфт, ки вазъияти дар Тоҷикистон ба амал вижагиҳои худро дошт ва тахти таъсири неруҳои дохилӣ ва берунӣ босуръат бад шуда, хусусияти оштинопазирро касб кард. Роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ зери таъсири қувваҳои сиёсӣ ноуҳдабароии худро дар назорат ва танзими вазъият возеҳ нишон дод. Ҳамзамон, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мухолифин, инчунин гурӯҳҳои гуногунтамоил сафҳои худро афзоиш медоданд. Майдонҳои асосии пойтахти кишвар ба саҳнаи баргузоршавии гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои беохир табдил ёфтанд. Ҳамаи ин ба бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идеявӣ оварда расонд. 5 майи соли 1992 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бетартибиҳои оммавӣ, гаравгонгириҳо, ғорату харобкориҳо оғоз шуданд, ки паёмади онҳо беназмӣ, бефаъолиятӣ ва фалаҷ шудани сохторҳои ҳукумат буд.

Ҳамзамон, унсурҳои ҷинояткор сар бардоштанд. Шоҳидони воқеаҳо ба хубӣ медонанд, ки ин унсурҳои ҷинояткор хеле фаъол буданд ва дар содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ пешрав буданд. Ҷанги таҳмилии саршуда тобистон ва тирамоҳи соли 1992 маҳрумияти зиёде, марги мардуми бегуноҳ ва нест кардани теъдоди бузурги арзишҳои моддиро ба бор овард. Ҳокимияти марказӣ амалан вуҷуд надошт, сохторҳои қудратӣ (ВКД ва КАМ) дар рузҳои аввали муқовимат худро бетараф эълон карда буданд. Тамоми кушишҳои ҳукумат баҳри хотима бахшидан ба амалиётҳои мусаллаҳона дар самтҳои Қурғонтеппа ва Кулоб барор накарданд. Саҳифаҳои матбуоти он давра аз унвонҳои мақолаҳое пур буданд, ки мундариҷаи онҳо дур аз воқеият буд: «Мушкилоти тоҷик», «Гиреҳи тоҷикӣ», «Низоъи тоҷик», «Ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон», «Тоҷикистон дар оташи ҷанг» ва монанди онҳо. Мушкилоти тоҷик дар маркази диққати ҷомеаи башарӣ қарор гирифт. Тоҷикистон воқеан ҳам дар вазъияти хеле мураккаб ва сарнавиштсоз қарор гирифта буд. Масъалаи буду боши миллати тоҷик ва ҳифзи як порчагии кишвар ба мадди аввал баромада буд. Дар чунин шароити мураккаб мардуми Тоҷикистон ҳамчун барандаи суверенитет ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути намоянда-гони худ дар органи олии қонунгузори ҳокимият бо роҳи даъвати Иҷлосияи XVI заминаи ҳуқуқии раҳоии кишвар аз буҳрони амиқи сиёсӣ, наҷоти кишварро аз фалокати миллӣ гузошт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рафти иҷлосияи Хуҷанд назорат мекард ва эътироф дошта буд, ки намояндагони қонунии мардум ба парокандагии кишвар роҳ нахоҳанд дод ва ба идеяҳои озодӣ, сулҳ ва адолат содиқ хоҳанд монд. Маҳз дар ҳамин шароит иҷлосияи тақдирсоз ҷамъ омад. Рӯзномаи кори иҷлосия бо дарназардошти масъалаҳои муҳимтарини рӯз таҳия шуда, дар навбати аввал ба қатъи қатлу хунрезиҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои бартарафсозии бенизомиҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар нигаронида шуда буд.

Бояд таъкид кард, ки ин рӯйдодро тамоми мардуми Тоҷикистон бесаброна интизор буданд ва умед доштанд, ки он натиҷаҳои неку созанда ба бор меорад. Гузашта аз ин, масъалаи ҳамчун субъекти комилҳуқуқи робитаҳои байналмилалӣ эътироф гардидани Тоҷикистон танҳо аз натиҷаҳои мусбати иҷлосия вобаста буд.

Маҳз ҳамин шароит дар иҷлосияи Хуҷанд ба ҷойи аввал идеяи созиши миллӣ, ҳалли мушкилотро танҳо дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва гузашт кардан ба якдигар бароварданд. Мафҳумҳои пешниҳодкардаи раҳбарияти ҳукумат дар иҷлосияи Хуҷанд – «сулҳ» ва «созиши миллӣ» ба сиёсати расмӣ ҳамчун зарурияти объективии замон, тақозои замон табдил ёфтанд. Маҳз созиши миллӣ дар Тоҷикистон дар таҷрибаи сулҳофарӣ саҳми муассир дошт. Бесабаб нест, ки Дабири кулли СММ Кофи Аннан ба натиҷаҳои раванди сулҳ дар кишвари мо баҳои баланд дода гуфта буд, ки «Тоҷикистон ба дигар кишварҳои намунаи нодири ҳалли муноқишаҳои дохилиро дод». Диди ё консепсияи созиши миллӣ аз рузҳои аввали бунёди сохтори конститутсионӣ ба сифати василаи танзими сиёсии шароити кишвар истифода шуд. Ва ин ягона роҳи дурусти қарорҳои созишкорона, роҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд. Чунин сиёсат ҷавобгуи ниёзҳо ва ормонҳои тамоми тоҷикистониён буд.

Намояндагони ҷамъомада хуб дарк мекарданд, ки баргузории ин иҷлосия дар тақдири минбаъдаи тоҷикон нақши ҳалкунанда дорад ва онҳо бо як мақсад – аз хатари парокандагиву азбайнравӣ раҳо сохтани миллат ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон гирд омадаанд.

«Ман дар ёд дорам, ки – изҳор дошта буд Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, – дар он рӯзҳои душвор, яъне рӯзҳое, ки Ҳукумати мусолиҳаи миллиро касе эътироф намекард ва Президенти бо роҳи қонунӣ интихобшудаи кишварро дар фурудгоҳи пойтахт ба истеъфо маҷбур карданд, қисме аз вакилони мардумӣ зери фишори қувваҳои алоҳида ва аз тарсу ҳароси ҷон наметавонистанд мавқеи худро барои иштирок дар кори иҷлосия равшан изҳор намоянд. Бо вуҷуди ин, аксарияти вакилони мардумӣ ба иҷлосия ҳозир шуданд, зеро ҳама ба хубӣ дарк мекарданд, ки ягона роҳи хотима гузоштан ба бесарусомонӣ дар мамлакат баргузории иҷлосия мебошад. Ҳамин буд, ки дар иҷлосия аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафар иштирок доштанд».

Роҳбарияти нави Точикистон, пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият ба мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои анҷом бахшидан ба ҷанги хонумонсуз, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, пурра барқарор намудани мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз поён то боло, такмили қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таъсиси артиши миллӣ, таъмини ҳифзи сарҳад, ташкили кори корхонаҳо ва хоҷагиҳо, эҷоди механизмҳои иқтисоди бозаргонӣ, шомил гардидан ба созмонҳои байналмилалӣ ба сифати давлати соҳибистиқлол. барқарор кардани робитаҳо ва муносибатҳо бо кишварҳои дигар гузошта шуда буд . Иҷлосияи Хуҷанд дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба суи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шудааст. Дар ин самт муҳимтарин санадҳои қабул кардаи иҷлосия инҳо буданд: Қарор дар бораи «Муроҷиати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбҳо, ҷунбишҳо ва иттиҳодҳои сиёсӣ, ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи 26 ноябри соли 1992 эълон кардани Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар рузҳои иҷлосия ягона асоси устуворшавии ризоияти шаҳрвандӣ фаҳмиш ва дарки зарурияти раҳоии кишвар аз фалокати сарзада буд. Вазифа аз он иборат буд, ки аҳолии кишвар, аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кушишҳои Шурои олӣ ва ҳукуматро баҳри устувории сулҳ ва амнияти миллӣ дастгирӣ намоянд. Маҳз чунин дастгирӣ ба ҳукумат ва парламент кумак расонд то чораҳои зарурӣ ва босамарро баҳри баромадани кишвар аз буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қабул намояд ва роҳи генералии пешрафти Тоҷикистонро дар шароити нави иҷтимоиву иқтисодӣ муайян намояд.

Намояндагони мардумӣ дар рузҳои иҷлосия қонунро дар бораи рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992 қабул карданд ва баъд барои татбиқи пурраи қонун мардуми шарифи тоҷик панҷ сол мубориза бурданд то 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шавад. Баргузории иҷлосияи тақдирсози 16 Шурои Олии ҶТ ва руи кор омадани ҳукумати нав ва роҳбари давлат Эмомали Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо бедор намуд.

Аввалин сухани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон «Ман ба Шумо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем» паёме рушан аз хираду заковати халқ буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш таҷассум ёфта буд.

Дар ин ибораҳои софу содда, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо ихлосу муҳаббат, бо имону эътиқод садо дод, як ҷаҳон маънӣ ва калиди кушоиши хама мушкилот нуҳуфта буд.

Гардиши айём нишон дод, ки фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷахоншиносӣ ва иродаи ахлоқиву инсонии Эмомалӣ Раҳмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории ӯ мувозинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар меҳвари ҳама пирузиҳо ва пиндорхои нек ба шумор меоварад.

Замоне, ки намояндагони мардумии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади Роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд, ӯ ҳамаги 40 сол дошт ва дар миёни раҳбарони кишварҳои собиқ шуравӣ ва ҷаҳон ҷавонтарин чеҳраи сиёсии тирози аввал буд.Зуҳури Эмомалии Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки каблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд.

Баргузории иҷлосия ва роҳи пешгирифтаи мақомоти раҳбари кишвар дар мавриди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва татбиқи тадриҷии амалии барномаву нақшаҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ мекашад. Фаъолияти намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз нав эҳё ва тавсеа ёфт. 1 декабри соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти СКИ, 18 январи соли 1993 ба узвияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ, 6 апрели соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО, 27 апрели соли 1993 ба узвияти ИСЕСКО, 27 апрели соли 1993 Хазинаи байналмилалии асъор, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, 4 июни соли 1993- Бонки байналмилалии таҷаддуд ва рушд, 4 июн- Ассосиатсияи рушди байналмилалӣ, 9 июн – ЮНИДО пазируфта шудааст. Танҳо дар соли 1993 12 созмони байналмилалии байниҳукуматӣ, монанди,, соли 1994 8 созмони байналмилалӣ ва дар ду соли минбаъда 4 созмони дигар намояндагиҳои худро дар кишвар боз намуданд. Бояд гуфт ки аз ин ба баъд давлати навбунёд дар баробари таъмини тартибу низом дар кишвар ва таҳкими сохторҳои давлатӣ ҷиддан ба таҳияи сиёсати хориҷии кишвар машғул гардид. Раванди ташакули ростои сиёсати хориҷии кишвар, созмон додани сохторҳое, ки бевосита соҳибихтиёрии ҷумҳуриро ҳифз ва татбиқ мекунанд, қувват гирифта, дар бобати таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ гомҳои ҷиддӣ бардошта шуданд. Таҳти роҳбарии Сарвари Давлат дар соли 1994 ислоҳоти конститутсионӣ бо қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳёи ниҳоди президентӣ оғоз гардида, тамоми соҳаҳоро фаро гирифт. Моддаҳои алоҳидаи Сарқонун ба равобити байналмилалии ҷумҳурӣ ва ҷойи санадҳои байналхалқӣ дар низоми қонунгузории кишвар бахшида шуданд. Баъдтар дар соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардид, ки он роҳу усулҳои пешбурди сиёсати хориҷии давлати навбунёдро муайян менамуд. Пеш аз ҳама доираи манфиатҳои кишвар, минтақаҳои ҳамкорӣ ва давлатҳои шарик ва дигар масоили муҳими пиёда кардани сиёсати берунӣ дар ин ҳуҷҷати муҳим ҷойи худро ёфтанд.

Дар он рузҳо, ки мардуми тоҷик ба тозагӣ ба истиқлол расида буд ва акнун нахустин пояҳои давлатдории навинро мегузошт, доираҳои муайяни хориҷӣ бо истифода аз саргумиву раҳгумии сиёсиву идеологӣ мехостанд ҷомеаи моро зери таъсири мафкураи бегона қарор дода, ғаразҳои сиёсии худро дар кишвари мо роҳандозӣ кунанд. Баъзе неруҳои аз нигоҳи сиёсӣ бетаҷриба ва фирефташудаи андешаи бегона зери таъсири онҳо эъмори як давлати дорои идеологияи дигарро дастгирӣ намуданд. “Аммо ин нерӯҳо, – гуфта буд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, воқеиятеро ба назар нагирифтанд, ки низоми сиёсиву идеологии дарназардоштаи онҳо на ба шароити Тоҷикистони пасошӯравӣ, на ба анъаноту тафаккур ва мазҳаби мардуми кишвар ва на ба хусусияти равандҳои сиёсиву геополитикӣ ҳеҷгуна созгорӣнадошт”.

Ҳанӯз дар ҷараёни иҷлосия ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои эътирофшудаи ҳуқуқмуайян гардиданд. Эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз ҷумлаи арзишҳои ҳуқуқие ба шумор меравад, ки ҳанӯз дар рафти иҷлосия эълон шуда буд.

Таҳкими ваҳдати миллӣ, бахусус дар шароити печидагии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат ёфтани бархурди манфиатҳои қудратҳо, осебпазир шудани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ арзиш ва аҳаммияти бештарро ба худ касб намудааст. Имрӯз комилан мусаллам аст, ки ҳар қадар вақт моро аз иҷлосияи тақдирсоз дур барад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихӣ ва сарнавиштсози он барои давлату миллати мо бештар аён мегардад.

Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани иқдому натиҷаҳои таърихии Иҷлосияи таърихии Хуҷанд барои ҷомеаи имрӯзу ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо бисёр муҳиму ибратомӯз ва дар маҷмӯъ қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.Осоиши халқ, рушди давлат, тахкими пояхои истиклолият ва ваҳдати миллӣ, обруи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад, Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои чамъиятй, муассисахои динй, умуман хар як шахрванд бояд факат дар чорчубаи Конститутсия сурат гирад. Танхо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи воқеан демокративу мутамаддин бунёд намоем ва сазовори чунин ҷомеа бошем. Мо вазифадорем, ки барои тақвият ва таҳкими бештари мавқеи минтақавӣ ва байналмилалии Ватани маҳбуби худ – Тоҷикистон пайгирона ва муназзам талош намоем.

Х. Самиев – мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ, дотсент