ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОН ВА ШОҲИГАРИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

50

Тоҷикистон дар тули 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар роҳи тавсеаи сиёсати хориҷии худ ҳам дар сатҳи муносибати дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби равобити байналмилалӣ ва минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ қадамҳои баланд бардоштааст. Ҳадафҳои асосии сиёсати давлат дар ин самт густариш додани равобити иқтисодӣ, бозсозии зерсохтҳо, ҷалби сармоя, эҷоди шароит барои тиҷорати озод, ҳалли мушкилоти вобаста ба раҳо намудани мамлакат аз бунбасти иртиботӣ ва кушодани роҳ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошанд.

Пешвои миллат дар паёми худ таъкид намудаанд, ки мо, умуман, омода ҳастем бо тамоми кишварҳое, ки нисбат ба мамлакатамон муносибати беғаразона доранд, ҳамкорӣ намоем ва доираи робитаҳои худро густариш диҳем.

Таърих гувоҳ аст, ки дӯстиву робитаҳои адабию фарҳангии мардуми форсу тоҷик бо кишварҳои араб ҳанӯз аз давраҳои қадим вуҷуд доштанд. Ҳатто дар давраҳои тоисломӣ низ тарҷумаи китобҳои арабӣ ба паҳлавӣ ва паҳлавӣ ба арабӣ ба роҳ монда шуда буданд. Масалан, Абдулло ибни Муқаффаъ китобҳои “Калила ва Димна”, “Тоҷнома”, “Худойнома” ва амсоли онро ба забони арабӣ тарҷума намудааст, ки дорои арзиши бузург аст.

Баъд аз фурӯпошии ИттиҳодиШуравӣ ва ба Истиқлоли давлатӣ соҳиб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои арабӣ марҳилаи сифатан нав оғоз мегардад. Аз лаҳзаи ба дастовардани истиқлолият аз ҷониби тамоми кишварҳои арабӣ ба расмият шинохта шуда, байни он муносибатҳои дипломатӣ барқарор мегарданд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз аввалинҳошуда, аз бунёди равобити дипломатӣ бо Тоҷикистон хабар доданд. Аз ҷумла, Истиқдоли Тоҷикистон аз ҷониби Арабистони Саудӣ 11-уми январи соли 1992 эътироф шуда, 22-юми феврали ҳамон сол муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар барқарор гардиданд. Дар тули 32-соли бунёди равобити дуҷониба миёни ду кишвари дӯст як силсила созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҷодаҳои гуногун ба тасвиб расидаанд. Маҳз натиҷаи ҳамкориҳои босамари миёни ду кишвар буд, ки дар соли 2008 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Мамлакати Арабистони Саудӣ шаҳри ар-Риёз ва соли 2010 Сафорати Мамлакати Арабистони Саудӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2004 ёдовар шудаанд: “Муносибатҳои мо бо ҷаҳони араб низ дурнамои хуб доранд. Ба хусус дар соҳаи ҷалби сармояҳо ва истихроҷи захираҳои табиӣ мо метавонем бо онҳо ҳамкориҳои судманд дошта бошем. Аз ин рӯ, Вазорати корҳои хориҷӣ якҷоя бо дигар мақомоти манфиатор бояд имкониятҳои мавҷудаи фаъол кардани робитаҳоро бо мамлакатҳои араб ва умуман кишварҳои мусалмонӣ ҳаматарафа истифода намяонд. Муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии мо барои густариши ин гуна равобит заминаи хубе шуда метавонанд. Вобаста ба робитаҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар хотирнишон месозам, ки сиёсати давлатии мо сиёсати сулҳ ва ҳамкорӣ мебошад ва ба пешрафти бомароми кишвар, эҳтироми меъёрҳо ва муқаррароти асноди байналхалқӣ ва иҷрои содиқонаи уҳдадориҳои байналмилалии кишвар ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоиста пайдо кардани Тоҷикистон равона карда шудааст».

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки бо мавқеи муҳимми геополитикӣ дар байни кишварҳои мусулмонӣ ваташкилотҳои минтақавӣ аз қабили Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои араби Халиҷи Форс нақши калидӣ дорад, дар шароити муосири равандҳои ҷаҳонӣ барои иҷро кардани нақши хоси хеш дар арсаи байналмилалӣ талош менамояд. Ин мамлакат ҷиҳати амалӣ кардани хатти машйи сиёсати худ, ҳам дар кишварҳои пешрафта ва ҳам дар кишварҳои рушдкунанда, пайваста иқдомоти дипломатӣ анҷом медиҳад. Бо доштани иқтидори зиёди иқтисодӣ аз ҳисоби захираҳои ҳангуфти нафт, тавонистааст аз иштирокдорони фаоли ташкилотҳои ҷаҳонии тиҷорату иқтисод шавад.

10 ноябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

Худи ҳамон рӯз Пешвои миллат дар шаҳри Риёз бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад. Дар рафти мулоқоттаъкид карда шуд, ки нишастҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ва анҷуманҳои соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои маҳсулот ва таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣмунтазам баргузор карда шаванд.

Ҳамзамон,таъкид гардид, ки миёни ду кишвар оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар самтҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, дорусозӣ, инчунин, энергетика ва кишоварзӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Бунёди марказҳои логистикии муосир, корхонаҳои муштараки саноатӣ амри зарурӣ дониста шуд.

Роҳандозии хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе аз моҳи марти соли 2023 натиҷаи хуб барои густариши робитаҳои судбахш арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.

Зимни сафари хеш Пешвои миллат дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар шароити имрӯза, ки равандҳои минтақавӣ ва глобалӣ боз ҳам амиқтар мешаванд, ҷалби сармоява истифода бурдани таҷрибаи кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи мусулмонӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ба монанди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат менамояд.

Раҳмонов М. А.,Тупалов Ғ. Ш.,устодони кафедраи мутолиоти Шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ