ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР

234

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор гардиданд. Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз замони ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 маротиба (солҳои 2007, 2008, 2017, 2024 ду маротиба) ба Давлати Қатар сафар кардааанд. Роҳбарияти Давлати Қатар бошад 3 маротиба (солҳои 2007, 2019, 2023) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст.

Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 саҳифаи нав боз кард ва ба рушди босуръати минбаъда замина гузошт. Сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 сурат гирифт, ки он аввалин сафари роҳбари як давлати арабӣ ба Тоҷикистон буд.

8 июни соли 2023 сафари давлатии Амири Давлати Қатар Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҳошияи ин сафар 15 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расид.

21-22 январи соли 2024 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар сурат гирифт.

Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ оғоз гардида, зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳо идома ёфт.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар байни ниҳодҳои ду кишвар 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

17 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар, шаҳри Давҳа, ки бо сафари кории якрӯза ташриф оварданд, нахуст бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Сафарҳои мазкур аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки намояндагони сатҳи олии ҳар ду кишвар ба рушду ташаккули муносибатҳои мутақобил таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

2 октябри соли ҷорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа ташриф бурданд.

Дар ҷараёни сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми Давлати Қатар аз ҷумла, Шайх Холид ибни Ҳамад оли Сонӣ, Вазири давлатии оид ба ҳамкориҳои Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир, муассиси Бонки байналмиллалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Дар доираи ин сафари корӣ дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки нишондиҳандаи баланди эътимод ва ҳусни бародарӣ миёни Тоҷикистону Қатар мебошад изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд.

Ҷаноби олӣ таъкид доштанд, ки “Густариши ҳамкорӣ бо давлати Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад”.

Ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд. Ҳамзамон, дар рафти вохурӣ дар атрофи ҷалби сармоягузории Қатар, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ бо таъсиси маркази забономӯзӣ дар Тоҷикистон, рушди ҳамкори дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф, баргузории рӯзҳои фарҳангии ҳарду кишвар табодули афкор намуданд.

Бо амалӣ гаштани созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо метавон гуфт, ки ҳамкориҳо ба худ сатҳу сифати нав гирифта, вориди марҳилаи ҷадиди муносибатҳои байналмилалӣ мегардад.

Раҳмонов М. А., мудири кафедраи кафедраи мутолиоти Шарқи ДМТ