Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети муносибатҳои байналхалқӣ доир ба корҳои тарбиявӣ як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ ва илмӣ миёни донишҷӯён дар хобгоҳҳо ва биноҳои таълимии Донишгоҳ ва факултет ба нақша гирифта шудааст.
Вохӯрии навбатии ҳайати устодони факултети муносибатҳои байналхалқӣ бо донишҷӯёне, ки дар хобгоҳҳои Донишгоҳ истиқомат мекунанд, вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Имомзода Н., декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, н.и.т., дотсент Ҷаъфарзода С.Х., мудири бахши хобгоҳҳои Донишгоҳ Исматуллои С., мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ н.и.т., дотсент Шарипов А.Н., мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷӣ, н.и.т., дотсент Салимов Ф.Н., мудиири кафедраи мутолоти Шарқ, н.и.ф., дотсент Раҳмонов М.А., ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, бо донишҷӯён оиди масъалаҳои муҳими тарбиявӣ суҳбати озод доир намуданд.
Аз ҷумла, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ дотсент Ҷаъфарзода С.Х. вобаста ба қойдаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ, дар замири донишҷӯён бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуда, зарурати баланд бардоштани зиракии сиёсии донишҷӯёнро таъкид намуд.
Инчунин, муовини ректор оид ба тарбия Имомзода Н., доир ба риояи талаботҳои истиқомат дар хобгоҳҳо, сари вақт ҳозиршавии донишҷӯён ба дарсҳо, риояи либосҳои миллӣ аз тарафи донишҷӯдухтарон баромад намуд.
Дар баробари ин, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Шарипов А.Н. доир ба нақши ҷавонон дар идораи давлатӣ ва ояндасоз будани онҳо баромад намуда, ҷавононро ба забономӯзӣ, ихтирокорӣ ва хониши аъло даъват намуд.
Дар охир миёни устодон ва донишҷӯён табодули афкор сурат гирифта, даъват карда шуд, ки чунин чорабиниҳо миёни донишҷӯёни хобгоҳҳо бештар доир карда шаванд.