АНҶОМИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ РАВИЯИ “ДИПЛОМАТИЯ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ”

228

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмил ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисос дар факултети муносибатҳои байналхплқӣ аз 30 май то 30 июни соли 2024 ташкил ва баргузор гардида буд. Санаи 01 октябр соли равон директори Донишкада дотсент Маҳмадизода Файзалӣ дар ҷаласаи тантанавӣ ба омӯзгороне, ки курсҳои такмили ихтисосро бомуваффақ хатм намуданд, мулоқот анҷом дод.

Дар курси мазкур омӯзгорони факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷалбгардиданд. Шунавандагоне, ки барномаро таълимиро пурра аз худ намудаанд, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими тақдими дипломҳо директори Донишкада, дотсент Маҳмадизода Файзалӣ ва декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ Донишгоҳ Ҷаъфаров Сайҳомид иштирок доштанд.