КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ МАНФӢ ВА МОНЕИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

174

 Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меоварад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Э. Раҳмон

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Башарият, аз ҷумла ниёгони тамаддунофари мо дар осори гаронмояи хеш дар мавриди ришвахорӣ, ки аз ормонњои касифи инсонист, мазаммат намудаанд. Аз ин бармеояд, ки ришвахурӣ ва ришваситонӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа таърихи қадима дошта, то ба имрӯз ба ҳеҷ давлати ҷаҳон муяссар нагардидааст, ки ин вабои чандинасраро пурра решакан намояд.

Коррупсия яке аз ҷиноятҳои вазнинтарини муқобили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, обрӯву нуфузи давлатро дар сатҳи байнанлмилалӣ коҳиш дода, ҷиҳати ҷалби сармоягузорони хориҷӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Яке аз хусусиятҳои ба ҷамъият хавфнокии коррупсия дар он аст, ки нисбат ба содиршавиаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камтар ба қайд гирифта мешавад ва бештар мавридҳо ошкорнашуда боқӣ мемонад, зеро ҳам порадиҳанда ва ҳам порагиранда кӯшиш мекунанд, ки ин кирдор пинҳонӣ содир шавад, зеро тарафҳо оид ба ошкор гардидани кирдори пинҳониашон ҳавасманд намебошанд.

Коррупсия дар ҷаҳони муосир ба рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоии ҷомеа монеа эҷод намуда, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсири манфӣ расонида, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш дода, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Солҳои охир таваҷҷуҳи љомеаҳои миллї ва байналмилалӣ ба масъалаи коррупсия меафзояд. Ҳоло коршиносон ва сиёсатмадорон ба ин натиҷа расидаанд, ки коррупсия ба гунае падидаи фарогир шудааст, ки на танҳо дар кишварҳои фақир ва дар ҳоли рушд, балки дар кишварҳои пешрафта низ њолатњои зиёди коррупсионӣ ба мушоҳида мерасад.

Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид, ҳамзамон аз ҷониби Ҳукумати кишвари мо бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф гардидааст.

Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият барои пурзур намудани мубориза бо коррупсия якчанд санаду меъёрҳои саривақтии дахлдори соҳавӣ таҳия гардида, мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” таҳти №34 аз 26.01.2008, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” таҳти №1504 аз 30.08.2013 ва“Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳти №222 аз 03.08.2021.

Таҷриба нишон додааст, ки коррупсияро танҳо дар сурате назорат кардан мумкин аст, ки ҳамаи қширҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои иҷрои банди санаду меъёрҳо ва барномаҳои пешгирикунанда якҷоя кор кунанд. Мо медонем, ки коррупсияро якбора решакан кардан ѓайриимкон аст. Баръакс, мубориза бо коррупсия раванди марҳилавї ва тадриљист.

Коррупсия ба ҷомеа бо роҳҳои гуногун таъсир мерасонад. Дар бадтарин ҳолатҳо, коррупсия ҳаёти одамонро барбод медиҳад, ки шомили озодї, саломатї ва сармоя мебошад.

Барои расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва ба даст овардани эътимоди мардум ва афзоиши сармояи иҷтимоӣ роҳи дигаре ба ҷуз мубориза бо фасод вуљуд надорад.

Муқовимат ба коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

Раҳмонов М. А. мудири кафедраи мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ

Тупалов Ғ.Ш.  дотсенти мутолиоти шарқи факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ