ПАРЧАМ – РАМЗИ САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

233

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Cозмони Милали Муттаҳид дар қатори парчами дигар кишварҳо парафшонӣ мекунад, ки ин аз комилҳуқуқию соҳибихтиёрии кишварамон гувоҳӣ медиҳад.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Парчами давлатӣ рамзи муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми сокинони мамлакат мебошад. Ҳоло парчами давлатии Тоҷикистон дар гушаҳои гуногуни сайёра, чи дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, чи дар анҷуманҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз гулгулшукуфӣ ва пешрафти давлати тоҷикон, баланд гаштани мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо қаҳрамонон ва фарзандони фарзонаи миллатамонро хубтару беҳтар шинохтем. Ҳоло шароит фароҳам омадааст, ки шеваи худшиносӣ дар ҷомеа торафт баланд мегардад.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад. Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлоли давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи халқу миллатҳои кишвар ба шумор рафта, беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии миллати шарафманди тоҷик ба ҳисоб меравад.

Парчами миллӣ аз зумраи муқаддасотест, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Парчам нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Парчам рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин буда, он ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Мо аз таърих медонем, ки тоҷикон аз гузаштаи дури таърих дорои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам буданд, ки он бо номи Дирафши ковиён шинохта мешавад. Дирафши ковиён ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдорӣ эътироф ва пазируфта шуда буд. Он дар таърих ва тамаддуни миллати тоҷик нақш ва мавқеи хоса дошт. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо аз нав соҳиби Парчами давлатӣ гардидем, ки он таҷассумгари гузаштаи шоёну ояндаи дурахшони давлату миллат аст.

Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчами давлатӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки он ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки халқро дар рангҳои худ инъикос намудааст.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангу маданияти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтиром ба миллат, давлат ва давлатдорӣ мебошад.

Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди равшанзамири ин Ватани биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, алалхусус Парчами давлатӣ эҳтироми зиёд дошта бошанд.

Ҷамшед Абдуллоев,дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ