СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

304

Агар мо хоҳем, ки дар чунин шароити мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон миллати тоҷик ва халқи азизи мо назди касе ва кишваре сари хам надошта бошад, бояд худамон барои пешрафту ободии Ватанамон талош намуда, ба мактабу маориф рӯ оварем, ба қадри заҳмати омӯзгор расем ва ба фарзандонамон тамоми шароитро барои фаро гирифтани саводу илму дониш ва касбу ҳунар муҳайё созем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар 32 соли соҳибистиқлолӣ 35 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3700 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 707 муассисаи томактабӣ бунёд ва таъсис дода шуда, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 57 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 15 ҳазор хонанда, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо хонандагону омӯзгорон суҳбату мулоқот доир карда, дар ифтитоҳи биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ шахсан иштирок карда, бо шароити муосир ва дар сатҳи талаботи маорифи ҷаҳонӣ сохтани биноҳои таълимиро аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани завқу хоҳиши хонандагон дар фаро гирифтани илму дониш медонанд, ки мисоли равшани онро мо дар сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯзҳои 14- 16 уми ноябри соли ҷорӣ дида истодаем.

Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо кардани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат дар рушди ҷомеаи мутамаддин Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи пешрафти илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.

Дар ин росто, бевосита бо иқдомоти маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат то ба имрӯз китобҳои таълимӣ бо дарназардошти шароити нав таълиф ва чоп гардидаанд, макотиб ва муассисаҳои таълимӣ пурра бо компютер ва тахтаҳои электронӣ муҷҷаҳаз карда шудаанд, ки барои омӯзиши хонандагон ва донишҷуён шароити зарурӣ омодааст.

Натиҷаи ин ғамхориҳо ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки соли ҷорӣ дар озмунҳои сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ 5000 нафар хонандагони макотиби ҷумҳурӣ ширкат варзида соҳиби 124 медал гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад, зеро тарбия ва ташаккули инсони комил, инчунин мавҷудияти ҷомеаи солиму созанда ба ин соҳа сахт алоқаманд аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд.

Воқеан, маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, нерӯи захираи инсонӣ, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал гаштааст.

Дар иртибот ба ин, Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр мекунанд, ки «…дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд…».

Аз ибтикорот ва ғамхориҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат дар ин самт баргузории озмӯнҳои гуногун аз ҷумла “Озмӯни фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” аст, ки барои дарёфти истеъдодҳои нав, рӯ овардани хонандагону донишҷуён ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ба донишандузӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳукумати кишвар дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини амнияти ҷомеа ва пешрафти кишвар, инчунин ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар маҷмӯъ, бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодиёти ба дониш асосёфта, маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии давлат мегардад. Тараққиёти ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имконияти нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.

Боиси ифтихораст, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори паҷгонаи амнтарин давлат ба ҳисоб меравад ва дар саросари ҷаҳон Тоҷикстонро ҳамун кишвари орому башардӯст мешиносанд ва бисёр олимони ҷаҳонӣ таҷрибаи нодири сулҳу оромии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Имрӯз, ки мо дар саросари Тоҷикстони азизамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаем, аз фурсат истифода намуда, ба Пешвои маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, умри дароз, муваффақиятҳои беназир дар сиёсати дохилӣ ва хориҷиашон таманно дорем!

Мудири кафедраи мутолиоти Шарқ н.и.ф., дотсент Раҳмонов М.А.

Мудири кафедраи мутолиоти аврупоӣ н.и.ф., дотсент Наҷмиддинов А.Ф.