ДАР ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ҶАЛАССАИ БОНУВОН БАРГУЗОР ГАРДИД

377

Имрӯз 12.10.2023 дар толори Ш.Ҳусейнзод бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавондухтарон аз ҷумла тамоюли бегонапарастӣ, тарғиб намудани фарҳанги бегона ҷаласаи навбатии бонувони факултети муносибатҳои байналхалқӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини ректор оид ба тарбия Имомзода Н.М., раиси Бахши занон ва бонувони ДМТ., Маҷидзода Д, сармутахассиси бахши занон ва бонувон Иноятова М, ва дигар бонувони факултет иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз вохӯриҳои мазкур пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни донишҷӯдухтарон буда, барои беҳтар гардидани вазъи либоспушии онҳо силсилавохӯриҳои мазкур замина хоҳанд гардид. Ҳамзамон тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз муҳимтарин санадҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ки бо ин мақсад байни бонувони донишгоҳ силсилавохӯриҳои судманд баргузор мегарданд. Зимни баромад дар ҷалассаи мазкур масъулини самти тарбия доир ба бегонапарастиву тарғиб намудани тамоюли фарҳанги бегона дар байни донишҷӯдухтарон ибрози ақида намуданд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки донишҷӯён тибқи оиномаи либосҳои тавсиявӣ либос ба бар намуда, аз бегонапарсативу тарғиб намудани фарҳангҳои аврупоӣ худорӣ намоянд. Бояд гуфт, ки баргузории ҷаласаҳои бонувон дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, тибқи нақша дар тамоми факултетҳои донишгоҳ баргузор хоҳанд шуд.