Рӯзҳои 4-5 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) ҷаласаи байналмилалии коршиносӣ ва таҳлилӣ таҳти унвони “Авруосиёӣ: таърих, мафҳум, амалия” баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Салимов Фаррух Насимович дар мавзӯи «Самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС): афзалиятҳо ва дурнамо» баромад намуд.
Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия (РГГУ) баромад намуданд. Чорабинӣ бо дастгирии факултети таърих ва муносибатҳои байналмилалии ДСРТ ва кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷӣ баргузор гардид.