СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ НАВИНИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН

771

29 сентябри соли 2023 дар толори профессор Ҳусейнзодаи ДМТ бо ташабуси кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқӣ мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАРОИТИ НАВИНИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН» бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва “Рӯзи кормандони хадамоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(29 сентябр) доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи ДМТ, собиқ дипломатҳо ва сафирон, хизматчиёни давлатӣ, устодону докторантҳо ва магистрону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Мизи гирд дар ду давра – бахши пленарӣ, ки асосан сухатронии табрикотӣ ва баромади меҳмонон ва собиқадорони соҳаи дипломатияро дар бар мегирифт ва бахши маърӯзаҳои илмӣ, ки бо ироаи маърӯзаҳои ҳайати омӯзгорону профессорони факултет анҷом ёфт.

Дар бахши пленарӣ суханронии собиқ Котиби якуми Сафорати ИҶШС дар Афғонистон, Сардори раёсати муҳоҷирати кории хориҷии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, Роҳбари барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ, доктори илмҳои таърих, Латифов Ҷӯра Латифович;

Суханронии собиқ муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия, Подшоҳии Нидерланд, Ҳертсогии Бузурги Люксембург, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва СААШ, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Эркинхон Раҳматуллозода;

Суханронии собиқ муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ, Кордори Фавқулода ва Мухтори дараҷаи аввал, Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода;

Суханронии собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад.М.Осимӣ Мирзоев Ғуломҷон;

Суханронии мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, аввалин декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Самиев Холаҳмад Давлатович шунида шуданд. Дар бахши маърӯзаҳои илмӣ асосан Ҷаъфаров С.Х. – “Пешвои миллат бунёдгузори мактаби нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон”.

Декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ, н.и.т., дотсент;Салимов Ф.Н. – «Внешняя политика Таджикистана: баланс интересов в условиях нестабильности». Заведующий кафедрой дипломатии и внешней политики Республики Таджикистан, к.и.н., доцент; Шарипов А.Н. – “Мушкилот ва дурнамои сиёсати “Дарҳои кушода”. Мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ, н.и.т., дотсент;Самиев Х.Д. – “Самтҳо ва пешомадҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа”.

Мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ, н.и.т., дотсент; Раҳмонов М. – «Дурнамои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатиҳои арабии халиҷи Форс». Мудири кафедраи мутолиоти Шарқи ДМТ, н.и.ф., дотсент;Наҷмиддинов А. – «Махсусияти грамматикӣ дар тарҷумаи дипломатии забони англисӣ ва тоҷикӣ».

Мудири кафедраи мутолиоти Аврупоии ДМТ, н.и.ф., дотсент;Розиқов Ф.М. – «Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон». Устоди кафедраи минтақашносии хориҷии ДМТ, н.и.т., дотсент;Бодуршозода Мералӣ – “Инвестиционная дипломатия – основа достижения Целей устойчивого развития”.

Сардори раёсати таҳлили Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Ризоён Шералӣ Шукрулло – «Роҳандозии ребрендинги Тоҷикистон: тавонмандиҳо ва дурнамо”. Устоди кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии ҶТ, н.и.с., дотсент;Мамадазимов А.М. – «Об актуальности возраждения Шелковой дипломатии».

Дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТ, н.и.с., дотсент;Назаров Бахтиёр –“Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори дипломатияи обӣ”.

Устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии ДМТТупалов Ғозибек – “Ҳамкориҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ”.

Устоди кафедраи мутолиоти Шарқ, н.и.ф., дотсент ва дигарон баромад намуданд.