Сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити мураккаб ва хеле душвори солҳои навад заминагузорӣ шуд. Аммо сарфи назар аз мушкилию монеаҳои ҳамон давра, ба шарофати хирадмандӣ ва фаросати баландии сиёсии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масири рушди ояндаи он дуруст ва дурбинона муайян гардид. Соли 1993 Сарвари давлат дар суханханронии таърихии худ аз минбари баланди Созмони милали Муттаҳид аслҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Дар ин суханронӣ бунёди сулҳпарварона ва хайрхоҳона доштани аҳдофи сиёсати хориҷии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд, ки он баъдан дар пурра шакл гирифтани консепсияи асосии доктринаи сиёсати хориҷии кишвари мо нақши калидӣ бозид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу арҷгузорӣ ба асноди муҳими байналмилалӣ аз қабили Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкӣ, Баёнияи Париж ва ғайра мавқеъ ва мақоми худро дар фазои равобити хориҷии ҷаҳони муосир муайян ва мушаххас намуд. Ин иқдоми муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои вайро барои равобити дипломатӣ бо кишварҳои хурду бузурги ҷаҳон боз намуд. Бо эътирофи санадҳои калидии байналмилалӣ Тоҷикистон собит намуд, ки дар сиёсати хориҷӣ ва дохилии худ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ ва нажодию ҷинси арҷу эҳтироми хоса гузошта мешавад. Ин мавқеи устувори Тоҷикистон барои эътирофи истиқлолияти он аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва аксари давлатҳои дунё замина гузошт.
Дар даҳсолаҳои аввали қарни ХХI аксари кишварҳои бонуфузи ҷаҳон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити дипломатӣ барқарор намуда, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои худро дар Душанбе фаъол намуданд. Ин дастоварди сиёсати хориҷӣ ба ҷумҳурии мо имкон дод, ки равобити бисёрҷонибаи худро бо кишварҳои хурду бузурги Ғарбу Шарқ дар як фосилаи кӯтоҳи замонӣ роҳандозӣ намуда, дар самти сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардад.
Ба узвияти созмонҳои бонуфуз ва муҳими байналмилалӣ пазируфта шудани Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон далели равшани интихоби роҳи дуруст дар сиёсати хориҷӣ, мавқеи устувор, пайдо шудани эътимоду боварӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба кишвари мо буд. Дар солҳои баъдӣ, иқдомҳои муҳиму созандаи сатҳи байналмилалии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо мавқеъ ва нуфузи кишвари моро дар сатҳи ҷаҳон афзуд, балки аслҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар шароити кунунии равандҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва геополитикӣ ба шакл даровард.
Имрӯз кишвари мо бо дарназардошти манофеи миллии худ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои дигарон, сарфи назар аз равандҳои мухталифи геополитикӣ дар ҷаҳони муосир ва хоса дар минтақаи Осиёи Марказӣ сиёсати хориҷии худро пеш мебарад. Аксари муҳаққиқон ва таҳлилгарони масоили сиёсати хориҷӣ, эълони сиёсати “дарҳои кушод”-ро ҳамчун дастоварди муҳим ва дорои дурнамои равшан дар сиёсати хориҷии кишвари мо тавзеҳ менамоянд. Воқеан, иқдоми мазкури сиёсӣ имкон дод, ки дар натанҳо мавқеи Тоҷикистон дар равандҳои сиёсии ҷаҳон ва минтақа мустаҳкамтар гардад, балки иштироку фаъолияти онро дар баррасӣ ва ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва минтақавӣ ба маротиб афзояд.
Аз тарафи дигар, ин сиёсат имкон дод, ки таи даҳсолаи охир равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Ҷаҳони ислом, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ва ғайра ба маротиб афзояд. Дар навбати худ кишварҳои номбурда ба аслӣ воқеӣ ва заминаҳои устувору ояндаи нек доштани сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътимоди комил пайдо карданд. Ҷои таъкид аст, ки мавқеи Тоҷикистон айни замон дар сиёсати хориҷии он санҷидашуда ва прагматикӣ мебошад.
Имруз ташаббусҳо ва талошҳои оқилонаю созандаи Пешвои миллат дар шаклгирӣ ва инкишофи босамари сиёсати хориҷии Тоҷикистон самараҳои худро дода истодааст. Таҳия ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии кишвар, роҳандози гардидани ояндабинии боэътимод дар сиёсати дохилию хориҷӣ, инкишофи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, ҳосил шудани эътимоди комил ба кишварҳои ҳамшарик ва ғайра натиҷаи равшани пиёдагардонии ҳадафҳои ватанпарастонаи Сарвари давлати тоҷикон аст. Аз тарафи дигар, дар раванди амалисозии аҳдофи сиёсии Сарвари давлат мавқею нуфузи Тоҷикистон тадриҷан дар арсаҳои гуногуни байналмилали меафзояд, ки ин воқеан боиси ифтихор аст.
Бояд гуфт ки бар асари рақобатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, равандҳои геополитикӣ дар минтақа ва ҷаҳони муосир мураккаб мешавад. Ба миён омадани мушкилоту проблемаҳои наву ҳассос дар сиёсати байналмилалӣ боиси боз ҳам печидатар гардидани равандҳои геополитикӣ мегардад. Дар чунин шароит, сарфи назар аз ҳаводиси зудҷараён дар равандҳои геополитикии минтақа Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан сиёсати хориҷии худро бо дарки манофеи миллии кишвар ва арҷу эҳтироми шарикони худ пеш мебарад. Ин масъала, воқеан дар шароити бисёр мураккаби имрӯзаи муносибатҳои байналмилалӣ муҳим мебошад.
Таи чанд соли охир мавқеи равшан ва устувори Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва геополитикаи ҷаҳони муосир дар суханрониҳои Пешвои миллат дар мавридҳои гуногун равшан баён гардид. Меъёрҳои асосии сиёсати хориҷии кишвари мо дар шароити кунунӣ бо дарназардошти рушди иқтисодии кишвар, таҳкими сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва минтақа, тақвияти ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ғайра шакл мегирад. Фарҳанги ҳамзистӣ ва ҳамкориҳои судманд бо ҷаҳони муосир асос ва нуқтаи меҳварии меъёрҳои номбурдаи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Кишвари мо дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳпарвару сулҳҷӯ эътироф гардидааст, ки ин барои амалигардонидани ҳадафҳои асосӣ ва муҳими сиёсати хориҷии он мусоидат менамояд. Иштироки фаъолонаи Тоҷикистон ва ташаббусҳои созандаи Сарвари он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир маҳз аз ҳамин мавқеи устувор ва муҳими кишвар сарчашма мегирад. Ин мавқеи ҷумҳурии мо бори дигар дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2022 равшан садо дода буд: “Давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати “дарҳои кушода”-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсиа бахшида, рушд диҳад”. Натиҷаи ҳамин мавқеи равшан ва устувор дар сиёсати хориҷии кишвар аст, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатии худро пеш мебарад. Кишвари мо инчунин, иштирокчии беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад, иштироки фаъолонаи он дар ҳалли мушкилоту масъалаҳои байналмилалию минтақавӣ сол аз сол эътибори онро ба ҳайси яке аз субъектони калидӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ боло мебарад. Илова бар ин, Тоҷикистон бо ибтикороти сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти пешомада ва пешгирии хавфу хатарҳои муосир, ки ба сарнавишти ояндаи нисоният алоқаманда аст, эътибору нуфузи байналмилалии худро меафзояд. Бо ташаббуси кишвари мо ба миён гузошта шудани мушкилоти обу иқлим дар замони муосир ва аз тарафи кишварҳои бонуфуз ва созмонҳои боэътибори байналмилалӣ дастгирӣ ёфтани онҳо далели равшани ин гуфтаҳост.
Тоҷикистон таи даҳсолаҳои охир ба ҳайси кишвари пешбари масоили ҷаҳонии об шинохта шудааст. Ибтикорот ва иқдомҳои Тоҷикистон ва Сарвари он дар сатҳи ҷаҳон масъалаи мудирияти захираҳои обиро ба миён овард, ки он воқеан аз дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварамон дар замони муосир аст. Ташаббуси Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Соли байналмилалии оби тоза” (соли 2003), эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” 2018-2028 (соли 2016) “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (соли 2013) ва ғайра далели иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар амалисозии “рӯзномаи об”- и СММ мебошад.
Метавон таъкид кард, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои ҷаҳони муосир, бо дарназардошти ҳалли одилонаю оқилонаи проблемаҳои глобалию минтақавӣ рушд мекунад ва товсиа меёбад. Бунёди ин сиёсат бар хирад, андеша ва афкори созанда ва инсонгароёнаи Пешвои муаззами миллати тоҷик устувор гаштааст ва он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, тақвияти ҳамкориҳои судманд ва арҷу эҳтиром гузоштан ба манофеи шарикони сиёсӣ, таъмини сулҳу суботи минтақавию ҷаҳонӣ пиёда карда мешавад. Дар сатҳи ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳофар, сулҳпарвар ва инсонпарвар эътироф гардидани Тоҷикистон имрӯз бояд сарчашмаи ифтихороти ҳар як тоҷик ва Тоҷикистонӣ бошад.
Фарзонаи Шамсиддин.
устоди факултети муносибатҳои
байналхалқииДМТ