ПЕШВОИ ҶАВОНПАРВАР

428

Воқеан истиқлолият тавонист дар сарнавишти миллат, тақдири давлат ва роҳи тараққиёти он нақши бузург гузорад. Аз ҷумла дар ҳаёти ҷавонони кишвар дигаргуниҳои азимеро ба миён овард. Азбаски насли ҷавон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкору пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсию иҷтимоии он низ на фақат нерӯи демократии давлатро, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад. Аз ин рӯ, дар шароити соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа бештар таваҷҷуҳ менамоянд.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшан ба назар мерасид. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» нишон дод, ки Президенти кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои асосии худ медонад. Дар ин давра мулоқоти аввалини роҳбари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар 17-уми марти соли 1994 баргузор гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо равандҳои сиёсии давр мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд. Махсусан, бо ташаббуси Президенти кишвар аз соли 1997 квотаи президентӣ ҷудо гардид, ки ин як иқдоми саривақтӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ ва дастгирии ҷавонони донишманду кордон, аз ҷумла, духтарони деҳот буд. Бояд қайд намуд, ки дар муддати то соли 2021 аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар ба 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат 22209 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тариқи квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳоло дар 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қариб 7000 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Дар баробари ин, ҷиҳати ҳавасмандгардонии олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 – уми марти соли 1998 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид, ки аз соли 1998 дар кишвар ҳамасола ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва таҳсил намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз ҳисоби фонди махсуси Сарвари давлат стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд, ки дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 – юми августи соли 2008 ба тавсиб расидааст. Тавассути чунин иқдом ҷавонони зиёде дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади фаъолгардонии насли ҷавони кишвар ва дастгирии шахсони болаёқат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 1998 стипендияи президентӣ таъсис ёфтааст. Аз 1 январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шуд. Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд гардид. Иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷомеа бо хушнудӣ истиқбол намуда, онро нишонаи олии таваҷҷуҳ ба насли ҷавон маънидод намуданд.

Албатта, имконияти фароҳамоварда баҳри рушду инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва ҳамчун шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавони кишвар мусоидат намуд ва ин дар замири онҳо қобилияти нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ ба маротиб боло бурд.

Тавре маълум аст дар шароити муосир таъсири илм ба тамоми самтҳои ҳаёти инсон торафт меафзояд. Кашфиёту дастовардҳои илмию техникии олимони муосир ба ҳаёти мо ва умуман ба тақдири тамаддун таъсири хеле амиқ гузошта истодаанд. Аз ин ҷо зарурати таҳкиму густариши маърифати илмӣ пеш меояд. Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” – ро эълон намуданд. Зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафакури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад. Эълони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», “Илм – фурӯғи маърифат” ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ҳадафи дигари Пешвои миллат аст, ки рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одобу ахлоқи ҳамида, такмили суханварию сухандонӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа беҳтар гардад. Озмунҳои мазкур саривақтӣ будани ташаббуси Ҳукумати мамлакатро собит намуд. Қайд кардан бамаврид аст, маҳз самараи чунин сиёсат буд, ки имрӯз сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии мардум ва алалхусус, ҷавонон низ ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Ҷавонон бо диди нав ба арзишҳои ҷомеа назар менамоянд. Мавқеи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва маънавии ҷомеа ба чашм мерасад.

Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардид ва дар оянда маҳз ҷавонон метавонанд барои рушду густариши онҳо саҳмгузор бошанд. Махсусан, чунин дастовардҳои муҳимтарин, ба монанди давлатдории миллӣ, ваҳдату субот, фарҳанги нави сиёсӣ, ба вуҷудоии имиҷи нави давлатдорӣ дар сатҳи байналхалқӣ ва ғайра аз мо ҷавонон тақозо менамояд, ки ҷавобан ба дастгирию пуштибонии Пешвои миллат зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзу густариши онҳо саҳмгузор бошем.

Дилноза Саидова- донишҷӯи курси дуюми факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон