МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ АМАЛИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

479

Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ яке аз масоилест, ки дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Боиси ифтихори миллати тоҷик ва тоҷикистониён мебошад, ки пойтахти азизи кишварамон – шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Албатта, дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани чунин чорабиниҳо, далели эътирофи баланди Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи инсонӣ мебошад.

Баргузор гардидани конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» дар Тоҷикистон ва хосатан дар кори конференсияи мазкур бо маърӯзаи илмӣ баромад намудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар раванди муқовимат бо чунин падида ва зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Дар кори конфронси мазкур, беш аз 500 ҳайат аз 50 давлати дунё, 28 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ якчанд нуктаи муҳимеро таҳлил ва баррасӣ намуда, ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои минтақаву ҷаҳонро барои муборизаи дастаҷамъона бо падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил даъват намуданд. Пешвои муаззами миллат, сарававвал аз вазъи мураккаби ҷаҳон ёдовар гардида, зикр намуданд, ки «Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад».

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат ба фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён, оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ пайдо намудани чунин амалҳои тахрибкорона ва дарёфти решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм таваҷҷуҳ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки чунин таҳдиду хатарҳо дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро дар бар мегирад. Вобаста ба масъалаи мазкур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои ҷаҳон рӯй оварда, таъкид намуданд, ки террорист ватану миллат надорад ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъӣ ва ҳамбастагиро тақозо дорад.

Вобаста ба масъалаи таҳкими иқтидори кишварҳо ва сохторҳои махсуси онҳо дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳо, ки дар баъзан ҳолатҳо сабаби асосии тундгароӣ шуда метавонанд, инчунин, расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир, ки яке аз омилҳои асосии мубориза бо чунин зуҳуротҳои номатлуби ҷаҳони муосирро ташкил медиҳанд, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати хос зоҳир гардид. Дар ин росто, таъсири амалҳои террористиро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамчун хатар арзбӣ намуда, аз ҳадафҳои муғризонаи онҳо, ки зери шиорҳои бо ном динию мазҳабӣ амалӣ мегарданд ва барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама роҳу воситаҳо истифода менамоянд, таъкид карда шуд.Масъалаи дигаре, ки дар суханронӣ зикр карда шуд вазъи ногувори солҳои 90-уми кишвар мебошад. Таъкид гардид, ки «Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст».

Ҳамзамон, вобаста ба хисороти моливу ҷоние, ки дар заминаи ба сари мардум бор намудани андешаву равияҳои ифротгарову бегона, ки аз берун идора карда мешуданд низ ибрози назар карда, таҷрибаи миллии расидан ба сулҳу субот, инчунин ҳамкории фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ дар ҳалли ин мушкилот баланд арзёбӣ гардид.Нуқтаи дигаре, ки дар суханронӣ мавриди таваҷҷуҳи хоси иштирокчиён гардид, даъвати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кулли кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ, ҷиҳати муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин зуҳуроти харобиовар ва даст кашидан аз истифодаи «меъёрҳои дугона» дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Дар ин замина, таъкид карда шуд, ки «Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад».Масъалаи убури бемамонияти сарҳадҳо, аз ҷониби одамон, маблағҳо ва ақидаҳо, истифодаи гурӯҳҳои террористӣ аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ, зарурати аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ, ва молиявии терроризми байналмилалӣ бошад, бахши муҳими суханронии Пешвои муаззами миллатро дар ҳамоиши мазкур ташкил намуд.

Интиқоли шумораи муайяни аъзои шабакаи байналмилалии террористӣ, аз ҷумла созмони бо ном «Давлати исломӣ» ба қаламрави Афғонистон бошад дар суханронӣ бевосита ҳадафи ноором кардани минтақа арзёбӣ карда шуд. Инчунин зикр гардид, ки «Тоҷикистон — ба ин хотир ва бо дарназардошти аҳамияти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон барои амнияти тамоми минтақа- аз иқдому талошҳои созандаи ҳукумати ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода комилан пуштибонӣ менамояд». Ҳамзамон, қазияи Афғонистонро бошад, натанҳо хоси ин кишвар ё минтақа, балки дорои хусусияти глобалӣ номида, мардуми дусту бародари Афғонистонро бошад ҳамчун ҷабрдидаи ин бозиҳои сиёсӣ ва қурбони кашмакашиҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯи террористиву экстремистӣ арзёбӣ намуданд.

Масъалаи дигари ташвишовар дар суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд бошад, ин масъалаи маблағгузории терроризм ташкил намуд. Дар нутқи Пешвои муаззами миллат манбаъҳои гуногун, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон ва қочоқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз омилҳои асосии мусоидаткунандаи терроризм арзёбӣ гардиданд. Хосатан зикр карда шуд, ки «Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд».

Вобаста ба дарки хатарҳои глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар солҳои тулонӣ аз иқдому талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин ҷода ёдовар гардиданд. Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон дар ин самт низ корҳои мушаххасро анҷом дода, ҳануз соли 1999 бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа таъсис дода шуда, дар соли 2013, Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои давраи то соли 2020 таҳия ва қабул намудааст. Албатта, таъсис ва қабули чунин ниҳод ва стратегияҳо, намунаи дар сафи пеши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштани Тоҷикистон мебошад, ки далели гуфтаҳои мазкур тайи 20 соли сипаришуда аз муомилоти ғайриқонунӣ баровардани зиёда аз 125 тонна маводи нашъаовар, коҳиш ёфтани қоҷоқи маводи нашъаовар тавассути Тоҷикистон, зиёда аз ду баробар кам шудани шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ин амал дар хориҷ аз кишвар дастгир шудаанд ва то шаш баробар кам шудани миқдори мухаддироти аз онҳо мусодирашуда буда метавонанд.

Инчунин Пешвои муаззами миллат, тақвияти раванди мубодилаи иттилоот, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдор, таҳкими сарҳаи давлатӣ, расонидани мусоидат ба кишварҳое, ки дар саргаҳи мубориза бо чунин зуҳуротҳои номатлуб, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доранд, амри зарурӣ номида, дар ин замина чанд пешниҳоди мушаххасро низ аз ҷумла, зарурати таъсисёбии гурӯҳи хоссаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои “Масири шимолӣ” бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷалби коршиносони марбута ҷиҳати гузаронидани тадқиқоти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, манзур намуданд.

Бояд зикр намуд, ки суханронии Пешвои муаззами миллат дар конфронси мазкур, ки фарогири дарёфти роҳҳои асосии ҳалли таҳдиду ҳатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил мебошад, аз ҷониби беш аз 200 шабакаҳои телевизионии миллию давлатӣ ва байналмилалӣ намоиш дода шуд. Албатта, табиист, ки муҳтавои суханронӣ дар доираҳои коршиносони соҳа, марказҳои илмию таҳлилӣ низ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз субъектони фаъоли муборизабаранда бо чунин падида ва унсурҳои номатлуби ҷомеа, алалхусус терроризм ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ мебошад, имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми чораҳоро меандешанд ва нақша-чорабиниҳои мушаххасро низ вобаста ба тадбиқи амалии нуқтаҳои суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши мазкур ба тасвиб расонида, ба сохторҳои таркибии муаззафи хеш дар ин самт ирсол намудааст.Хулоса, ҳамоиш дар ду бахш ҷараён гирифта, дар он масъалаҳои вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавии дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, инчунин кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати пешгирӣ аз даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, ки ба терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ алоқаманд мебошанд, баррасӣ гардиданд.

Ҳ. Мирзоев, устоди ДМТ