ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СИЁСАТИ ХОРИҶӢ: аз музаффариятҳо то таҳкими ҷойгоҳи ҷаҳонӣ

402

То имрӯз кишвари соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои байналмилалии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ ба музаффариятҳои беназир даст ёфта, бо иқдомоти башардӯстона ҷойгоҳи ҷаҳонии худро таҳким бахшид.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад, тавонист бо соири кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ҳамкорӣ ва муносиботи ҳасанаро ба роҳ монад. Нуфузу эътибори имрӯзи байналмилалии Тоҷикистон дар ҳолест, ки сарфи назар аз мушкилоти сангини солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоб ё тарҳи сиёсати муваффақонаи хориҷӣ қадамҳои устувор гузошт. Маълум аст, ки даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ, асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъи бамиёномада ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд ва дар баробари гузаштан аз ин марҳилаи печида Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯйи тамоми кишварҳои олам боз намуд. Бо қабули аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узвияти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ равобити дипломатӣ ва муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо давлатҳои хориҷиву созмонҳои мухталиф оғоз бахшид.Мусаллам аст, ки дар раванди шаклгирии давлати навини тоҷикон ва касби эътибори байналмилалии он нақши дипломатияи миллӣ бисёр муассир аст. Ҳарчанд мо дар оғоз ниҳод ё сохтори мукаммали татбиқкунандаи сиёсати хориҷиро надоштем, имрӯз аз файзи хирад ва барномарезиҳои дурбинонаи Сарвари давлат чунин ниҳоди дорои иқтидори кофӣ дар мисоли Вазорати корҳои хориҷиро дорем, ки рисолати худро муваффақона анҷом медиҳад. Дар ин робита, мантиқан дуруст аст, агар гӯем, ки сиёсати хориҷии мо барқарории равобити байналмилалӣ, ва умуман, роҳандозии фаъолияти дипломатӣ танҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, ки барҳақ Пешвои миллат меъмор ва бунёдгузори он мебошанд.Роҳи пурифтихори тайкардаи давлати мо ва дипломатияи тоҷик тайи 31 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳамвору осон набуд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун роҳбари Тоҷикистон равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии кишвар, балки ҳамчун заминаи муҳими таъмини амният ва суботи давлат муайян намуданд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуданд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҷоди қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда имконнопазир аст. Ин аст, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии бисёрсамтаи хеш ба таъмини ҳамкорӣ бо созмону ниҳодҳои байналмилалӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ афзалият медиҳад. Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати санҷидашудаи хориҷӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати дунё равобити дипломатӣ барқарор намуда, барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои худро дар хориҷ аз кишвар таъсис дод.Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд, ки ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлати Тоҷикистон дар асри ХХI барои аҳли башар ва таъмини ҳаёти арзандаи инсоният хидмат мекунанд. Чунончи, то ҳол чаҳор ташаббуси ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2003 – Соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарм пайдо намудааст. Зеро ҳадафҳои меҳварии ин ташаббусҳо рафъи мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла норасоии об ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим аст, ки дар сурати бетаваҷҷуҳӣ метавонанд фоҷеаҳои инсониро ба бор оранд, ташкил медиҳанд. Аз сӯи дигар, аҳамияти ташаббусҳои Президенти маҳбуби кишвар вобаста ба об дар он зоҳир мегарданд, ки пеш аз ҳама ба таҳким ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронда шуда, назари навро дар истифодаи захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон ташвиқ менамоянд ва барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор заминаи пойдор мегузоранд.Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ибтикороти Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон баёнгари мавқеи хоссаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯйи баланди Президенти Тоҷикистон дар маҳофили сиёсии ҷаҳон мебошад.Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, бо шурӯи рисолати олии тамаддунсозии хеш, бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва фарҳанги муосири сиёсӣ фасли тозаеро дар таърихи давлатдории дерини худ бинависад.Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барномаҳои густурда рушду тавсеа амалӣ мегарданд.Сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозӣ ва ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар айни замон бо ҳамаи марказҳои муҳими қудрат дар ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун ва баробар дошта бошад. Зеро сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати воқеъбинона буда, ҳамзамон, бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар тамоми фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад. Зимнан, тамоми намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвари мо дар хориҷ ба манзури ҳифзи манфиатҳои стратегии мамлакат, ки ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ ба шумор меравад, талош меварзанд. Ҳамчунин, ба назар мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ азму иродаи давлати моро дар заминаи ташаббусҳои созандаву некбинона, нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона ба масоили глобалии муосир ва иштироки фаъол дар ҳалли онҳо эътироф мекунанд, ки чунин навъи нигариш дар оянда низ ба тавсеаи равобити созанда бо соири кишварҳои олам ва нақшофарии бештари мамлакати мо дар сиёсати байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.Итминони комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як кишвари фаъол дар ҳалли масоили глобалӣ ва дорои равиши хоси дипломатӣ ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар даст меёбад ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми боз ҳам шоистаро касб менамояд.

Рӯзномаи “Ҷумҳурият, № 190 (24549) соли 98-уми нашр 4 октябри соли 2022

Сироҷиддин МУҲРИДДИН, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон