«Роғун» — мабдаи рушанӣ дар муқобили зулмат

422

Имрӯз ҷаҳони мутамаддин шоҳиди воқеии ҷаҳоншумулии тоҷикон ҳамчун миллати ободгару созанда ва хайрхоҳи инсоният аст. Таҷрибаҳои илмие, ки дар бунёди бузургтарин иншооти аср — Неругоҳи барқи обии Роғун ба даст омадааст, худ таҷрибаҳои ҷаҳониву нодир буда, он сармояи бузург ва қудрати тавоное алайҳи нотавонбинони Ватан ва хоинони миллат аст.

Воқеан дар таърихи халқҳо ва миллатҳои ҷаҳон санаҳои таърихие вуҷуд дорад, ки чунин санаҳои таърихӣ барои инсоният комгориву саодат ва рушдро ба армуғон овардааст. 16 ноябри соли 2018 барои халқи шарифи Тоҷикистон ва ин миллати мутамаддину тавонманд як рӯзи азизу муқаддас ва оғози таърихест, ки дар чунин рӯз сарнавишт барои миллати тоҷик иқболи нек ва таҳаввулотеро барои ояндаи пурнуру дурахшон ба вуҷуд оварда дар чунин рӯз нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода шуд.

Бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба замоне рост меояд, ки ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар гирифтори буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ ва экологиву геополитикӣ буда, бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун худ бунёди низоми нави энергетикиву экологӣ ва саҳифаи наве дар таърихи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Неругоҳи барқи обии Роғун бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Марказӣ буда, аз дидгоҳи ҷуғрофӣ бесобиқатарин неругоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Фалсафа ва азамати Неругоҳи барқи обии Роғун дорои ҷамбаҳои гуногуни беҳсозии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, пешгирӣ аз тағйирёбии босуръати иқлим, ҳифзи пиряхҳои таърихии Осиёи Марказӣ, нигоҳдорандаи таъодул ва тавозун дар боду ҳавои экологии минтақа аст.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми ифтитоҳи нахустин агрегати неругоҳ гуфта будан: «Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад».

Неругоҳи барқи обии Роғун, пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи неругоҳҳо, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3 600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа мебошад. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии Норак якуним баробар зиёд мебошад.

«Роғун»-ро Сарвари давлат ҳаёту зиндагии мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани неругоҳ рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аст ва он дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Зеро барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан конеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад». Таъкид намудаанд Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба хотири таъмини рушди устувор тамоми захираву имконияти мавҷударо барои бунёди неругоҳҳо сафарбар намуда, дарк мекарданд, ки Неругоҳи барқи обии Роғун омили муҳимтарини пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистон мебошад.

Ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат истиқлоли энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз ифтитоҳи агрегатҳои якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии Роғунро зиёда аз 200 нафар хабарнигорони воситаҳои ахбори омма аз кишварҳои Россия, Германия, Италия, Япония, Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ӯзбекистон, Британияи Кабир ва Давлати Қатар инъикос намудаан. Барои инъикоси мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун давоми солҳои 2018–2019 хабарнигорони бузургтарин шабакаҳои телевизионии ҷаҳон агентии иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаи телевизионии NHK-и Япония, Russia Today, НТВ, Мир, РБК, Россия 24 ва шабакаи якуми Федератсияи Россия, ССТV-и Хитой, шабакаи телевизионии Al Jazeera-и Давлати Қатар, Ӯзбекистон 24, BBC, New York Times ва Wall Street Journal-и ИМА, Агентии иттилоотии Xinhua даъват шуда буданд, ки ҷараёни ба истифодадиҳии агрегати аввали Неругоҳи барқи обии Роғун мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радио пахш гардида, рафти кори онро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ низ ба таври мустақим инъикос карданд.

Неругоҳи барқи обии Роғун майдони мардонагиву ҷасорат ва маркази тарбияи мутахассисони соҳаи энергетикаи тоҷик ба шумор рафта, нишонаи иттиҳод ва сарҷамъии миллат аст ва пояҳои истиқрору ягонагиро бо нури поку мусаффои хеш дар ҳудуди кишвар таҳким мебахшад. Бояд гуфт, ки бунёди пурраи ин кохи нур роҳи асосии ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил шудани Тоҷикистон буда, омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, сабаби таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии сокинони кишвар мегардад.

Дар ҷаҳони муборизаҳои матбуотӣ ва зуҳури нав ба нави шабакаҳои хабарӣ ва ниҳодҳои таҳлилии иттилоотӣ зиндагӣ мекунем. Дар имрӯза шароити таҳаввулоти нав дар фазои технологияи иттилоотӣ ва табдил гаштани ҷаҳон ба як деҳкадаи хурди пур аз дигаргуниҳои фикриву равонӣ ва фарҳангиву сиёсӣ нақши расонаҳои хабариву таҳлилӣ аз тағйирпазирӣ ва дигаргунсохтани афкори оммаи халқҳо ва миллатҳои олам бузург буда, марҳалаи нави ҷаҳонисозӣ нишон медиҳад, ки таъсири фазои маҷозӣ ва ниҳодҳои хабарӣ дар раванди таҳкими сулҳу осоиш ва ҳифзи демократияву озодӣ ва ҳақталабии бисёре аз аҳолии ҷаҳон нақши муаассир гузоштааст. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як фарди ин мамлакат – роҳбару коргар, омӯзгору табиб, муҳандису сохтмончӣ, соҳибкору ҳунарманд, пиру ҷавон бо дарки вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир дар гирди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яктану муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз ваҳдату якпорчагии миллат, рӯзгори ободу осоишта, якдиливу якмаромӣ баҳри пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, ободии сарзамини худ, пешрафти иқтисоди миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки давлату ҳукумат, аз ҷумла пурра ба фаъолият шурӯъ намудани иншооти муҳими аср – Неругоҳи барқи обии Роғун бо азму талоши дучанд камари ҳиммат бандем.

Бояд гуфт, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дар ҷаҳони муосир ва асри ҷаҳонишавӣ ҳар рӯз рӯзи мондагору таърихӣ аст, яъне ҳамарӯза саҳифаҳои нав дар таърихи миллати тоҷик боз мегардад. Ва боз як саҳифаи нав дар таърихи энергетикаи Тоҷикистон ва иқтисодиёти миллии мо боз шуд.

Роғун калиди ганҷи саодат ва кӯҳи баланде аз ҳақиқату адолат буда, он рушании абад барзидди торикиву зулумот ва қудрати тавонои тоҷикон барзидди душманони миллат аст.

Парвин Нуриддин, и.в. мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ.

Фатҳиддини Замон, рӯзноманигор.