Монографияи дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Дониш-гоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ НУРИДДИН Парвин Раймалихон «Асосҳои сиёсати давлатии кадрҳо», ки бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп тавсия гардидааст, дар ҳаҷми 220 саҳифа ба чоп расид.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд «… мо яке аз самтҳои нозуки рушди ҷомеаи тозаистиқлолро ба дуруст муайян намудани сиёсати кадрӣ маҳсуб донистем. Сиёсати кадрӣ ва ё ба ибораи дигар, дуруст пайдо намудани неруи ақлонии лозима ва ба таври зарурию самаранок истифода намудани он вазифа ва мақсади аввалиндараҷаи ҳар як давлат аст. Аз назарияҳои мутахассисон бармеояд, ки рӯйи кор омадани кадрҳоро набояд интизор шуд, балки онҳоро бояд тарбият кард ва аз қишрҳои гуногуни ҷомеа пайдо намуд».
Дар монография заминаҳо, захираҳо ва асосҳои назариявию методологии таҳқиқоти сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмиши шаклӣ ва моҳиятии мавзӯъ, ташаккули назарияи сиёсати давлатии кадрҳо, ҳамзамон, хусусиятҳои инкишофи сиёсати давлатии кадрҳо дар ҷумҳурӣ ва таҳлили муқоисавии сиёсати кадрҳои давлатҳои тавоно мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор гирифтаанд.
Нуктаҳо, хулосаҳо ва тавсияҳо метавонанд барои таҳқиқоти минбаъдаи соҳаи мазкур муфид бошанд ва дар фаъолияти амалии мақомоти ҳокимияти иҷроия ҳангоми ташаккули консепсияи соҳавии сиёсати кадрӣ истифода шаванд.
Асосҳои методологии монографияро асарҳои намояндагони мактабҳои гуногуни илмии – Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд. Мактаби сиёсатшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳқиқи сиёсати давлатии кадрҳо давраи ташаккулро сипарӣ менамояд ва монографияи мазкур яке аз кӯшишҳои аввалин ба шумор меравад.
Забони сода ва оммафаҳми китоби мазкур имкон медиҳад, ки он барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷолиб ва мароқовар бошад ва дар ҷараёни таълими илмҳои сиёсӣ мавриди истифода қарор гирад.