МАҚОМИ АВВАЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУТЕТ ДАР МУСОБИҚАИ ДОНИШГОҲӢ

388

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май миёни донишҷӯёни бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқаҳои варзишии валейбол ва тениси рӯйи миз роҳандозӣ гардид.

 Бояд гуфт, ки яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён мебошад, ки он дар самтҳои мухталиф ҳамоишҳои гуногунсамтро доир менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Иттифоқҳои касаба бо робитаҳои мустаҳками худ бо оммаи меҳнаткашон пурқувват аст, зеро ҳомии боэътимоди ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошанд».

 Дар партави ин дастуру супоришҳо Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишии валейбол ва тениси рӯйи мизро барои дарёфти Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир намуд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни донишҷӯёни донишгоҳ мебошад.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур, ки дирӯз баргузор гардид, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М. иштирок намуда, аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат оид ба соҳаи варзиш ёдовар шуд. Мавсуф иброз намуд, ки тавассути фарогир сохтани варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он мо метавонем барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварем.

 Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди валейбол дастаи факултети МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ сазовори ҷойи якум, дастаи факултети геология сазовори ҷойи дуюм ва дастаи факултети фарматсевтӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибон аз ҷониби муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М. ва дигар шахсони масъул бо Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ , медал ва Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.