Ҳисобот аз рафти конференсияи донишҷӯёну магистрантони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз 21 апрели соли 2022

424

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии донишҷӯёну магистрантони ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026)» ва «Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ аз 20-ум то 27-уми апрели соли 2022 дар доираи барномаи махсус доир мегардад.

Дар асоси барнома, конференсияи донишҷӯёну магистрантони кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми апрели соли 2022, соати 9:00 доир гардид.

Дар маросими кушодашавии конференсия баромад намуданд: декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ н.и.т., дотсент Самиев Х.Д.; мудири кафедра н.и.т., дотсент Салимов Ф.Н.; муовини декан оид ба илм Басиров Б.С., раиси конференсия н.и.т. Анвари Сафарӣ.

Дар конференсия ҳайати устодон, магистрон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар конференсия 14 донишҷӯй ва 7 магистрон бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд, ки ба мавзӯъҳои мубрами муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақа ва давлатҳои ҷаҳон бахшида шуда буданд. Маърӯзаҳо асосан дар асоси мавзӯъҳои корҳои курсии донишҷӯён, рисолаҳои хатм ва магистирӣ омода шуда буданд.

Дар раванди баргузории конференсия миёни донишҷӯён доир ба масъалаҳои асосӣ баррасиву муҳокимарониҳо сурат гирифта, доир ба ҷанбаҳои таърихӣ ва муосири зуҳури ин ё он падида дар муносибатҳои байналхалқӣ саволу ҷавобҳо доир гардиданд.