Боздиди донишҷӯён аз “Кохи Наврӯз”

414

Санаи 15 апрели соли 2022 дар доираи омӯзиши фанни “Таърихнигории Осиёи Марказӣ” Устоди дарсдиҳанда номзади илмҳои таърих муаллими калони кафедра, ҷиҳати шиносоии донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси минтақашиносии хориҷӣ, ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои модии миллати тоҷик ба ҶДММ “Кохи Наврӯз” ташриф оварданд.

Дар рафти шиносоӣ ба кохи мазкур роҳбалади он Раҷабова Барно, ба донишҷӯён оид ба беҳамто будани нақшу нигори дар толорҳои Кохи боҳашамати Наврӯз нигошташуда ва арзишмандии онҳо, санъати меъморӣ ва саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қайд намуданд.

Инчунин гуфта шуд, ки баргузории ҳамоишҳои бузурги сатҳи минтақавӣ ва байналхалқӣ, аз қабили ҳамоишҳои СҲШ, МҲТБО ва дигарон дар Кохи Наврӯз ба муаррифии шоистаи кишвари мо дар сатҳи байналхалқӣ мусоидат менамояд.

Ҳангоми муаррифии ҳар як толори Кохи Наврӯз ва инъикоси волои арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ аз тарафи роҳбалад, донишҷӯён зери таъсири амиқ қарор гирифта дар зеҳни онҳо ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллати бофарҳанги тоҷик пайдо гардид.

Суратҳисобот аз рафти ташрифи донишҷӯён ба ҶДММ “Кохи Наврӯз”: